Эй дӯст (шеър барои дуст)

Аз мо чи бадӣ бидидӣ, эй дӯст,
Якбора зи мо буридӣ, эй дӯст?

Сар бар хати ту ниҳода будам,
Сар аз хати мо кашидӣ, эй дӯст

Уммед чунин набуд аз ту,
Моем ба ноумедӣ, эй дӯст.

Хун кард ба дил дусад таманно,
Ранге, ки ду оваридӣ, эй дӯст.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Аз суҳбати мо кашида доман,
Дар маҳфили кӣ расидӣ, эй дӯст?

Аз сояи мо рамида рафтӣ,
Паҳлӯи кӣ орамидӣ, эй дӯст?

Охир, на ту оҳу, мо палангем,
Аз Хаста чapo рамидӣ, эй дӯст?

Холмуҳаммади Хаста


Эй дуст, шеър барои дусти, дустӣ, шеър  дар васфи дуст, дустам, дусти азиз, шеъри точики.