Қонунгузории ҶТ дар бораи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи табиат, ёдгорихои таърихи ва фарханги


Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» (аз 27.12.1993), «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ”, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.

Дар моддаи 13-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Дар бораи вазифаи ҳар як шаҳрванд бобати ҳифзи табиат дар моддаи 44-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шудааст, ки ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат» вазифаҳои қонунгузории ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат зикр гардидааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Вазифаҳои қонунгузории ҳифзи табиат ба танзим даровардани муносибатҳо дар соҳаи ҳамкории ҷомеа ва табиат бо мақсади нигоҳдории сарватҳои табиӣ ва муҳити табиии маскунияти одам, истифодаи оқилона ва такрористеҳсолкунии захираҳои табиӣ, бартарафсозии таъсиррасонии аз нигоҳи экологӣ хавфноки фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолиятҳои дигар, беҳдошт ва беҳбуди сифати муҳити зисти табиӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи нишондодшудаи муносибатҳо ба манфиати наслҳои имрӯза ва фардоинаи одамон мебошад.

Корхонаҳо, ташкилот ва муассисаҳо, ҳамчунин шаҳрвандон вазифадоранд, ки қоидаҳои технологӣ ва талаботи ҳифзи табиатро риоя карда, захираҳои табииро оқилона истифода намоянд ва барқарор созанд, барои беҳдошти муҳити зист тадбирҳои самарабахш андешанд.

Моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи табиат”

Барои ташкили фаъолияти пурсамар ва мақсаднок оид ба таъмини сифати зарурии муҳити зист Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Ғайр аз ин барномаҳои давлатии минтақавӣ ва маҳаллӣ таҳия гардидаанд, ки дар онҳо тадбирҳо оид ба ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, андешидани тадбирҳои пурсамар барои беҳдошти муҳити зисти зиндагии одамон бо дурнамои оянда муайян гардидаанд.

Яке аз мисолҳои барҷастаи он сохтмон ва мавриди истифода қарор додани силсиланеругоҳҳои обию барқии Роғун, Сангтӯда-1, Сангтӯда 2 ва як қатор НОБ-ҳои хурд дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандони ба саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, хоҷагии халқ ва табиат бо ифлос кардани муҳити табиии зист, вайрон кардан, нобуд сохтан ва хароб сохтан, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ, вайрон сохтани системаҳои табиии экологӣ ва дигар вайронкуниҳои қонунгузории ҳифзи табиат зараррасонда вазифадоранд, ки онро мутобиқи қонунгузории амалкунанда таллофӣ намоянд.

Моддаи 79- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат».

Вазифаи конститутсионии ҳар як сокини Тоҷикистон аз ҳифзи табиат ва арзишҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва дарки эҳсоси масъулиятшиносӣ дар ин ҷода иборат аст.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳифзи муҳити зист, табиат, экология, сарватҳо, сарватҳои табиӣ, мероси таърихӣ-фарҳангӣ.

ҚаблӣҲифз ва истифодаи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ
БаъдӣДавлати ҳуқуқбунёд ва нишонаҳои он (реферат)