Ҳаққи падару модарро бояд шиносем!

Андар шинохтани ҳаққи падар ва модар

Бидон, эй писар, ки аз муҷиби хирад бар фарзанд воҷиб аст… худро ҳурмат доштан ва тафаққуд1 кардан ва низ воҷиб аст асли худро тааҳҳуд2 кардан ва ҳурмат доштан ва асли ӯ ҳам падару модар аст. То нагӯйӣ, ки падару модарро бар ман чӣ ҳақ аст, ки эшонро ғараз шаҳват буд, на мақсуд ман будам. … музоифи шаафи (яъне хурсандии аз ҳад зиёд) эшон аст, ки аз баҳри ту хештанро ба куштан диҳанд … ва он фарзандро, ки модом хирад раҳнамуни ӯ бувад аз ҳақ ва меҳри падару модар холӣ набошад…

Ва зинҳор, эй писар, ки ранҷи дили падару модар нахоҳӣ ва хор надорӣ… Ҳаққи падару модар агар аз рӯйи дин нанигарӣ, аз рӯйи хирад ва мардумӣ бинигар… Чун ту дар ҳаққи эшон муқассир3 бошӣ, чунон бувад, ки ту сазои некӣ набошӣ ва он кас, ки вай ҳақшиноси асли некӣ набошад, некии фаръро4 ҳам қадр надонад. Ба носипосон некӣ кардан аз хирагӣ бувад ва ту низ хирагии хеш маҷӯй ва бо падару модари хеш чунон бош, ки аз фарзандони хеш тамаъ дорӣ, ки бо ту бошанд, зеро ки он ки аз ту ояд, ҳамон тамаъ дорад, ки ту аз вай зодӣ, ба масал одамӣ ҳамчун мева аст ва модару падар ҳамчун дарахт. Ҳарчанд дарахтро тааҳҳуд беш кунӣ мева аз вай накутар ва беҳтар ёбӣ. Ва чун падару модарро ҳурмату озарм5 беш дорӣ, дуову офарини эшон дар ту асари бештар кунад ва мустаҷобтар (яъне қабул шудани мақсуди дуо ба даргоҳи Худои мутаол) бувад … ва ба хушнудии эшон наздиктар бошӣ.

Ва зинҳор, ки аз баҳри мерос марги падару модар нахоҳӣ, ки бе марги падару модар он чӣ рӯзии ту бошад, ба ту бирасад…

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба касе манигар, ки ҳоли ӯ беҳтар аз ҳоли ту бошад, ба касе нигар, ки ҳоли ӯ аз ҳоли ту бадтар бошад…

Агар ба мол дарвеш гардӣ, ҷахд кун то ба хирад тавонгар бошӣ, ки тавонгарии хирад аз тавонгарии мол беҳтар бошад ва ба хирад мол тавон ҳосил кард ва ба мол хирад ҳосил натавон кард. Ва ҷоҳил аз мол зуд дарвеш гардад ва хирадро дузд натавонад бурдан ва обу оташ ҳалок натавонад кардан. Пас агар хирад дорӣ, бо хирад ҳунар омӯз, ки хирад бе ҳунар чун тане бошад бе ҷома ва шахсе бувад бе сурат, ки гуфтаанд: «Аладабу сурат-ул-ақли» (яъне: адаб нишонаи хирад аст.)

Аз “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус


Луғат

  1. Тафаққуд – парасторӣ, ғамхорӣ.
  2. Тааҳҳуд – ба маънои нигоҳбонӣ.
  3. Муқассир – гунаҳгор.
  4. Фаръ – сохта, дуюмдараҷа.
  5. Озарм – эҳтиром.

Хакки падару модарро бояд шиносем!, Андар шинохтани хакки падар ва модар, Аз “Кобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус,

ҚаблӣҲадя ба модарон
БаъдӣИди Курбон – 2024

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед