Инсон дар олами иттилоотӣ-техникӣ, коммуникатсия

Дар оғози ҳазорсолаи сеюм, дар марҳилаи кунунии тамаддун ба фалсафа ва илмҳои инсоншиносӣ мафҳумҳои «ҷамъияти техникӣ», «ҷамъияти индустриалӣ», «ҷамъияти постиндустриалӣ», «ҷамъияти информатсионӣ» ворид шудаанд. Ҳануз юнониёни қадим қобилияти бунёдкории табиатро бо қобилияти эҷодии инсон муқоиса карда, аз мафҳуми «технэ» истифода мебурданд ва ба хулосае омада буданд, ки дар табиат манбаи инкишоф дар худи объекти табиӣ аст. Дар «технэ» манбаи инкишоф дар «рӯҳи тафаккуркунанда»-и онҳое ҷой дорад, ки протсесси механикӣ, яъне истеҳсолотро ба роҳ мемонанд. Дар табиат ин «мақсад» хоси инкишофи худи табиат аст, дар технэ (яъне истеҳсолот) мақсаднокӣ, мақсадгузорӣ ва ҳалли мақсадҳо хоси инсон аст. Дар айни замон юнониёни қадим чунин ҳисоб мекарданд, ки технэ қобилияти такмил додани он чиеро дорад, ки ба он табиат қодир нест. Технэ ба нафъи худи инсон аст ва ба худи инсон тааллуқ дорад. Дар як маврид технэ (ки маънои «техника»-ро низ ифода мекунад) ба маънои маҳорат, санъати офаридани ин ё он предмет, олот, иҷро кардани ин ё он кор истеъмол карда мешавад. Дар дунёи қадим бисёр талаботҳои худи одамон бо маҳсулоти офаридаи устоҳо, косибон ва ҳунармандон қонеъ гардонида мешуданд. Меҳнат ва маҳсули меҳнати онҳоро технэ меномиданд. Технэро шарти зарурии мавҷудияти инсон ҳисоб мекарданд ва ба «олами инсон» ворид месохтанд. Ақида доштанд, ки технеэ мазмуни инсонӣ дорад. Онҳо инчунин мегуфтанд, ки технэ оқибатҳои манфи ҳам дорад.

марду зан, баробарии марду зан,

Дар ин ҷо қайд кардан муҳим аст, ки технэ бо моҳияти худи инсон алоқаманд буда, тарзи ташкили фазои зиндагӣ ва дигаргунсозии олами инсонӣ мебошад. Таҳлили фалсафии инкишофи техника, таносуби «техника — ҷамъият» дар як вақт таҳлили имкониятҳои маърифатӣ ва созандагии одамон, таҷассумкунонии техникии онҳоро ҳам дар бар мегирад. Таҷассумикунонии техникӣ қобилияту маҳорати созандагии инсон дар техника ба тарзу шаклҳои вуҷудории он зич алоқаманд аст. Техникаро худи инсон меофарад ва истифода мебарад, техника инъоми осмонӣ ва илоҳӣ нест.

Паҳлӯи муҳимтарини проблемаи «инсон-техника» коммуникатсия, сохтани забонҳои нави сунъӣ, масалан забонҳои барномасозӣ, мебошад. Коммуникатсия (иртибот) воситаи муҳимтарини бо техникаи иттилоотӣ таъмин намудани субъектҳои гуногуни фаъолияту муносибатҳои ҷамъият, умуман вуҷуддории ҷамъияти муосир аст. Тарзҳои нави коммуникатсия бо ёрии воситаҳои нави техникӣ, алалхусус техникаи иттилоотрасон боиси тағйирёбии тафаккуру шуури одамон мегардад. Дар айни замон протсесси техникигардонии коммуникатсия ва иттилоот боиси зиддиятҳои нав, масалан, зиддияти байни моҳияти техникии ҳастии инсони муосир ва ҳаматарафа аз техникаву технеологияҳои нав истифода бурда натавонистани ӯро ба вуҷуд меорад. Ба инсон лозим меояд, ки роҳҳои нави сохтани техникаву технологияҳои нави барояш муҳимро ҷустуҷӯ намояд, онҳоро ба имкониятҳои худ ва имкониятҳои худро ба техникаи навтанрин мутобиқу мувофиқ гардонад. Инсони замони тамаддуни техникӣ доимо дар ҷустуҷӯи технологияҳои нав аст.

