Фарҳанги Атиқа

Аксари олимони дунё бар он ақидаанд, ки фарҳанг ва тамаддуни мардуми Европа нисбат ба фарҳанг ва тамаддуни халқҳои Шарқ дертар ба вуҷуд омадааст.

Қисми хеле ками олимони дунё фарҳангу тамаддуни Юнону Римро сарчашмаи тамаддуни башарият қаламдод мекунанд.

Аксари кулли олимони дунё бошанд Шумеру Аккад (Ме­сопотамия), Мисру Ҳинустон, Чину Загрос, Эрону Осиёи Миёна, доманакӯҳҳои Анатолия (Осиёи Сагир)-ро гаҳвораи қадимтарини тамаддун дар рӯи замин, таҳкурсии тамаддуни инсонӣ ва маскани асосии тамоми инсоният меҳисобанд.

Олими маъруфи рус Р.Ю.Виппер Шарқро ҳамчун сарчашмаи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳисобидааст. Ӯ навишта буд: «Евро­паи куҳан aз давраҳои қадимтарин cap карда, рӯ ба тараққи ниҳода буд. Барои онҳо рушноӣ ва боигарӣ, аслиҳаҳои мубориза бо табиат ва маснуоти рӯзгор, усули кор ва асбобҳо, мафҳумҳо ва эътиқодҳо – ҳама маҳз аз Шарқ меомаданд… Хама гуна зинаҳои мадании Европа аз таъсири ихтироъкориҳои бузурги Шарқ ба вуҷуд омадаанд».

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фарҳанги Юнони қадим инҷо ->

Фарҳанги Юнони Қадим


Фарханги Атика, реферат, кори курси, бо забони точики, фарханги антика, атикаи Юнони кадим.

ҚаблӣФарҳанг ва тамаддуни Эрони Қадим
БаъдӣФарҳанги Юнони Қадим