Форматиронии матн дар Microsoft Word

Форматрони чист?

Протсессори матнии Word имкониятҳои васеъ форматиронии мантхоро доро мебошад. Форматиронӣ — ин ба қолиби муайян даровардани тамоми матн ё қисми он мебошад.

Амали форматиронӣ дар протсессори матнии Word — интихоби намуд ва андозаи шрифтҳо, ба қолиб даровардани абзатсҳо, муайян намудани канорҳои матн ва масофаи байни сатрҳо, муайян намудани майдонҳои саҳифаҳо колонтитулҳо ва ғайра дар бар мегирад.

Форматиронӣ тавассути муайян намудани реҷаҳои мувофиқ ё қимати бузургиҳои махсус, ки параметрҳои форматиронӣ номида мешавад, амалӣ мегардад. Масалан, ба қатори параметрҳои форматиронии саҳифа – андозаҳои варақи корӣ, андозаҳои майдонҳо, саҳифагузорӣ ва намуди он, мавқеи рақам дар саҳифа, миқдори сутунҳои матн дар саҳифа ва ғ. дохил мешаванд.

Ғайр аз воситаҳои қайдшуда, дар протсессори матнии Word имкониятҳои гузаронидани автоматикии калимаҳо, санҷиши дурустии навиштани калимаҳо, ба матн дохил намудани ҷадвалҳо, тасвирҳо, формулаҳои математикӣ, матнҳои аз якчанд сутун иборат буда, тартибдиҳии мактубҳо ва дигар воситаҳои тартибдиҳии ҳуҷҷатҳо мавҷуданд.

ҚаблӣИмкониятҳои протсессори матнии Мs Word
БаъдӣИмкониятҳо ва воситаҳои асосии протсессори матнии Word