Таквими Мохи шарифи Рамазон – 2026

Дар ин сахифа Таквими мохи шарифи Рамазон барои соли 2026, Тақвими Моҳи шарифи Рамазон – 2026 оварда мешавад. Таквим Рамазон 2026 >>


Маълумот оиди моҳи шарифи Рамазон

Мохи Рамазон – моҳи нузули Қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд ва моҳи оғози нузули ваҳй ба ҳазрати Муҳаммад (с) – паёмбари бузурги Ислом мебошад.

Дар ин моҳ дарҳои раҳмати Худованд ба рӯи ин­соният кушо­да гардида ва баракоти бепоёни ӯ бар вай фуруд омадааст ва он шабе, ки нузули Қуръон дар он су­рат гирифта, аз сӯи Худованд шаби Қадр ба маъ­нои шаби боарзиш ва дорои ҷойгоҳи хосе номида шу­дааст.

Илова бар ин, Худованд барои афзудани баракоти ин моҳ рӯзаи онро бар мӯъминон фарз гардонида, онро бар дигар моҳҳо бартарӣ бахшидааст ва онро барои бандагонаш ба ид ва зиёфате табдил додааст. Дарҳои биҳиштро дар он моҳ кушуда, даромадгоҳҳои дӯзахро (ба бузургдошти он) фурӯ баста ва шайтонҳоро дар занҷир афкандааст, (то зиёфати ӯро бар бандагонаш табоҳ насозанд).

мохи рамазон, мохи шарифи рамазон, моҳи рамазон муборак

Паёмбар (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номидааст ва мефармояд:

«Рӯза сипаре аст. Пас касе аз шумо рӯзадор бошад, фисқу беҳудагӣ наварзад ва ба ҷаҳолат роҳ надиҳад. Агар касе ҳам бо ӯ ситеза (ҷанг) намояд ва ё ӯро дашном диҳад, ду бор бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам …».


Моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон

Мардуми тоҷик моҳи Рамазонро ба ҳайси як моҳи муқаддас, ки дар он Қуръони карим нозил шудааст, эҳтиром мекунанд ва бо меҳру муҳаббат ба Худову Расул ва Каломи шариф аз ин моҳ истиқбол менамоянд.

Мувофиқи тасдиқи Шӯрои уламо аввалин рӯзи моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026 рӯзи 19-уми феврал (панҷшанбе) мебошад. Аз бегоҳии 18-уми феврал намози таровеҳ хонда мешавад.

Дар поён тақвими моҳи шарифи Рамазон барои соли 2026 дар шакли ҷадвал оварда шудааст. Агар дар телефони шумо пурра нишон надиҳад, онро дар шакли амудӣ  бинед.


Тақвими моҳи Рамазон барои шаҳри Душанбе (2026)

Ҳафта Рӯз Рамазон Субҳи содиқ Шом
Панҷшанбе 19.02.2026 01 5:41 18:14
Ҷумъа 20.02.2026 02 5:40 18:15
Шанбе 21.02.2026 03 5:39 18:16
Якшанбе 22.02.2026 04 5:38 18:17
Душанбе 23.02.2026 05 5:37 18:18
Сешанбе 24.02.2026 06 5:35 18:20
Чоршанбе 25.02.2026 07 5:34 18:21
Панҷшанбе 26.02.2026 08 5:32 18:22
Ҷумъа 27.02.2026 09 5:31 18:23
Шанбе 28.02.2026 10 5:29 18:24
Якшанбе 01.03.2026 11 5:28 18:26
Душанбе 02.03.2026 12 5:27 18:27
Сешанбе 03.03.2026 13 5:26 18:28
Чоршанбе 04.03.2026 14 5:24 18:29
Панҷшанбе 05.03.2026 15 5:22 18:30
Ҷумъа 06.03.2026 16 5:20 18:31
Шанбе 07.03.2026 17 5:19 18:32
Якшанбе 08.03.2026 18 5:17 18:33
Душанбе 09.03.2026 19 5:16 18:34
Сешанбе 10.03.2026 20 5:14 18:35
Чоршанбе 11.03.2026 21 5:13 18:36
Панҷшанбе 12.03.2026 22 5:11 18:37
Ҷумъа 13.03.2026 23 5:10 18:38
Шанбе 14.03.2026 24 5:08 18:39
Якшанбе 15.03.2026 25 5:07 18:40
Душанбе 16.03.2026 26 5:05 18:41
Сешанбе 17.03.2026 27 5:04 18:42
Чоршанбе 18.03.2026 28 5:02 18:43
Панҷшанбе 19.03.2026 29 5:01 18:44
Ҷумъа 20.03.2026 30 5:00 18:45

