Амсилаи рангии HSB. Тавре маълум гашт, системаҳои рангии RGB ва CMYK бо маҳдудиятҳои сахтафзорҳо (монитори компютер – барои ҳолати RGB ва рангсозии типографӣ – барои ҳолати CMYK) мувофиқ гардонида шудаанд. Яъне ин амсилаҳо асосан тамоюли техникӣ доранд. Аммо амсилаи рангии HSB хеле сода офарида шуда, асосан тамоюли зеҳнӣ дорад. Яъне он маҳз барои рушди истеъдоди инсон равона гардидааст.
Амсилаи рангии HSB дорои се компоненти зерин мебошад:
- тобиш (hue – тон) – шакли мушаххаси зуҳури ранг;
- пуррагӣ (saturation – насыщенность) – шиддати серии тобиши ранг;
- дурахши ранг (brightness of the colour – яркость цвета) – дараҷаи баландии ҷилои ранг.
Ин амсилаи рангӣ дар он виройишгарони графикие татбиқ карда мешавад, ки онҳо на барои коркарди тасвирҳои тайёр ё нимтайёр, балки барои ба таври дастӣ сохтани тасвирҳои нав пешбинӣ шудаанд. Ин гуна барномаҳо чунон муҳити эҷодии рассомро тақлид мекунанд, ки он воқеан ба муҳити аслии кории моҳир хеле шабоҳат дорад. Дар онҳо тамоми афзорҳои касбии рассом (қалам, мӯқалам, фломастер, хатпоккунак ва ғайра), маводди рангӣ (акварел, гуаш, равған, туш, пастел ва ғайра) ва воситаҳои тасвирсозӣ (матоъи заминавии тасвир, картон, коғази шолӣ ва ғайра) пешбинӣ шудаанд.
Дар амсилаи рангии HSB қимати ранг ҳамчун векторе, ки аз маркази доира ибтидо мегирад, интихоб карда мешавад. Нуқтаи марказии доира ранги сафед ва нуқтаҳои сарҳадии он рангҳои шаффоф доранд. Равиши вектор тобишҳои рангиро муайян сохта, бо дараҷаҳои кунҷӣ ифода карда мешавад. Дарозии вектор пуррагии рангро ифода мекунад. Дурахши ранг бо ёрии тири алоҳида тасвир карда мешавад.
Рассом асари бадеии худро аввал бо ёрии амсилаи HSB эҷод мекунад. Баъд, вобаста ба он ки ин асарро бо ёрии экран ба намойиш гузоштан мехоҳад ва ё дар коғаз (матоъ) чоп намуда, фотонамойиш ташкил кардан мехоҳад, тавассути яке аз амсилаҳои RGB ва ё CMYK онро коркард менамояд.
Мавзӯи пурра >> Графикаи компютерӣ. Тобишҳои рангӣ