Саъдуддин нависандаи хушзавқ ва донишманди тавоное будааст. Ӯ дар нимаи дуюми асри XI ва нимаи аввали асри XII зиндагӣ кардааст. Нависанда илмҳои маъмули замонаро аз худ намудааст. Махсусан, аз таърих ва фарҳанги гузапггагони хеш огоҳии комил доштааст. Саъдуддин аз хурдсолӣ ҳикоёту масалҳои халқӣ, нақлу ривоят, зарбулмасалу мақоли мардумиро аз бар менамуд. Исботи суханони мо асари харман бузурги «Марзбоннома» шуда метавонад. Ин асар дар асри X бо лаҳҷаи мардуми Табаристон аз тарафи Марзубон ибни Рустам ибни Шаҳриёр эҷод гардида буд. Вале мутолиаи он барои мардуми дигар манотиқи Эронзамин душвортар гардид. Ба хотири сода ва дастраси ом гардонидани мазмуну мухтаҳои «Марзбон- нома»-и Марзубон ибни Рустам онро аз нав иншо намуд. Вале номашро тагйир надод. Боз онро бо номи муаллифи аввалааш Марзбон лоиқ, донист.
Саъдуддин ба асар ҳикоёту тамсилот, наклу ривоёт ва дигар асарҳои халқиро ворид сохт, ки бисёр ҷолибу хушоянданд. Мавзуи ҳикоёту тамсилоти «Марзбоннома» рангин буда, барои тарбияи инсонҳо ахамияти бузург доранд. Панду андарзҳои ҳакимона мардуми ҷомеаро ба ростию покӣ, хоксорию ватандӯстӣ, шоҳону ҳокимонро ба адлу дод, некию накукорӣ ҳидоят мекунанд. Дар баробари ин нависанда дар зимни асарҳои халқӣ ҳисоли нопоки одамӣ, дуруггуӣ, фиребу найранг, кибру ғурурро сахт накуҳиш менамояд.
Хаёт ва фаъолияти Саъдуддини Варовини, эчодиёти Саъдуддини Варовини, мутафаккир, реферат, кори курси., зиндагиномаи Саъдуддини Варовини.