Тақвим мувофиқ ба шаҳри Душанбе гирифта шудааст.

Шаҳру ноҳияҳое, ки вақти онҳо пеш аз вақти шаҳри Душанбе аст: Истаравшан – 1 дақиқа, Кӯлоб – 4 дақиқа, Ҳамадонӣ-3 дақиқа, Хуҷанд – 3 дақиқа, Рашт – 6 дақиқа, Конибодом – 6 дақиқа, Исфара – 7 дақиқа, Ашт – 6 дақиқа, Хоруғ – 11 дақиқа, Мурғоб – 20 дақиқа, Ш. Шоҳин – 5 дақиқа, Муминобод – 3 дақиқа

Шаҳру ноҳияҳое, ки вақти онҳо баъд аз вақти шаҳри Душанбе аст: Панҷакент – 5 дақиқа, Шаҳритус – 3 дақиқа, Айнӣ – 1 дақиқа, Н. Хусрав – 4 дақиқа, Турсунзода – 3 дақиқа.


  1. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 64000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 1600 сомонӣ закот дода мешавад.
  2. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ муайян карда шудааст.
  3. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2026 барои соҳибони узри шаръӣ ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шудааст.

Фарз ва нияти руза

Дар моҳи Рамазон ҳамаи мусулмонон аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб рӯза мегиранд ва баъди Азонро шунидан рӯзаҳояшонро мекушоянд.

Бояд донист, ки дар Рӯза се фарз аст:

  • Аввал ният кардани рӯзагиранда аст аз шаб, ки фардо рӯза мегирад.
  • Дуввум худдорӣ кардан аст аз хӯрдан ва нӯшидан аз дамидани субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб.
  • Саввум бозистодан аст аз заношӯӣ кардан дар ин муддат.

Нияти субҳгоҳии руза (арабӣ): “Валисавми ғаддин мин шаҳри  рамазоналлазӣ фаризатан навайту.”

Нияти шомгоҳии руза (арабӣ): “Аллоҳума лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ало ризқика афтарту.”


Нияти субҳгоҳии руза (точикӣ): “Ният кардам рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб.”

Нияти шомгоҳии руза (точики): “Парвардигоро! Барои ризогии Ту рӯза доштам ва ба Ту имон овардам ва ба Ту такя дорам ва ба ризқи додаи Ту ифтор кардам.”

Шахсонеро рӯзагирӣ фарз мебошад, ки аз мардон аз 12-сола боло бошад ва аз занон аз 9-сола боло башад.


Барои ҳар як рӯзадор ин аст ки пеш аз субҳ дамидан чизе бихӯрад (яъне саҳархӯрӣ ) ва баъд аз хӯрдан ба зикри Худо ва  Қуръонхонӣ машғул шавад. Одатан бояд кӯшиш намояд, ки дар рӯзҳои рамазон Қуръон зиёдтар бихонад ва рӯзҳоро фақат бо беҳудагардӣ бо хоби зиёд нагузаронад ва дар вақти рӯзаро кушодан, яъне баъди фурӯ рафтани офтоб чӣ дархосте, ки дорад аз Худо ба дуо талаб намояд ва баъд бо дуъои махсус рӯзаашро бо мева (агар хурмо бошад беҳтар аст) ё бо об ё бо намак кушода каме бихӯрад то меъдааш ором гирифтан, баъд ба намози шомро адо кардан машғул гардад. Ва аз ҷумла суннат аст, ки дар шабҳои рамазон баъд аз намози хуфтан намози таробеҳ (маънояш – баъд аз 4-ракаат роҳат кардан аст) хонда шавад ва ин намозест, ки иборат аз 20-ракаат иборат буда ва чаҳор ракаати хонда мешавад ва баъд аз ҳар чаҳор ракааат ба миқдори ин чаҳор ракаат нишастан (яъне истироҳат кардан) низ аз рӯи адаб аст.


