Мулоқоти якум (Порча аз достони «Чароғи абадӣ»)

Назми мазкур порчае аз достони «Чароғи абадӣ»-и Мирзо Турсунзода аст.

Мулоқоти якум

Сахар шуд, шаҳр ҳам омад ба таҳрик,
Мунаввар шуд фазоӣ куҳи тоҷик.
Ба тан пушила ҷелак, – ҷомаи суф
Дигар ташвишҳоро монда мавқуф.
Фитодам дар чаҳони серҷанҷол,
Ба дунёи пур аз фарёди атфол.
Чӣ дар хона, чӣ дар роҳрав – каридор,
Ба гушам мерасид овози бисёр.
Яке фарёд лулакпеч мезад,
Дигар поро ба по бе хеҷ мезад.
Яке чашмони худ накшода ҳоло,
Ғизо меҷуст во карда даҳонро.
Садое, ки ба ҳар як тифл хос аст,
Ба модар з-аввалин соат шинос аст.
Чӣ сон нашносад овози дилашро?
Давоми умр, парвози дилашро?
Ба модар нури чашмонаст фарзанд,
Даванда реша дар ҷонаст фарзанд.
Гирифта доя тифлеро дар оғуш,
Баромад аз даре мағрур, хомуш.
Агарчӣ доя ҳоло худ ҷавон буд,
Валекин кудаконро меҳрубон буд.
Расад рӯзе, ки худ фарзанд бинад,
Чу модар назди фарзандон нишинад.
Дилаш хоҳад, ки бошад шоду хурсанд,
Набинад хеҷ дарду доғи фарзанд.
Назар кардам ба тиллоранг мӯяш,
Ба чашмони кабудаш, сурх рӯяш.
Чунин духтар, чунин симои хушгил,
Кӣ медонад, киро хуш карда дар дил?
Дар ин хона – таваллудгоҳи инсон,
Нигаҳ кардам ба рангоранг тифлон.
Яке бе муӣ буду сап-сафедак,
Дигар мӯи сияҳ буду печ-печак.
Яке ором, дигар бесаранҷом,
Яке шакле гирифта, дигаре хом.
Ба хона, аз қафои як тиреза,
Нигаҳ мекард марде бо ситеза.
Ба кин муи лабашро тоб медод,
Қасам бар хулқу бар одоб медод.
Кушода чашмро чун шоҳкоса,
Занашро таъна мезад он, хулоса.
Ба ман гуфтанд, ки аз зан қимоб аст,
Зи духтар зодани зан дар азоб аст.
Намехохад, ки бинад духтарашро,
Муборакбод гуяд модарашро.
Ба дил гуфтам, ки: «Ҷохил мард будаст,
Тани моро нишаста гард будаст».
Ба ҷои ӯ сано гуфтам худи ман,
Ба ин навзод духтарча, ба ин зан.
Сано гуфтам ба занҳое, ки имрӯз,
Ба кори мамлакат ҳастанд дилсуз.
Сано гуфтам ба фарзанди ҷигарбанд,
Ба ҳар як модари дороӣ фарзанд.
Яқин дорам, ки ин духтарчаи нав,
Шавад фардо ба модарҳош пайрав.
Азизи халқ, донишманд гардад,
Ба кори судовар банд гардад.
Агар марде шавад пайдо, ки онро
Кунад таҳқир, ранчонад зан онро.
Чунин номардро нодон шуморад,
Ба дарё ташна бурда, ташна орад.
Ба момо духтам чашмони худро,
Гирифтам дар шиканҷа ҷони худро.
Рухи момо ба чашм осуда бинмуд,
Нигоҳе карду лаб бо ханда бикшуд:
«Падар гаштед як тилло писарро,
Муборакбод мегуям падарро.
Саломат модараш, ҷонаш раҳо ёфт,
Ба бахташ кудакӣ олампано ёфт».
Ё туро бахти сиёҳат рондааст?
Боди афғонӣ магар паррондааст?
Ё касе гуфтат, ки дар Ҳиндӯстон
Ризқи инсон аст чун оби равон?
Ҳар чӣ мехоҳӣ, ту пайдо мекунӣ,
Нозу неъматҳо муҳайё мекунӣ.
Меравад дар ҷуйхояш ҷои об,
Дар тамоми фаслҳо ширу шароб.
Балки овардӣ ту ҳангоми сафар.
Ҷаннати афсонавиро дар назар.
Ин замин кардаст аз даври куҳан,
Фикри оламро асири хештан.
Хуб медонам, ки суи ин диёр,
Н-омадӣ, монанди қавми судхор
Н-омадӣ, то ки ҷахонгирӣ кунӣ,
Зулми нав бахшию ҷонгирӣ кунӣ!
Н-омадӣ то хуни ҳиндуро хурӣ,
Бахти бад орию нафъи сад барӣ.
Омадӣ ёбӣ ту нони хешро,
Зинда дорӣ хурд ҷони хешро.
Гушнагӣ партофтат бехайру хуш,
Дар паси куҳи баланди Ҳиндукуш.
Эй ҷахонгарди ҷавони кобулӣ,
Кудаки хурдию дар ҳукми гулӣ.
Ҳам падар, ҳам модари бекори ту,
Чашм баста дар раҳи бозори ту.
Мисли ту, сайёҳи хурдӣ номурод,
Дар ҷавонӣ ман надидам рӯзи шод.
Мешунидам аз падар шабҳои тор,
Мисли ту афсонаҳои бешумор.
Ӯ ба ман мегуфт: «Дар самти ҷануб,
Кишваре бисёр зебоясту хуб.
Сурати он мамлакат дигар бувад,
Обхояш нуқра, хокаш зар бувад.
Пасттар ҳар сол гардад Офтоб,
Як кади найза ба руи хоку об».
