Фарҳанги давраи Эҳё

Давраи Эҳё (Возрождение) дар Италия оғоз ёфта, бар зидди тартиботи феодалӣ нигаронида шуда буд. Истилоҳи Renissansе (Эҳё) бори аввал аз тарафи рассом, меъмор ва таърихнигори санъат Дж. Вазари истифода шудааст. Маънои истилоҳи Эҳё аз нав зиндашавӣ, умри дубора ёфтан буда, дар забони франсузӣ ренессанс ҳам мегӯянд.

Аз асри XV cap карда, дар як қатор мамлакатҳои Европа тағйиротҳои куллии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ ба амал омаданд, ки ба сохти феодалӣ ва ҳукмронии дину калисо зарбаи сахт зада, ба тараққиёти сохти нави ҷамъиятӣ – ҷамъияти капиталистӣ роҳ кушодаанд. Тараққиёти саноат, ҳунармандӣ, инқилоб дар Нидерландия, инкишофи савдо, саршавии сайёҳатҳои умумиҷаҳонӣ (Магеллан, Колумб), кашфи Америка боиси тағйиротҳои иқтисодию иҷтимоӣ, пайдо шудани синфҳои нав ва табақаҳои нави ҷамъиятӣ дар мамлакатҳои Европа гардидаанд. Ии падидаҳо ба тағйиротҳои бузурги маънавӣ дар ҷомеа сабаб шуданд. Дар давраи Эҳё дар ҳаёти ҷамъиятӣ раванди секуляризатсия (озодшавии омма аз зери таъсири дину калисо) ва тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию маънавӣ ба амал меояд, ки ба инкишофи соҳаҳои нави илм, фалсафа ва маданияту маънавиёт кумак расонидаанд. Дар натиҷа дар ҷамъият имконият пайдо шуд, ки ҷиҳатҳои муҳими маданият, санъат ва фалсафаи замони Атиқаро аз нав барқарор ва эҳё намоянд.

Хусусияти хоси фалсафа ва ҷаҳонбинии замони Эҳё аз он иборат буд, ки дар он давра ба санъат ва инкишофи он диққати махсус дода мешуд. Агар асрҳои миёна давраи тантанаи дину калисо бошад, пас давраи Эҳё замони инкишофи илму фарҳанг, этикаю эстетика ва санъат буд.

Агар дар давраи Атиқа дар маркази диққат проблемаи тадқиқи коиноту табиат гузошта шуда бошаду, дар асрҳои миёна масъалаи Худою дину калисо, пас дар давраи Эҳё дар маркази диққат – масъалаи одам ва мақоми он дар ҷомеа меистод. Аз ин рӯ, тафаккури фалсафии давраи Эҳёро антропосентризм (яъне давраи одаму одамшиносӣ) меноманд. Барқарор намудани ғояҳои гуманизм ва шахсиятҳои маъруфи замон, ин­кишофи ҳаматарафаи шахс ғояҳои асосии давраи Эҳё ба шумор мерафтанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фарҳанги Хитойи (Чини) Қадим

Ин равандҳо барои инкишофи пуравҷи меъморӣ, санъати рассомӣ, бофандагӣ, илмҳои математика, фалсафа, этика, эсте­тика, педагогика ва ғайраҳо роҳи васеъ кушодаанд.

Ҳамин тавр, нишонаҳои асосии тамаддуни давраи Эҳё инҳо маҳсуб мешаванд:

  1. Антропосентрнзм, гуманизм;
  2. Тағйир додаии анъанаҳои асримиёнагии дини насронӣ;
  3. Муносибати хосса ба замони Атиқа, яъне эҳёи ёдгориҳои санъати Атиқа ва фалсафаи Атиқа;
  4. Муносибати нав ба олам.

Ин нишоиаҳои номбаршуда бо якдигар алоқаи зич доранд ва онҳо дар ҳамбастагӣ омӯхта мешаванд. Фарҳанги Эҳёи итолиёвӣ ба олам чунин мутафаккирони барҷаста ба мисли шоир Данте Алигьери (1265-1321), рассом Ҷотто ди Бондоне (1266-1336), шоир, гуманист Франческо Петрарку (1304-1370), шоир, нависанда, гуманист Ҷованни Бокаччо (1313-1375), ҳайкалтарош Донателло (1386-1466), рассом Мазаччо (1.401­1488), гуманист, нависанда Лоренцо Валлу (1407-1457), гума­нист, нависанда Пико дела Мирандолу (1462-1494), файласуф, гуманист Марсилио Фичино (1433-1494), рассом Сандро Ботти­челли (1447-1510), рассом, олим Леонардо да Винчи (1452-1519), рассом, ҳайкалтарош, меъмор Микеланчело Буонаротти (1475­1564), рассом Рафаэля Санти (1483-1520) ва дигар шахсиятҳои бузургро додааст.

Аз рӯи мазмуну мундариҷа эҷодкориҳои онҳо нисбати давраҳои гузашта ба куллӣ фарқ мекарданд. Хусусиятҳои хоси ин давра аз он иборат аст, ки дар ин давра проблемаҳои гума­низм, шахсият, диалектика ба ҷои аввал баромада, диққати мутафаккиронро ба худ ҷалб мекунад.

Тамоилҳои реалиста дар эҷодиёти шоирон, санъаткорон, меъморон, ҳайкалтарошон, рассомон ва гуманистон – Данте, Ариолфо ди Комбио, Николло Пизано, Петро Ковалинӣ, Ҷотто, Лоренцо Валла, Пико – делла Мирандоло, Алберти, Браманте, Паладио, Лесско, Делори ва дигарон, ки дар Италия, Франсия, Англия эҷод карда буданд баръало дида мешуд.