Тановули ғизо дар Рамазон

Субҳ мардум барои тановули ғизо аз хоб бо истифодаи соатҳои зангӯладор ва имрӯзҳо тавассути телефонҳои ҳамроҳиву воситаҳои дигари техникӣ бедор мешаванд. Чун дар қарнҳои гузашта ин дастгоҳҳо набуданд, мардум вақти матлубро аз рӯйи гардиши ситораву сайёраҳои осмон ва бонги хурӯсу рафтори дигар ҷонварон муайян мекарданд. Бархе аз мардум шабзиндадорӣ карда, дар соати муайян ҳамсояҳоро низ садо мекарданд.

Мохи Рамазон муборак, Мохи шарифи Рамазон, Рамазон муборак, Моҳи Рамазон

Маъмулан, субҳгоҳон мардум хӯроки серғизо, ба монанди палав, манту, кашк, кабоб ва ғайраро истеъмол мекунанд ва дар вақти рӯзакушоӣ ё хӯроки шом ғизоҳои нисбатан сабукро мехӯранд, то ки дар вақти хуфтан ба бадан гаронӣ ва нороҳатӣ ҳис накунанд.

Пас аз хӯрдани ғизои субҳона нияти рӯзабандӣ мекунанд. Баъзе аз мардум бо такя ба китобҳои динӣ нияти рӯзабандиро ба забони арабӣ мехонанд, аммо бархе дигар гунаи тоҷикии он ниятро, ки байни мардум хеле маъмул аст, ба забон меоранд. Масалан, «рӯза гирифтам дар моҳи шарифи Рамазон, тавфиқ бидеҳ то намози шом». Пас аз ин ният се бор мегӯянд: «хуш омадӣ моҳи шарифи Рамазон!». Инчунин нияти субҳгоҳии рӯза бо забони тоҷикӣ ва  дар боло овардашуда буд.

Рӯзакушоӣ якчанд бовару шугунҳои худро дорад. Бархе бар он боваранд, ки рӯзаро бояд бо пораи себ кушоянд, зеро тибқи муътақидот себ меваи биҳиштӣ ҳисоб мешавад. Баъзеҳо рӯзаро бо намак мекушоянд ва баъзе бо об ва мегӯянд, ки савобаш бештар аст. Гурӯҳи дигар бо ҳар ғизо, ки рост омад, ба мисли нону чой, ангур ё таоме нияти рӯзакушоиро хонда, хӯрданро оғоз мекунанд.

Барои рӯзакушоӣ маъмулан дуои арабиро, ки аз китобҳои динӣ гирифтаанд мехонанд. Аммо дар радифи он гунаи тоҷикии он низ дар истифода аст. Масалан, «рӯза гирифтам ба номат, кушоям ба фармонат». Нияти шомгоҳии рӯза ё ифтор низ дар боло оварда шудааст.

ШОЯД ИН МАВОДҲО НИЗ ПИСАНДАТОН ОЯНД:

Калидвожаҳо: Моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон, Мохи рамазон 2026 дар Точикистон, Моҳи шарифи Рамазон муборак, моҳи шарифи Рамазон 2026, нияти ифтор, нияти руза, нияти рузаи рамазон, таквими руза, таквими рамазон 2026, таквими мохи шарифи рамазон 2026.

Сарчашмаҳо: wikipedia.org ва shuroiulamo.tj

ҚаблӣНияти руза гирифтан ва руза кушодан
БаъдӣНасихати модар ба фарзанд, ки оиладор мешавад