Иди Рамазон – 2025 (сана ва нияти намози иди Рамазон)

Дар ин мақола маълумот дар бораи Иди Рамазон, санаи дақиқи таҷлили Иди Рамазон 2025, иди Рамазон дар байни халқи тоҷик, вакти намози иди Рамазон, тарзи хондани НАМОЗИ ИДИ РАМАЗОН ва нияти намози иди Рамазон оварда шудааст.


Иди Фитр  – идест, ки ба охири моҳи шарифи Рамазон рост меояд. Ин иди саид яке аз аркони панҷгонаи дини ислом аз ҷониби мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла мардуми тоҷик бо хушҳоливу самимияти хоса таҷлил мегардад. Ин идро пас анҷоми моҳи Рамазон, рӯзи аввали моҳи Шавволи солшумории ҳиҷрӣ таҷлил мекунанд.

Имсол (2025) мувофиқи тасдиқи Шӯрои уламо Иди саиди Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 30-уми март (якшанбе) таҷлил хоҳад шуд. 

Намози иди Рамазон соати 06:45 дар масоҷиди ҷомеъи Тоҷикистон баргузор мегардад.

Иди саиди Фитр дар байни халқи тоҷик

Моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр дар байни халқи тоҷик ҳамроҳ бо расму ойинҳо, бовару муътақидот, шеъру таронаҳо ва пазироии махсус садсолаҳои зиёд аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст.

Мардуми тоҷик моҳи Рамазонро ба ҳайси як моҳи муқаддас, ки дар он Қуръони карим нозил шудааст, эҳтиром мекунанд ва бо меҳру муҳаббат ба Худову Расул ва Каломи шариф аз ин моҳ истиқбол менамоянд. Ҳамчун яке аз рукнҳои ибодат дар давоми сӣ рӯзи моҳи Рамазон мусулмонон аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб чизе тановул намекунанд. Ҳамеша ба якдигар муомилаи хуш карда, забонашонро аз ғайбат, тӯҳмат ва дашном нигоҳ медоранд. Сипас баъди ифтор дар масҷидҳои шаҳру деҳот ва маҳаллаҳо мардҳо ҷамъ омада, ба хондани намози таровеҳ машғул мешаванд. Дар намози таровеҳ хатми Қуръон карда, дуоҳо хонда мешаванд.

Анъанаи дигаре, ки дар Рамазон маъмул аст, гузаронидани «шаби қадр» аст, ки шаби 27-уми ҳамин моҳ мебошад. Дар ин шаб мардум шабзиндадорӣ намуда, ба ибодату тиловати Қуръон машғул мешаванд. То се рӯз мондани ид мардум мувофиқи воҷиботи дини Ислом ба ятимону ниёзмандон садақаи фитр медиҳанд. Дар хонаҳо занон ба ид тайёрӣ дида, ба пухтани кулча, орзуқ, чагалдак, ҳалвои сафедак, сурхак ва дигар хӯрданиҳо машғул мешаванд. Рӯзи ид аз ҳама бештар хурдсолон хурсандӣ мекунанд. Соҳибхонаҳо ба кӯдакон ҳадяҳое чун тухм, хурӯсқанд, сақич, пул ва ё ҳар гуна бозичаҳо медиҳанд.

Дар масҷидҳои ҷомеъ намози иди Фитр барпо мешавад.


Тарзи хондани НАМОЗИ ИДИ РАМАЗОН

Тарзи хондани намози Иди Рамазон чунин аст:

Нияти намози иди Рамазон

Ният кардам, бигузорам, ду ракаат намози иди Рамазон, ба ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таоло Аллоҳу акбар.

Ракаъати аввал

Сано (Субҳонакаллоҳума) хонда, се маротиба дастҳоро ба зери нармии гуш бардошта, Аллоҳу акбар гуфта, баъдан имом сураи Фотиҳа ва замми сура мекунад ва ба саҷда меравед. Рукуъ ва саҷда мисли дигар намозҳои дуракаъата иҷро карда мешавад.

Ракаъати дуюм

Пас аз саҷда бархеста, имом сураи Фотиҳа ва замми сура мекунад. Пеш аз оне ки ба саҷда меравед се маротиба дастҳоро ба зери нармии гуш бардошта, ҳамроҳ бо имом Аллоҳу акбар мегӯед. Чорум маротиба Аллоҳу Акбар гуфта ба рукуъ меравед ва рукуъ ва саҷда мекунед.

Дар нишаст мисли дигар намозҳо Аттаҳиёт ва салавотҳоро хонда, Аллоҳумағфирлиро мехонед ва ба ду тараф салом медиҳед ва дуо мекунед. Дуои баъди намозро метавонед инҷо хонед: Дуо ва тасбеҳоти баъди намоз <<


Баъди адои намоз мардҳо аввал ба хонаҳое, мераванд, ки наздиконашон ҳамон сол фавтида бошад. Дар он ҷо рафта дуову фотиҳа карда, аз Қуръони карим оятҳо қироат мекунанд. Сипас ба аёдати беморон ва пиронсолони маҳалла, ба хонаҳои наздикон ва хешу ақрабо рафта, онҳоро бо ид табрик мегӯянд ва ба арвоҳи гузаштагон ояту дуоҳо мехонанд.


Сарчашмаҳо: Wikipedia.org ва Shuroiulamo.tj


иди рамазон 2025 дар точикистон иди рамазон 2025 в таджикистане иди рамазон 2025 кадом руз рузи иди рамазон 2025 нияти намози ид намози иди рамазон вакти намози ид, соати намози ид, намози ид соати чанд.

ҚаблӣЧин дар замони империяи Син
БаъдӣЧин дар давраи империяи Хон