Ҳаёти илмӣ ва маданӣ (адабиёти асрҳои XIII-XIV)

Хаёти илми ва мадани (адабиёти асрхои 13-14)


Бо сабабҳои маълум, яъне истило ва куштори лашкари Чингизиёну Темуриён водиҳои зархезу ҳосилхези Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон, боғу бӯстон, кишту зироати мардум зарари калоне дид. Шаҳрҳову деҳаҳои сернуфузу обод ба хок яксон гардиданд. Масоҷиду мадорис оташ гирифт. Аҳли илму адаб ба кишварҳои дигар ҷилои ватан карданд.

Як қисм дар ватан монда, дар куштор ва қатли оми аҳолии шаҳрҳо ҷон ба Ҳақ супориданд. Файласуф ва шоири тавоно Шайх Аттори Нишопурӣ аз дасти муғулон ба қатл расид. Азбаски Чингизиён аз аҳли савод набуданд, пас аз фатҳи Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Ҳиндустон ва дигар кишварҳо барои ободии кишвар ва ривоҷу равнақи илму фарҳанг накӯшиданд, саъю талош наварзиданд.

Барои онҳо фарқ надошт, ки ин шахс олим аст ё золим. Бо вуҷуди ин дар охирҳои салтанати Темур Мовароуннаҳр, аз ҷумла шаҳрҳои Самарқанд, Шаҳри Сабз, Бухоро обод гардид. Темур барои обод кардани ин шаҳрҳо садҳо шаҳру деҳоти дигарро вайрону валангор карда, аҳли ҳунарро овард ва дар Самарқанд масоҷиду мадорис ва кушкҳои осмонбӯс бунёд кард.

Ҳаёти илмӣ дар ин асрҳо бештар дар Эрон, Туркия, Ҳинд ва баъдтар дар Самарқанду Бухоро ҳам ривоҷ ёфт. Махсусан илми таърихнигорӣ хеле пеш рафт. Темури Ланг ба ҳар кишваре, ки лашкар мекашид, таърихнигорон ва дигар намояндагони илму адаб ҳамболаш буданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Онҳо хоҳу нохоҳ музаффариятҳои Темур, куштор, қатлу ғорати ин сарлашкари мутаассибро мадҳу ситоиш мекарданд. Яке аз ҳамин гуна таърихнигорон Низомуддини Шомӣ буд. Ӯ дар асари худ «Зафарномаи Темурӣ» хунхориву ҷаллодии Темурро васфу ситоиш кардааст. Низомуддин пас аз марги Темур соли 1404 вафот кардааст. Инчунин, асарҳои таърихии Рашидуддини Фазлуллоҳ «Ҷомеъуттаворих», Атомалики Ҷувайнӣ «Таърихи ҷаҳонкушой», Ҳамдуллоҳи Муставфӣ «Таърихи гузида», Шаҳобуддин Вассофи Шерозӣ «Таърихи Вассоф» ва ғайра нигошта шудаанд. Таърихнигорон низ аз назари худ ба ҳодисоту воқеоти ин асрҳо ва ин ду хонадони хунрези ҷаллод баҳо додаанд.

Дар ин асрҳо илмҳои риёзиёт, фалсафа, нуҷум, ҳандаса ва тиб ривоҷ ёфтанд. Асарҳои Насриддини Тӯсӣ, Хоҷа Афзалуддини Кошонӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Шамсуддин Муҳаммади Омулӣ, Абулқодири Мароғӣ, Наҷмиддини Самарқандӣ, Ибни Нафиси Қаршигӣ ва дигарон чароғи илму ирфонро дар ин асрҳо фурӯзон нигоҳ доштанд. Вале бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки дар пешрафти илму адаби ин асрҳо хизмати Насриддини Тӯсӣ хеле зиёд аст.

Ӯ дар Шероз мактаби хешро ташкил ва сарварӣ намуд. Уламои илмҳои дақиқ кулли илмҳоро тақсимбандӣ намудаанд. Аз ҷумла Насриддини Тӯсӣ дар асари худ «Ақсомулҳикмат» илми ҳикматро ба 45 бахш қисмат намудааст. Асарҳои дигари ӯ оид ба илмҳои калом, фалсафа, нуҷум, ахлоқ, адаб буда, аз дониши васеи ин олими забардаст гувоҳӣ медиҳанд.

Дар илми мусиқӣ ва ба меъёр овардани 12 мақом хизмати олимони мусиқишинос: Сайфуддини Балхӣ, Яҳё ибни Аҳмади Кошӣ, Шамсуддини Омулӣ, Абулқодири Мароғиро ёд кардан шоиста мебошад.

Илмҳои сегонаи адаб низ дар ин асрҳо хеле пеш рафтанд. Бахусус асарҳои Насриддини Тӯсӣ, Сироҷуддини Хоразмӣ, Ҷалолиддини Хатиби Қазвинӣ, Саъдуддини Тафтозонӣ ва Шамси Қайси Розӣ пурмуҳтаво буда, бисёр масъалаҳои муҳимро ҳаллу фасл намудаанд. Танҳо ёд кардани «Алмуҷам»-и Шамси Қайси Розӣ кофист.

Шамси Қайс асарҳои арӯзиёни пешин ва илми қофияву санъатҳои адабиро омӯхта, мизони ягонаи илмии онҳоро аниқ гардонд ва ба як маром овард. Аҳамияти муҳимми ин асар боз дар он аст, ки бисёр шеърҳои шоирони бузурги пешин танҳо дар асари ӯ боқӣ мондаанд. Инчунин Шамси Қайси Розӣ илми қофия, санъатҳои бадеӣ ва арӯзро аз нигоҳи мантиқӣ ҳаллу баррасӣ намудааст.

Илми ахлоқ низ дар ин асрҳо пойдор монд. Бахусус «Ахлоқи Носирӣ»-и Насриддини Тӯсӣ, «Захоирулмулук»-и Сайидалии Ҳамадониро метавон ёд кард.

Илми фарҳангшиносӣ низ ранги тоза гирифт. Асари Абунасри Фароҳӣ «Нисоб-ус-сибён» барои шогирдони макотибу мадорис иншо шуда, дар омӯхтани арӯз, қофия ва санъатҳои бадеӣ ба толибилмон кумаки хуби амалӣ расонид. Луғатномаҳои «Сурохуллуғат»-и Ҷавхори Форобӣ, «Мухтасаруссаҳҳоф»-и Зай нуддини Розӣ, «Шарафномаи мунирӣ»-и Иброҳим Қавоми Фаррухӣ ва ғайра иншо шудаанд.

ҚаблӣҲаёти сиёсӣ (адабиёти асрҳои XIII-XIV)
БаъдӣТуй муборак Табрикнома – шеърхои туёна, ошикона