Ҷамъияти ҳозираро ҷамъияти иттилоотӣ мегӯянд. Техника ва технологияи иттилоотӣ барои инкишофи инсон аҳамияти фавқулода муҳим пайдо мекунад. Иттилоот ҳамеша иттилоот барои инсон аст, маънои ахбор, бохабар будан дар хусуси ягон предмет, рӯйдоду ҳодиса, маълумот пайдо кардан, маълумот доштан ва донистанро дорад. Иттилоот – мафҳуми асосии кибернетика аст. Иттилоот барои инсон аст ва аз инсон ба инсон интиқол мешавад. Бо ёрии воситаҳои нави техникӣ – телефон, телеграф, факс, радио, телевизион зарурияти беҳтар кардану ҳарчи бештар дастраси доираҳои васеъи одамон гардонидани ҳаргуна иттилоот ба вуҷуд омад. Боз ҳам бештар зарурияти коркарди математикӣ ва статистикии иттилоот, забонҳои нави сунъӣ барои мубодилаи иттилооти компютерӣ лозим меояд. Вобаста ба тарзҳои нави ахбордиҳӣ ва ба кор даровардани онҳо илмҳои нав — моделҳои навини информатсионӣ пайдо шудаанд, аз ҷумла информатика. Информатика илми аналитикӣ мебошад ва сохтори иттилоотро тадқиқ мекунад, дар назарияҳои семантикӣ ва прагматикӣ мазмун ва арзишҳои информатсионӣ омӯхта мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фаъолияти информатсионӣ барои қонеъ гардонидани талаботҳо ва мақсадҳои гуногуни инсон нигаронида шудаанд. Вобаста ба ин, зарурияти таҳқиқоти эътимоднокии иттилоот дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъият, алалхусус ҳаёти сиёсӣ, ба миён меояд. Таъиноти иттилоот, дар набати аввал, барои коммуникатсия лозим аст. Коммуникатсия – гузаронидани иттилоот аз як кас ба каси дигар, яз як сохтори иҷтимоӣ, ба сохтори дигар мебошад. Коммуникатсиякунонӣ метавонад характери фардӣ ва коллективӣ дошта бошад. Ҳаргуна коммуникатсия барандаи худро дорад. Барандаи коммуникатсия метавонад объектҳои материалӣ, сохторҳои мантиқӣ, шартҳои муайяни худро аз нуқтаи назари забон ва шуури инсонӣ дошта бошад. Хосияти асосии иттилоот фаҳмишу донистани ахбороту далелҳое аст, ки ба ин ё он кас, ба сохторҳои гуногуни иҷтимоӣ зарур аст. Фаҳмиши моҳияти коммуникатсия ягонагии забони коммуникатсия ва сохторҳоеро дар назар дорад, ки дар байни онҳо коммуникатсия ҷой дорад.

Ба назар гирифтани сатҳи иҷтимоӣ ва маърифатии тарафҳои ба коммуникатсия воридшаванда низ аҳмияти муҳим дорад. Коммуникатсия шарти зарурии мавҷудияти ҷамъият аст. Мафҳуми «коммуникатсияи иҷтимоӣ» дар авали асри ХХ пайдо шуд.

Ҷамъияти озоди демократӣ дар асоси дастрас будани иттилоот ва қобилияти коркарди айниятнокӣ он барпо карда мешавад. Донишҳои иҷтимоӣ ва иттилооти иҷтимоӣ ба ҳамаи аҳли ҷамъият зарур аст. Ҳамзамон лозим аст, ки онҳо тарзҳои истифодабарии иттилоотро донанд ва бифаҳманд. Тағйирёбии иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ҷамъияти иттилоотӣ, аз як тараф, натиҷаи инкишофи «технологияҳои нави иттилоотӣ», аз тарафи дигар, натиҷаи афзоишу авҷгирӣ ва пурзӯршавии коммуникатсияи иҷтимоӣ аст. Хусусияти асосии инкишофи ҷамъияти иттилоотӣ-технократиро ҳамоҳангии донишу технологияҳо ва қобилияти инкишоф ёфтану мутобиқ шудани инсон ба натиҷаҳои фаъолияти техникӣ-технологӣ ва иттилоотии он ташкил медиҳад. Дар ҷамъияти иттилоотӣ ва технологишудаистода инсон таъиноту функсияҳои нав пайдо мекунад. ӯ имкониятҳои беҳудуди иттилоотӣ дорад. Ҳарчи бештар мутобиқ шудани ӯ ба технологияҳои нави иҷтимоӣ ва иттилоотӣ яке аз роҳҳои инкишофи шахсияташ мебошад. Дар замони ҳозира бо ёрии воситаҳои техникии ахбори омма ва технологияҳои иҷтимоӣ шаклҳои нави муносибати инсон ба муҳит, биология ва психологияи худи ӯ ба вуҷуд омада истодааст.


 Калидвожаҳо:  Инсон дар олами иттилооти-техники.

ҚаблӣГедонизм – маънои ҳаёт
БаъдӣХудро аз дӯстат дур магир