Вазифаи ҳифзи табиат

Вазифаи хифзи табиат


табиат, иншо, иншои озод

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои он, беҳдошти муҳити зист вазифаи аввалиндараҷаи давлат, кори ҳамаи одамон ва қарзи ахлоқии ҳар як шаҳрванд аст.

Мафҳуми муҳити зист муҳити маскунии одам, биосфераи зиндагии ҳамаи мавҷудоти зиндаи рӯи замин аст: мафҳуми муҳити зист низоми ягонаи табиати табиӣ ва он қисматҳои онро, ки ба сабаби фаъолияти одам дигаргун гаштааст, фаро мегирад.

Ашхоси юридикӣ ва воқеӣ ҳангоми ташаккул додани комплексҳои ҳудудиву истеҳсолӣ, рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ, бунёду азнавсозии шаҳрҳо, дигар мавзеъҳои аҳолинишин вазифадоранд, ки меъёрҳои то ҳадди охир раво донисташудаи дараҷаи сарборӣ ба муҳити табиии зисти минтақаро бо дар назардошти имкониятҳои потенсиалии он, зарурати истифодаи оқилона ҳудудҳои табиӣ бо мақсади таъмини шароитҳои нисбатан мусоиди ҳаёти аҳолӣ, роҳ надодан ба вайроншавии системаҳои табиии экологӣ ва фарорасии тағйироти барқарорнашаванда дар муҳити табиии зист ба инобат гиранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо, ҳамчунин шаҳрвандон вазифадоранд қоидаҳои технологӣ ва талаботи ҳифзи табиатро риоя карда, захираҳои табииро оқилона истифода кунанд ва барқарор созанд, барои беҳдошти муҳити зист тадбирҳои самарабахш андешанд.

Моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат».

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд табиатро эҳтиёт кунанд, сарватҳои онро ҳифз намоянд ва талаботи қонунгузории ҳифзи табиатро риоя кунанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳо ва вазифаҳои худро мутобиқи қонунгузории амалкунанда дар ҳаёт татбиқ месозанд.

Асоси сабзшавии бештари муҳити зист ва инкишофи олами зиндаро об ташкил мекунад. Дар ин боб Пифагор (625-574 то милод) қайд кардааст, ки ҳамаи чизи зинда аз як ҷавҳар ба амал меояд ва ин ҷавҳар об аст. Бояд қайд кард, ки нуқтаи назари Пифагор бо зикри Қуръон, ки баъди 900 сол иншо шудааст, мувофиқ аст. Дар ояти 20-и сураи 21-и Қуръон омадааст, ки «Ва мо ҳама аз об зинда мегардем».

Моҳи декабри соли 2003 СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қароре қабул кард, ки Даҳсолаи (солҳои 2005-2015) амалиёти «Об -барои ҳаёт» ном дорад. Бар асоси барномаҳо ва нақшаҳои амалиёти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2005-2015 ин амалиёт бо беҳдошти муҳити зист, экология ва санитарияи на танҳо Тоҷикистон, балки дигар минтақаҳо сабаб мешавад.

ҚаблӣВазифаи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ (реферат)
БаъдӣҲифз ва истифодаи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