Хари ҷабрдида (ҳикоя)

Чунин овардаанд, ки баъд аз ҳафт сол нимрӯзӣ, ки дари сарой холӣ буд ва мардумон ҳама рафта буданд ва навбатчиён хуфта, яке аз ҷаррасҳо бонг баромад.

Нушервон бишунид, дарвақт ду ходимро бифиристод, ки бингаред, ки кист, ки ба тазаллум омадааст. Чун ходимон ба дари сарой омаданд, хареро диданд, пир ва лоғар, ки аз дари сарой даромада буд ва пушт дар он силсилаҳо мемолид ва аз ҷунбиши занҷир аз ҷарасҳо бонг меомад. Ҳар ду ходим рафтанду гуфтанд:

-Ҳеҷ кас ба тазаллум наёмадааст, магар хари лоғар, ки андаромадааст. Чун осеби занҷир ба пушти ӯ расида ва ӯро хуш омадааст ва ба сабаби хориш хештанро ба занҷир ҳамемолад.

Нушервон гуфт:

-Эй нодонон, ки шумоед, на чунин аст, ки пиндоред. Чун нек бингаред, он ҳар ҳам ба дод хостан омадааст. Ин харро дар миёни бозор баред ва аз ҳар кас аҳволи ин ҳар бипурсед ва ба ростӣ маълуми раъй ман кунед.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ходимон аз пеши малик берун омаданд ва он харро дар миёни бозор бурданд ва аз мардумон пурсидан гирифтанд, ки касе ҳаст харро бишносад?

Гуфтанд:

-Шиносем.

Ходим гуфт:

-Чун шиносед?

Гуфтанд:

-Ин хар аз фалон козур аст ва қариб бист сол аст, ки то пеши ӯ мебинем. ҳар руз ҷомаҳои мардумон бар пушти ӯ ниҳода ба козургоҳ мебурд ва шабонгоҳ меовард. То ҷавон буд, кораш метавонист кардан, алафаш медод. Акнун, ки пир шуд ва аз кор фуру монд, озодаш кард ва акнун муддати як солу ним аст, то аз хона берун кардааст ва рӯз дар маҳаллатҳо ва кую бозор мегардад. Ва ҳар кас барои Худо порае алаф ва об медиҳанд. Магар ду шабонарӯз аст, ки обу гиёҳ наёфта ва арза мегардад.

Ва чун ходимон аз ҳар кӣ шуниданд, ҳамин шуниданд, сабукбор гаштанд ва маълуми раъи малик карданд. Нушервон гуфт:

-На, шуморо гуфтам, ки ин хар ба дод хостан омадааст? Ин харро имшаб неку доред. Фардо он мардро бо чаҳор катхудо аз маҳаллаи ӯ бо ин хар ба даргоҳ оред, пеши ман, то он чӣ воҷиб ояд, бифармоям.

Дигар рӯз ходимон чунин карданд. Харро ва козурро бо чаҳор кадхудо ба вақти бор додан ба даргоҳ бурданд.

Нушервон козурро гуфт:

-Ин хар то ҷавон буд, кор метавонист кард, алафаш медодӣ. Акнун, ки пир гашт, аз кор фуру монд, аз баҳри он, ки алафаш бояд додан лозим, номи «озодӣ» бар вай ниҳодӣ ва аз дараш берун кардӣ. Пас ҳаққи хидмати бистсола куҷо шуд?

Бифармуд, то чиҳил даррааш бизаданд ва гуфт:

-То ин хар зиндааст, хоҳам, ки ҳар шабонарӯзӣ чанд он, ки коху ҷав тавонад хурдан, ба қадами ин чаҳор мард медихӣ ва агар таксир кунӣ, маълуми ман гардад, туро куштан фармоям.


Хари чабрдида (хикоя), хикояи точики дар бораи хари чабрдида

ҚаблӣПиразани мазлум ва Нушервони одил (ҳикоя)
Баъдӣ10 шаҳри ҷолиби дунё (расм) – Оё медонед?

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед