Бадбахт. Бадӣ. Хазинаи маърифат

Бадбахт. Бадӣ. Хазинаи маърифат

хазинаи маърифат, панду андарз, гуфтахои бузургон


Бадбахт кист?

– Бадбахт нафарест, ки аз изтироби дигарои шод мебошад.


Бадӣ

– Бадтарин одам онест, ки хубиро бо бадӣ бармегардонад. Хубтарин одам онест, ки бадиро бо хубӣ бармегардонад.

(ҳазрати Алӣ (р.а.)


– Нафари бад аз нафаре, ки ба бадӣ дучор шудаасг, бетолеътар аст.


– Шахсе, ки бадӣ мекунад, бадтарашро мебинад. Барои мисол: занбур нешашро ба инсон мехалонад ва ба инсон дард медиҳад, аммо баъдтар мемирад.


– Ҳар касе, ки бадӣ ва зулме мекунад, пас бар худаш кардааст. Аллоҳ Таъоло фармудааст: «Ҳар кас, ки коре шоиста кунад, ба фоидаи худи ӯст ва ҳар кӣ бад кунад, ба зиёни ӯст ва Парвардигори ту ба бандагон зулм равон намедорад».


– Бадӣ, ки карди битарс. Зеро бадии кардаат чун тухм аст. Аллоҳ (ҷ.ҷ) онро ҳам бузург мекунад ва бар муқобилат мебарорад.


– Аз бади дур шудан, аз кушиши хуби кардан волотар аст.

(ҳазрати Алӣ (р.а.))


– Инсон бо андозаи фаромӯш кардани ҳисобу китоби амалҳояш бадӣ мекунад.

(Алӣ Суад)


– Бадие, ки аз дӯстдоштаҳоямон меояд ба андозаи хубие, ки аз дӯстнадоштаҳоямон меояд, дарднок аст.

(Ҷемил Сена Онгун)


– Худо (ҷ.ҷ.) туро аз бадии худат нигоҳ дорад.

(Абу Ҳасан Башунҷӣ)


– Ягона шарти ба даст овардани зафар аз ҷониби нафарони бад, ҳеҷ кор накардани одамони хуб мебошанд.

(Эдмунд Бурк)


– Мо бадиҳоеро, ки бар мо кардаанд ва бадиҳоеро, ки мо бар онҳо кардаем, дар як тарозу намесанҷем!

(Эзоп)


– Ҳар як дурӯғ аз ғурур тавдид меёбад.

(Ғерсия Лорка)


– Инсон бадӣ карданро аз қувваи орзуҳо дида, аз заиф будани виҷдон мекунад.

(Стуарт Милл)


– Бадӣ ба осони медарояд, аммо ба душвори мебарояд.

(Мадам Де Мейнтенонд)


– Ғайри худатон, касе ба шумо бадӣ намекунад.

(Маҳатма Гандӣ)


– Ҳама қабул доранд, ки инсоният ба бадӣ рафта истодааст, аммо касе ба бадӣ рафтани худро қабул надорад.

(Толстой)


– Кори дурустро анҷом надодан, амали бузургтарин аз бадиҳост.

(Суқрот)


– Аз ҳама зиёд аз бадиҳое, ки бар худ мекунӣ, битарс.

(Песталлозӣ)

ҚаблӣАъзои такя ва ҳаракат (суолҳои тестӣ аз биология)
БаъдӣМушакҳо ва вазифаи онҳо (суолҳои тестӣ аз биология)