Афзоиши нашвӣ ба воситаи реша ва барг

Бисёр рустаниҳо дар табиат бо реша ва барг афзоиш меёбанд. Дар кишоварзӣ ҳам онҳоро бо қаламчаи реша ва барг зиёд мекунанд.

Хусусан, тамашки боғӣ, настаран (хуч), баъзе навъҳои себ ва рустаниҳои ороиширо аз қаламчареша зиёд мекунанд.

Қаламчареша ҷузъи решаест, ки 15-20 см дарозӣ дорад. Бо воситаи қаламчареша фақат он рустаниҳое афзоиш карда метавонанд, ки агар бо тезӣ дар решаашон муғҷаҳои иловагӣ инкишоф ёфта тавонанд. Одатан баъди шинондани қаламчареша аз муғҷаҳои иловагии он навдаҳои рӯйизаминӣ мерӯянд. Ва онҳо ҳамчун рустании нав ба нашъунамои мустақилона мегузаранд. Хусусан, қоқу ба осонӣ аз қаламчарешааш сабзида нашъунамо мекунад. Барои ин решаи онро ба порчаҳо (ҳиссаҳо) ҷудо карда, мешинонанд. Тобистон аз онҳо муғҷаҳои иловагӣ ҳосил мешавад ва рустании нав инкишоф меёбад.

Бисёр вақт дар атрофи дарахтони баркамоли сафедор, ғубайро, ёс, олуболу, тамашк, маҳлаби русӣ ва ларзонбед навдаҳои наврасро мушоҳида кардан мумкин аст, ки ин навдаҳоро бехҷаст мегӯянд. Онҳо аз муғҷаҳои иловагии рустаниҳо инкишоф ёфтаанд. Агар ҷузъи решае, ки рустаниро бо бехҷаст пайваст мекунад, нобуд гардад, бехҷаст ба рустании мустақил (82) табдил меёбад.

Баъзе намудҳои хонагии гули бегония, бриофиллиум (сабргиёҳ), сансевера, лимӯ ва бунафшаи узамбарӣ (сенполия) тавассути баргашон (қаламчабарг) афзоиш (83) мекунанд. Барои ин баргро ба реги нам шинонда барои таъмин кардани муҳити нам онҳоро бо зарфи шишагин ё пардаи полиэтилинӣ мепӯшонанд. Дар барг муғҷаҳо ва решаҳои иловагӣ месабзанд. Дар рустании бриофиллиум бошад, навниҳолҳои ниҳоят хурдандоза ҳатто дар канорҳои барг пайдо шуда, сипас ба поён меафтанд. Онҳо ба ҷойи мувофиқ афтода сабзишашонро идома (83) медиҳанд. Дар шароити табиӣ бошад, дилгиёҳи марғзорӣ аз баргаш зиёд мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Расми 82. Аз реша афзудани рустанӣ
Расми 82. Аз реша афзудани рустанӣ

Дар солҳои охир дар баъзе муассисаҳои тадқиқотӣ усули нави парвариши ҳуҷайраҳои бофтаи ҳосилкунанда, ки дар муҳити махсуси ғизоӣ сабзонда мешаванд, кор карда шудааст. Чунин тарзи афзоиши рустаниҳо парвариши бофтагӣ номида мешавад.

Дар утоқҳои махсусе, ки тамоми шароити лозимӣ (ҳарорат, намнокӣ, равшанӣ) муҳайёст, ҳуҷайраҳои бофтаҳои ҳосилкунандаи аз рустаниҳои муайян гирифташуда ба зарфҳо ҷобаҷо карда мешаванд ва сипас аз ҳар кадоми онҳо ниҳолчаҳои ниҳоят хурдҷусса инкишоф меёбанд. Бо усули парвариши бофтагӣ новобаста ба мавсими сол миқдори зиёди кӯчати рустаниҳоро ба даст овардан мумкин аст.


  1. Каламчареша чист?
  2. Кадом рустаниҳо бо қаламчарешаашон афзоиш мекунанд? Бехҷастҳо чӣ тавр ҳосил мешаванд?
  3. Кадом рустаниҳо ба туфайли бехҷастҳо зиёд мешаванд?
  4. Рустаниҳои бо барг афзоишкунандаро номбар кунед?
  5. Парвариши бофтагӣ чист?
ҚаблӣАфзоиши нашвии растани ба воситаи навда
БаъдӣГул. Аҳамияти гул барои ҳаёти рустаниҳо. Сохти гул