Намунаи Даъватнома (Даъватномаи расмӣ)

Намунаи Даъватнома барои олимпиада

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барномаи
даври хотимавии озмуни (Олимпиадаи) донишҷӯёни
муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва бузургдошти Соли забони тоҷикӣ (27-30 апрели соли 2008)

 

Душанбе

2008

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар саҳифаи дигар оварда мешавад:

Даъватнома

Муҳтарам___________________________

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо барои иштирок намудан дар ифтитоҳи даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 1150-солагии Абуабдуллохи Рӯдакӣ ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, ки 28 апрели соли 2008, соати 9.00 дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баргузор мешавад, даъват менамояд.

Ифтитоҳ: 28.04.2008 соати 9.00

Ҷамъбаст: 30.05.2008 соати 9.30

(Дар саҳифаи дигар барномаи кори чорабинӣ бо нишондоди рӯзҳо ва соатҳо оварда мешавад).

даъватномаи расми, даъватнома


Намунаи дигар:

(Руи даъватнома)

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Кафедраи забонҳо Ҷамъияти илмӣ-адабии донишҷӯён

 

Даъватнома

 

Душанбе

2008

(Дар саҳифаи дигар)

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,

Рӯдакиро ба сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро баршумурдам сенздаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд агар чунонки бояд бишмарӣ.

Рашидии Самарқандӣ.

(Дар саҳифаи дигар:)

Муҳтарам________________________________

Кафедраи забонҳо Шуморо ба мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик ва Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, ки 29 феврали соли 2008 соати 13.30 дар Кафедраи забонҳо баргузор мешавад, даъват менамояд.

Роҳбарияти кафедра

бо ибтикори дотсент                          Н. Сиронова

 


Намунаи Даъватнома барои зодруз

Дар рӯи даъватнома

Акси олим

Ному насаби олим

70 е 80 сол

 

Даъватнома

 

Дар саҳифаи дигар – дуюм:

Муҳтарам____________________

Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Шуморо ба ҷаласа бахшида ба бузургдошти 80-солагии зодрӯзи академик доктори илмҳои филология, профессор, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино, нависанда ному насаб даъват менамоянд.

Замон: 31 октябри соли 2003, соати 15.00

Макон: Маҷлисгоҳи АИ ҶТ, хиёбони Рӯдакӣ 33

Дар саҳифаи дигар иттилоънома оид ба ҳаёт ва эҷодиёти олим ҷой дода мешавад.

Мавзӯҳои монанд:

 


Намунаи Даъватнома (Даъватномаи расми), Намунаи Даъватнома барои олимпиада, Намунаи Даъватнома барои зодруз, тарзи навиштани Даъватнома.

ҚаблӣТарзи навиштани Даъватнома (расмӣ)
БаъдӣДаъватнома барои Туй