Мутафаккирони давраи Эҳё ба имкониятҳои ақлонии ин­сон боварии комил доштанд аз ин рӯ, онҳо ақидаҳои схоластикӣ ва зиндагии зоҳиронаро инкор мекарданд.

Меъморони давраи Эҳё иморатҳоро ороиши бадеии махсус дода, ба қасру биноҳо шукӯҳу ҳашамати тоза мебахшиданд. Рассомони давраи Эҳё тарзи тасвири бадеии ҳамаи сарватҳои олами воқеию манзараҳои онро аз худ менамуданд.

Фарҳанги Атиқа

Дар адабиёти давраи Эҳё бошад ёдгориҳои беҳамто ба мисли «Гаргантюа ва патпакрюэл»-и Раблс, драммаву асарҳои У.Шекспир «Гамлет», «Шоҳ Лир», «Ромео ва Ҷуллиетто», «От- тело», романи «Дон Кихот»-и Сервантес ва ғайраҳо эҷод карда шуданд, ки дар онҳо ба давраи Атақа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешуд.

Дар давраи Эҳё ғояҳои фалсафии навафлотуния (Фичино) ва пантеизм (Патрица, Бруно ва дигарон), кашфиётҳои бузург дар соҳаи илмҳои ҷуғрофия, нуҷумшиносӣ, физика, кимиё, био­логия (Коперник Везалий ва минбаъд Галилей) сурат гирифтанд. Ғояҳои Эҳё ба заиф гардидани тасаввуротҳои динию феодалӣ мусоидат намуданд. Яке аз хусусиятҳои хоси давраи Эҳё пайдоиши гуманизм мебошад.

Гуманизм ҳамчун ҷараёни маданию адабӣ, илмию фалсафӣ аввал дар Италия зуҳур карда, баъдтар дар Франсия, Германия, Нидерландия ва Англия паҳн гардидааст.

Намояндагони барҷастаи гуманизми давраи Эҳё – Ф.Петрарка, А.Данте, Эразми Ротердамӣ, Ҷ. Бруно, Ф.Рабле, М.Монтен, Н.Коперник Галилей, У.Шекспир, Ф.Бэкон мебошанд.

Минбаъд ғояҳои гуманистиро маорифпарварони Ғарб. сотсиалистони хаёлӣ ва револютсионерони демократи рус идома додаанд. Гуманизм дар ҳаёти халқи тоҷик дар асрҳои миёна мавқеи хоса дошт. Оиди гуманизм мутафаккирони барҷастаи форсу тоҷик Рудакӣ, Фирдавсӣ, Форобӣ, Ғазолӣ, Абдӯллоҳи Ансорӣ, Имоми Аъзам, Ал-Бухорӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолуддини Румӣ фикрҳои ҷолиб баён намудаанд. Хусусияти дигари фарҳанги давраи Эҳё ратсионализм мебошад.

Ратсионализм ҷараёни фалсафиест, ки намояндагони он омили ақлонӣ ва назарияи илмиро ба ҷои аввал гузошта, таҷрибаву мушоҳдадаро басанда намешуморанд. Асосгузори он Р.Декарг ва дигарон буданд. Унсурҳои ратсионализм дар фал­сафаи Атиқа ва асрҳои миёна пайдо шудаанд. Дар фалсафаи классикии тоҷик низ тамоили ратсионалистӣ вуҷуд дошт, ки яке аз намояндагони барҷастаи он Абӯали ибни Сино ба шумор мерафт. Дар асрҳои миёна илоҳиётшиносони насронию исломӣ далелҳои ақлонию мантиқиро истифода бурда, як навъ ратсионализмӣ схоластикии диниро ба вуҷуд оварда буданд. Ратсионализм ҳамчун ҷараёни гносеологӣ ва методологияи маърифати илмӣ асосан дар фалсафаи асри XVII-и Европа ташаккул ёфтааст. Ба ратсионализм файласуфои Декарт, Лейбниц, Спиноза, Гоббс пайравӣ мекарданд.

Хусусияти дигари фарҳанги ин давра реализм буд. Реализм – ҷараёни фалсафиест, ки дар асрҳои миёна бо ҷараёни фалсафии номинализм дар масъалаи мафҳумҳои умумӣ ва алоҳида, универсалӣ ва индивидуалӣ баҳсу мубозира мекарданд. Реалистон мегуфтанд, ки универсалиҳо ва мафҳумҳои умумӣ аввал пайдо шудаанд ва асоси оламро ташкил медиҳанд. Асосгузорони он Августин, Дунс, Скот ва Фомаи Аквинӣ буданд.

Файласуфони Юнони Қадим Афлотун ва Арастуро асосгузорони ҷараёни реализм эътироф намудаанд.

Дар адабиёт ва санъати давраи Эҳёи Ғарб назари санъаткорон ва бо воқеоти ҳаррӯзаи зиндагӣ, балки ба ҷамъбасту хулосаҳои фалсафию бадеии дорои характери умумибашаридоша ҷалб мешуд. Дар ин давра сюжетҳои қадима мазмуни нав гирифта, барои ифодаи идеалҳои гуманизм хизмат мекарданд.

Мисоли равшани инро дар драммаҳои У.Шекспир ва асарҳои нависавдагони асри XVII-и Ғapб мушоҳида карда метавонем, ки онҳо типҳои барҷастаи иҷтимоиву ахлоқӣ офарида, асосҳои аввалини реализми муътадилро пойдор гардонидаанд.

Фарҳанги Юнони Қадим


Фарханги давраи Эхё, Возрождение на таджикском языке, бо забони точики, реферат, фархангшиноси, донишчу тч.

ҚаблӣИхтирои коғаз
БаъдӣФарҳанги давраи Ислоҳот (асрҳои XVI-XVII)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед