Фаридуддин Аттори Нишопурӣ (1119-1221)

Абуҳомид Фаридуддин Аттор соли 1119 дар шаҳри бостонии Нишопур дида ба ҷаҳон бикшуд. ӯ бештарин илмҳои замонашро омухт, шуҳрату мақоми хосса пайдо кард ва яке- аз пешвоёни тариқати тасаввуф гардид. Аттор умри зиёд дид ва соли 1221 аз дасти Чингизиён ба қатл расид. Перомуни катли Шайх Аттор муаллифи тазкираи «Рӯзи равшан» Ҳусайни Сабо ҳикояти дардомезе меорад: «Муғуле аз он лашкар Атторро ба мактал (қатлгоҳ) кашид. Шайх гуфт:

-Кулоҳи намад бар сару шамшери мисрӣ бар камар, барои тороҷу қатл аз Туркистон омадӣ ва медонӣ, ки дар ин парда туро намешиносанд.

Муғул хост, ки Шайхро ба қатл расонад. Шахсе пайдо шуд ва гуфт, ки ин касро макуш. Ман бар ивази хуни ин ҳаждаҳ ҳазор дирҳам медиҳам. Шайх ба муғул гуфт:

-Эй  оғо, маро мафруш, ки қимати ман зиёда аз ин аст.

Баъд аз он чун андаке роҳ қатл намуд шахси дигар пеш омаду гуфт:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

-Ин пирро макуш ва ба ман бифруш. Барои қимати вай як турба коҳ хоҳам дод.

Шайх Аттор гуфт:

-Бифруш, ки беш аз ин намеарзам.

Муғул ба ғазаб омад ва Шайхро «шарбати шаҳодат чашонид» (кушт).

Аттор дар ин ҳангом хеле пир шуда буд.

Шайхи бузургвор умри бобаракати хешро ройгон нагузаронида ба наслҳои оянда осори пурарзише мерос гузошт.

Махсусан, панду андарзҳои ҳакимонаи ӯ солҳою асрҳо боз инсонҳоро ба покию роста, ба некукорию меҳнатдӯстӣ ва дигар фазилатҳои шоисга ҳидоят мекунанд. Аз ин хотир, «Панднома»-и Аттор ба китоби мукаддаси «Чор китоб» шомил шудааст. Хотиррасон мешавем, ки дар сомонаи Donishju.tj калидвожае бо номи “Пандномаи Аттор” мавҷуд аст, ки панду андарзи ин марди наҷиб нашр мешаванд. Инак, ба мутолиаи шумо намунаҳо аз эҷодиёти ин марди фозилу хирадмандро пешниҳод менамоем.

Рӯйхати маводҳои калидвожаи “Пандномаи Аттор” <<

Якчанд панднома <<

ҚаблӣҒазалҳо аз Аҳмади Ҷомӣ
БаъдӣПандномаи Аттори Нишопурӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед