Протсессори матнии Microsoft Word

Протсессорои матнӣ

Номи умумии воситаҳои барномавӣ, ки барои тартибдиҳӣ, ислоҳнамоӣ ва форматиронии хутҷҷатҳои содда ва мураккаб пешбинй шудаанд – протсессорҳои матнӣ мебошад.

Протсессори матнии  Microsoft Word холо яке аз воситаҳои беҳтарин ва васеъ паншудаи коркади хуҷҷатҳои матнӣ мебошад. Яке аз сабабои машур шудани барномаи мазкур дар он аст, ки тартибдиҳандагони барнома саривақт масъалаи тарҷумаи мукаммали онро ҳаллу фасл намуда, воситаҳои дастгирии коркарди хутҷҷатхои дар забони русӣ навишташударо илова намуданд.

Протсессори матнии Мs Word ба оилаи бастаҳои Microsoft Office дохил мешавад. Навъи якуми он соли 1983 аз тарафи ширкати Microsoft кор карда баромада шудааст. Дар тӯли солои тараққиёти худ протсессори матнии Word роҳи дуру дарозро аз системаи оператсионии Мs- DОS ба Windovs 3.1, баъдтар ба Windows 95 ва дар ниҳоят ба системаҳои оператсионии ҳозира гузаштааст. Навъи охирини дастрасшудаи он – Word 2003 аз оилаи бастаҳои Microsoft Office 2003 мебошад.

Навъи Word 5.0 охирин навъи протсессори матнӣ мебошад, ки барои системаи оператсионии Мs- DОS тартиб дода шуда буд. Маълум аст, ки барои барномаҳои системаи оператсионии Мs- DОS принсипи мувофиқати тасвири экран ба тасвири чопӣ — WYSIWYG мувоффиқи намеояд. Бинобар он, барномаи Word 5.0 низ принсипи мазкурро риоя намуда наметавонист. Бо вуҷуди он, дар барнома воситаи махсуси аз назар гузаронии намуди хуҷҷат пеш аз чопкунӣ мавҷуд буд. Чунин восита гарчанде қиммати аввалиндараҷаи худро надорад, то ҳол боқи мондааст.

Яке аз афзалиятҳои асосии протсессори матнии Word 5.0, ки онро аз дигар барномаои монанд фарқ менамуд ин имконияти ба матн ҷойгир намудани объектҳои графикӣ буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Принсипи WYSIWYG дар протсессори матнии мазкур аввалин маротиба дар навъи Word 6.0 амалӣ гардид. Ҳамчун барномаи системаи оператсионии Windows 3.1 просессори матнии мазкур имконияти истифодабарии буфери мубодилаи системавиро дошта, истифодабарандагон барои худ воситаи тавоно, аёнй ва қулайи тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои мукаммалро дарёфт намуданд.

Навъи навбатии барнома – Word 7.0 барои системан оператсионии Windows 95 нигаронгща шуда буд. Афзалияти асосии ин навъи протсессори матнӣ дар он буд, ки акнун он хамчун барномаи алохида исобида намешуд. Ба таркиби оилаи тавонои бастаҳои Microsoft Office якчанд барномаҳо дохил буда, ба протсессори  Word вазифаи марказӣ ва муттаҳидкунандаи барномаҳо илова ешаванд.  Ғайр аз ин, дар навъи ҳафтуми протсессори матнӣ воситаи санҷиши автоматикии синтаксиси матн ба забони русӣ тадбик гардида, муваффақияти томи барномаро дар давлатоҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таъмин намуд.

Дар навъи ҳаштуми он — Word 8.0, ки ба таркиби бастаи Microsoft Office 97 дохил мешавад навъовардҳои назаррас дида намешаванд.

Дар навҳои ояндаи протсессори матнии Word камбудиҳои навъҳои гузашта мунтазам бартараф карда шуда, воситаҳои дастгирии реаҳои шабакавӣ татбиқ шуда истодаанд.

ҚаблӣНамудҳои шабака. Намудхои шабака
БаъдӣИмкониятҳои протсессори матнии Мs Word