
– Бахил ва фақир ба ҳамдигар монанд ҳастанд: ҳар ду ҳаётро бо нодорӣ мегузаронанд.
(ҳазрати Алӣ (р.а.))
– Бахилӣ бемориест бар руҳ.
(Ҷон Дриден)
– Оҷизтарин нафар онест, ки дуо намекунад ва бахилтарин нафар ҳамонест, ки салом намедиҳад.
(маънои ҳадис)
– Баъзеҳоро дастҳояшон медиҳанд, аммо қалбҳояшон намедиҳанд. Баъзеи дигарро қалбҳояшон медиҳанд, аммо дастҳояшон намедиҳанд. Ҳар ду гуруҳ бахиланд.
(Ҷенап Шаҳобиддин)
– Эй, фарзанди Одам! Ба ту ҳайрон мешавам, ки барои рафъи орзуҳои худ масрафҳо мекунӣ, аммо барои ба даст овардани ризогии Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ) бахилӣ мекунӣ.
(Ҳасани Басрӣ)
– Танҳо бахил аз ҳама дида, зи молаш кам истифода мекунад.
(Ла Фонтейн)
Манбаъ: Хазинаи Маърифат





