Ман акнун аз мулки хуррам омадам,
Чун вакили халқӣ аъзам омадам.
Хеҷ шунидӣ, ки баланд аз саҳоб,
Сайркунон лона гузорад уқоб.
Ин ҳамаро бинӣ ту дар Ҳиндукуш,
Дар сари куҳи баланди нуқрапуш.
Гашта дар ин ҷо ватани ҷонварон
Бойтарин сайдгаҳе дар ҷаҳон.
Наъраи фил ояду бабру паланг,
Савти хуши булбулакон ранг-ранг.
Ҳаст замини захи пур аз мағок3,
К-аз нами ӯ мешавад одам ҳалок.
Маймуни посухта, думсухта,
Кирми чу гавҳар ба шаб афрухта.
Ин ҳама дар бешаи Ҳиндӯстон,
Воҳиманоканд ба пиру ҷавон.
Гар биравӣ ту ба тамошои боғ,
Мекунӣ аз буӣ муаттар димоғ.
Ин ҳама дар домани ганг аст,
Ганг, қиссаи шурафкани Ганг аст,
Ганг, нақл намоянд, ки аз Fapбӣ тор,
Кард сафар бандаи кибру викор.
Дар бари худ карда либоси сафед,
Ҷоӣ ба дил дода умеди палид.
Қувваи пурҷозибаи ин диёр,
Кард дили мардаки ғарбӣ шикор.
Дағдағаи ӯ зи ҳад афзун бувад,
Аз хиради одамӣ берун бувад.
Дар дили ӯ хеҷ надорад асар,
Хубии ин мамлакати хокзар.
Абри баланди сари ин куҳи пир,
Лаззати парвози уқоби далер.
Меравад аз пайраҳаи кучабоғ,
Зиннати он боғ накарда cypoғ.
Мегузарад аз бари вайронаҳо,
Мадрасаю обидаю4 хонаҳо.
Мегузарад ӯ нанамуда назар,
Бо хаячони дилу шавқи ба cap.
Ишқи гулу нолаи булбул асар,
Хеҷ надоранд ба ин раҳгузар.
Пайкари он гарчи чу хокистар аст,
Лек ниҳон дар дили ӯ ахгар аст.
Гарчи ба ғopaт равад ин сарзамин,
Боз дар он ганҷи равонро бубин.
Меҳнати деҳқонписару коргар
Аз ҳама ашёи ҷахон муфттар.
Ин магар афсонаи Бангола аст?
Қиссаи бадбахтии садсола аст?
Мегузарад мағрибии худписанд,
Карда сару бинии худро баланд.
Бозикунон чуб-асоро ба даст,
Шому сахар роҳ равад мисли маст.
Баҳри чӣ ин мағрибии дилсиёҳ
Карда ҳарисона ба Машриқ6 нигоҳ
Бурд дилашро магар ин сарзамин,
Буи хуши ин чамани нозанин?
Ё ҳаваси дидани бӯзинаҳо,
Ё ба каф овардани ганҷинахо?
Нақл намоянд, ки аз ғарби тор,
Кард сафар одами бенангу ор.
Ном баровард ба сангиндилӣ,
Тухми ситам коштану ҷохилӣ.
Дар дили ӯ хеҷ надорад асар,
Нолаю фарёди падар ё писар.
Зиннати боғу чамани дилфиреб,
Руи гулу савти хуши андалеб.
Бо сари пур фитнаю бо карруфар,
Мекунад аз байни халоиқ гузар.
Мекунад ин гарбии пубахми
Дасти тамаъро суи ҳинду дароз:
«Дурри гаронро ба кафи ман бинеҳ
Зар бидеҳу зар бидеҳу зар бидеҳ».
Мегузарад дуртар аз издиҳом,
Бе назари диққату бе эҳтиром.
Гоҳ намоён шавад ӯ чун сипоҳ
Гоҳ ба монанди гадоёни роҳ.
Гоҳ чу як гурбаи пояндамуш,
Гоҳ гурезанда чу муши хамуш
Ҳар чӣ ки мехост дар ин сарзамин,
Пурра даровард ба зери нигин.
Пусти рубоҳу палангон гирифт,
Ҳосили сарпанҷаи деҳқон гирифт.
Нуқраву тилло зи дили кон гирифт.
Тоқату ороми фақирон гирифт.
Ҳукми вай имрӯз агарчӣ равост,
Пояи ин ҳукм вале бебақост!
Фурсати он аст, ки ин «меҳмон»,
Тарк кунад кишвари Ҳиндӯстон.
Чунки дар ин мамлакат ин зарпараст,
Ҳеҷ ба чизи дигаре дил набаст.
Сар назад аз мағрибии бекарам,
Чизи дигар ғайри ҷафою ситам.
Тир назад мағрибии дил сиёҳ
Ҷуз ба дили халқ дар ин сайдгоҳ.
Гарчи дусад сол дар ин хона монд,
Боз ба ин оила бегона монд.
Ҳукми вай имрӯз агарчи равост,
Пояи ин ҳукм вале бебақост!


Калимаю ибораҳои тоза

  1. Бангола – вилоятест дар Ҳиндӯстон.
  2. Паранд – ҳарир, либосвории тунуки нафис.
  3. Мағок – чуқурӣ, ғop, яъне мавзеи чуқури ифлос.
  4. Обида – мақбара.
  5. Тоҷмаҳал – қасри муҳташам, ки дар асри XVII бино ёфтааст.
  6. Машриқ – Шарқ.

Мулокоти якум, (Порча аз достони «Чароги абади»), Достони чароги абадии Мирзо Турсунзода на таджикском,  Чароги абади.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣИнтизорӣ (Порча аз достони «Чароги абади»)
БаъдӣЭраҷ Мирзо (1874-1926)