Замонхои феъл. Замони гузаштаи феъл.
Замони гузаштаи феъл амали пеш аз лаҳзаи нутқ воқеъшударо мефаҳмонад: навиштам, навиштаам, менавиштам, навишта будам, навишта истода будам.
Машқи 412. Матнро хонда, феълҳои ба анҷомрасидаро ёбед ва шахсу шумораи онҳоро шарҳ диҳед.
Пас, чун малик шукргузорӣ ба итмом расонид, ҳакимон ва олимон бархоста, шукри Худо ба ҷо оварданд ва маликро сано гуфтанд ва дасти ӯро бӯса доданд ва ҳар яке ба хонаи хеш баргаштанд ва малик низ ба хона андар шуд ва писарро низ назди худ хост.
Кӯдакро назди вай ҳозир оварданд. Чун аз умри ӯ дувоздаҳ сол бигузашт, малик хост, ки илмҳо бар вай биомӯзад. Қасре дар миёни шаҳр бино кард ва дар он қаср сесаду шаст хона бино ниҳод ва писарро дар он қаср бурда, се тан аз ҳакимони донишманд бар вай бигумошт ва эшонро фармуд, ки шабонарӯз аз таълими ӯ ғофил нагарданд. Ва ҳар рӯз дар яке аз он хонаҳо бинишинанд ва ҳеҷ илме нагузоранд, магар ин ки ба он писар биёмӯзанд…
Чун дувоздаҳ сол тамом шуд, маликзода ҳамаи илмҳоро биёмӯхт ва аз ҳамаи ҳакимон ва олимон, ки дар он замон буданд, бартар шуд. Он гоҳ олимон, ки омӯзгорони ӯ буданд, ӯро ба назди малик оварданд.
Аз «Ҳазору як шаб»
Луғат:
- андар шудан – даромадан
- сано – мадҳ, таҳсин, ситоиш, шукр ва сипос
- ҳаким – олим, табиб, пизишк
- бигумошт –таъйин кард, муқаррар намуд
Савол ва супориш
- Дар феълҳои биёмӯзад ва бинишинад вазифаи пешванди би- -ро шарҳ диҳед.
- Дар сархати охир феъли тамом шуд ба чӣ маъно омадааст?
Машқи 413. Аз феълҳои хостан, гуфтан, дидан, бурдан шаклҳои замони гузашта сохта, ҷумлаҳо тартиб диҳед.
Намуна: хостан: хостам, мехостам, хоста будам; Мехостам, ки ҳарчи зудтар бародарамро бинам.
Машқи 414. Ҳикоятро бодиққат хонед. Феълҳои замони гузаштаро нависед ва ба шаклу сохти онҳо таваҷҷуҳ намоед.
Ҳикоят
Бараҳман гуфт: -О вардаанд, ки бозургоне буд, ки баҳру бари дунё паймуда ва шаҳрҳои Шарқу Ғарбро тай карда сарду гарми рӯзгор дида, талху ширинии айём бисёр чашида.
Хирадманде, амине, кордоне,
Зи рӯйи таҷриба бисёрдоне.
Вақте ки пир шуд ва наздик омадани аҷалро пай бурд, фарзандони худро даъват намуда, ба онҳо насиҳат оғоз кард ва гуфт: -Эй ҷавонон, агар дар ҷамъи мол ранҷе ба шумо нарасида бошад қадри он намешиносед. Аммо бибояд донист, ки ба даст омадани мол бе касбу талаб маҳол аст. Агар касе моли бемашаққат ёбад, қадру қимати он надониста, зуд аз даст бидиҳад. Пас рӯй аз коҳилӣ бартофта, ба касбу ҳунаре майл намоед, ба ҳамин касби тиҷорат, ки аз ман муддатҳо мушоҳида кардаед, машғул шавед.
Чун писарон насиҳатҳои падар шуниданд ва манфиатҳои суханҳои ӯ шинохтанд, ҳар кас як касбе ихтиёр намуда, ба коре даст заданд.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Луғат:
- бараҳман – ҳаким ва донишманди ҳиндӣ
- коҳилӣ – сустӣ, танбалӣ
Савол ва супоришҳо
- Муродифҳои калимаи касб -ро гӯед.
- Кори тиҷорат ба шумо маъқул аст? Чаро?
- Ба фикри шумо, кадом касбу ҳунар муҳим аст?

















