Протсессори матнии Word маҷмуи воситаҳои стандартии коркарди матнҳоро дар бар мегирад. Ба онҳо:
- дохилкунӣ ва тағирдиҳии матн,
- дастгирии забонҳои точикӣ, русӣ, англисӣ ва ғ.,
- ҷойивазкунӣ дар матн,
- ҷудонамоӣ,
- ҷустуҷӯ ва ивазнамои қисмҳои матн,
- сабти ҳуҷҷатҳои тартибдодашуда ё тағйирдодашуда ба намуди файлҳо дар ғункунакҳои дискӣ ва албатта,
- чопи ҳуҷҷатҳои тартибдодашуда
дохил мешаванд.
Файлҳое, ки ҳуҷҷатҳои дар протсессори матнии Word тартибдодашударо дар бар мегиранд одатан, васеъшавии стандартии «.dос» ё «.rtf>-ро доранд.