Афзоиши рустаниҳои лучтухм

Афзоиши рустанихои / растанихои лучтухм.


Дарахти арча ба монанди дигар рустаниҳои сӯзанбарг, асосан, тавассути тухмаш афзоиш мекунад. Тухми арча дар пулакчаҳои чалғӯзааш ба таври кушод (яъне луч) ҷойгир аст. Аз ин рӯ, арча ва дигар рустаниҳои сӯзанбаргро, рустаниҳои лучтухм ном мебаранд.

Арча рустании духонагӣ, баъзан якхонагӣ мебошад. Пу лакчаҳои хурд (микроспорофилл) дар чалғӯзаи (мардонаи) хурди тухмшакл ҷойгир шудааст. Чалғӯзаҳо дар бағалаки барги навдаҳои соли гузашта ё дар охири навдачаҳои паҳлуӣ инкишоф меёбанд. Аз ҳосилшавии миқдори зиёди чалғӯзаҳои мардона (микростробил) дарахти арча ба худ ҷилои зардчаро мегирад.

Ҳар як чалғӯза аз тири марказӣ ва пулакчаҳои хурди дар он ҷойгирифта иборат буда, дар ҳар як пулакчаи хурд 2 ё 6- тогӣ халтачаҳои гардӣ (микроспорангия) мавҷуданд. Дар ҳамин ҳолат чалғӯзаи хурд (мардона) зимистонро аз cap мегузаронад. Бо фаро расидани фасли баҳор аз тири чалғӯза қанотакаш сабзида, дароз мешавад. Ва ҳамин тавр, дар байни пулакчаҳо ковокӣ пайдо мешавад. Тавассути ин ковокӣ гардҳои ба камол (пухта) расида аз халтачаҳои гардҳосилкунанда ба берун партофта шуда, туфайли шамол ба ҷойҳои дур бурда мешаванд 16.

Расми 16. Инкишофи лучтухмҳо
Расми 16. Инкишофи лучтухмҳо

Чалғӯзаҳои занона (мегастробил) дар фасли ти рамоҳ дар ба ғалаки навдаи кӯ тоҳ пайдо мешаванд. Сараввал ин чал ғӯзаҳо хеле хурд буда, аз муғ чаи нашвӣ кам фарқ мекунанд. Ҳар як чалғӯзаи занона аз тири мар казӣ ва пулак чаҳои калони (мегаспорофилли) дар он ҷойгирифта иборат аст. Дар баҳори пешбиё чалғӯзаи занона ба зудӣ инкишоф меёбад ва дар тири марказии он ба шакли даврӣ сетогӣ пулакчаҳои калон ҳосил мешаванд. Дар ҳар пулакча 1-3-тогӣ тухммуғҷаи кӯзачамонанд инкишоф меёбад. Дар тухммуғҷа сӯрохии хурди гарддаро мавҷуд аст. Дар давраи гардолудшавӣ аз ин сурохӣ қатраи моддаи моеи часпак хориҷ мешавад. Ин моддаи моеъ на танҳо гардро дар тухммуғҷа нигоҳ медорад, балки боз онро намнок карда, боиси сабзиши муьтадили найчаи гард мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Гардҳои пухтарасида (дар чал ғӯ заи мардона) ба туфайли шамол то тухм муғ чаҳо оварда мешаванд. Фақат ҳа мон гард боиси гардолудӣ мешавад, ки агар вай ба сӯрохии хурди гарддарои тухммуғҷа афтида бошад. Пас аз гардолудии тухм муғҷа пулакчаҳои чалғӯза сергӯшт гардида, бо ҳам ҷафс мешаванд ва бо моддаи зифт мечаспанд.

Бояд қайд кард, ки дар гарддон гаметаи нарина, дар тухммуғҷа бошад, гаметаи занона ташаккул меёбанд.

Бордорӣ дар тухммуғҷаҳои дар чалғӯза пинҳоншуда амалӣ мегардад. Аз ҳуҷайратухмҳои бордор (зиготаҳо) ҷанин ва аз тухммуғҷаҳо тухм инкишоф меёбад. Дар ин вақт пулакчаҳои калон (мегаспорофиллҳо) бо тезӣ сабзида, сергӯшту ғафс мешаванд, сипас бо ҳам доимӣ часпида, чалғӯзаи сершираро пайдо мекунанд. Арча аз дигар дарахтони сӯзанбарг бо ҳосил намудани чунин чалғӯзаи сергӯшту сершира фарқ мекунад.

Чалғӯзаҳои арча саққошакл ё тухммонанд буда, ҳангоми пухтанашон шакли тармеваро мегиранд. Чалғӯзаҳои арча, одатан, дар соли дуюм ё сеюми баъди гардолудшавӣ пухта мерасанд.

Одатан, дар охири соли аввал чалғӯзаҳо шакли асосии (ҳаққонии) худро гирифта, лекин сабз боқӣ мондан мегиранд. Дар охири соли дуюм бошад, онҳо мулоим гардида, рангашон кабуду сиёҳча ё сиёҳчатобу сурхча мешавад ва бо қабати мумии кабудчатоб рӯйкаш мегарданд.

Вобаста ба намуди арча, дар чалғӯзаҳо аз 1 то 12 адад тухм ҳосил мешавад. Пухтарасии тухм дар тирамоҳи соли дуюм ба анҷом мерасад. Тухмҳои бавоярасидаи арча сурхчатоби сахт буда, бо осонӣ аз чалғӯзаи мулоими бо мум пӯшидашуда ҷудо мешаванд.

Афтида пош хӯрдани чалғӯзаҳои пухтарасида аз охирҳои тобистон шурӯъ шуда, то миёнаҳои фасли тирамоҳ давом мекунад. То он лаҳзае, ки тухм аз чалғӯза наафтад, сабзиши он ба амал намеояд ва тухм қобилияти сабзишро муддати тӯлонӣ нигоҳ медорад.

Омили асосии паҳнкунандаи тухми арча ҳайвонҳои гуногун мебошанд. Хусусан, парандагон ва дигар ҳайвонҳои дар муҳити арчазор зиндагикунанда ба чалғӯзаи шираноку ширин ва серғизои арча таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ин чалғӯзаҳо хӯроки доимӣ ва дӯстдоштаи парандаҳо дар мавсими зимистон мебошанд. Тухми арча бо ҷилди ғафси сахт (устувор) иҳота шудааст. Аз ин рӯ, тухме, ки парандаҳо ва ё дигар ҳайвонҳо бо чалғӯза фурӯ бурдаанд, бе ягон хел осеббинӣ ба берун хориҷ мешавад ва қобилияти сабзишашро гум намекунад.

Афзоиши санавбар ба арча монанд буда, фақат фарқият дар он аст, ки дар дарахти санавбар пулакчаҳои пӯшиш ва мева бо ҳам доимӣ начаспидаанд ва чалғӯзаи онҳо шакли тармеваро намегиранд 16.

ҚаблӣАрча. Сарв. Санавбар (маълумот)
БаъдӣАҳамияти лучтухмон дар табиат ва хоҷагии халқ