Гуфтам: «Малакӣ ё башарӣ?» — Гуфт, ки ҳар ду.
«Кони намакӣ ё шакарӣ?» — Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: «Ба латофат гулӣ, эй сарви қабопӯш,
Ё найшакарӣ ё гуҳари?» — Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: «Ба лаби лаълу хати сабзи равонбахш,
Оби Хизирӣ ё хазарӣ?» — Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: «Ба ҷабине, ки ба он рӯй тавон дид,
Ё оинаӣ, ё қамарӣ?» — Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: «Дили моӣ, ки надонем, куҷоӣ,
Ё дидаи аҳли назарӣ?» — Гуфт, ки ҳар ду.
Давоми матн пас аз блоки реклама
Гуфтам, ки ба як ишва рабоӣ зи сарам ақл,
Ё ҳуши ман аз тан бубарӣ? — Гуфт, ки ҳар ду.
Гуфтам: «Зи Камол ту чунин бехабару бас,
Ё худ зи ҷаҳон бехабарӣ?» — Гуфт, ки ҳар ду
✍️ Камоли Хуҷандӣ!