Имкониятҳо ва воситаҳои асосии протсессори матнии Word

Имкониятҳо ва воситаҳои асосии протсессори матнии Word


— системаи маълумотдиҳии мукаммал ва маълумотҳои вобастаи зерматнӣ;

— тағйирёбии курсори матн ва нишондщандаи мушак вобаста аз ҳҳолати‚ ёрии протсессори матнӣ, ки имкониятҳои муоширатии барномаро васеъ мегардонад.

— гурӯҳи калони қолибои тайёри ҳуҷҷатҳо ва воситаҳои ёрирасон, ки тартибдиҳии ҳуҷҷатҳои стандартиро осон мегардонад;

— дохилнамоии матн бо форматиронии автоматикии сатрҳо, абзатсҳо ва саҳифаҳо;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

— дохилкунӣ, аз назаргузаронӣ ва тағйирдиҳии ҳуҷҷатҳои амалан андозаҳои дилхоҳ дошта, ки танҳо бо ҳаҷми фазои дискӣ маҳдуд шуда метавонанд;

— имконияти импорт – табдилдиҳии намуди файлҳои дигар протсессорҳо ва муҳаррирони матнӣ ба файлҳои намуди Word ва экспорт – табдилдиҳии намуди файлҳои Word ба намуди файлҳои дигар протсессори ва муҳаррирони матнӣ;

– якчанд реҷаҳои гуногуни азназаргузаронии ҳуҷҷатҳои тартиб додашаванда, ки имконияти васеи таҳлили намуди зохирӣ ва структураи хуҷҷати ҳосилшударо таъмин менамоянд;

— имконияти васеъ интихоби шрифтҳои гуногун, инчунин, услуб ва андозаи рамзҳои шрифти интихобшуда;

— ҷустуҷӯ ва ивазнамоии зерсатрҳо;

— дастрасшавӣ ба буфери мубодила, ки имконияти ҷойивазкунии қисмҳои ҳуҷҷат ё нусхаи онро дар дохили як ҳуҷҷат, байни ҳуҷҷатҳо ва ҳатто барномаҳои гуногунро медиҳад;

— имкониятҳои бекорнамоии амалиёти охирин ва барқарорнамоии амалиётҳои бекоркардашуда;

— имкониятҳои васеи ба ҳуҷҷат дохил намудани рамзҳои махсус, тасвирҳо, диаграммаҳо, графикҳо ва ғ.;

— воситаҳои автоматикунонии коркарди ҳуҷҷат —автоматӣ, автоивазнамоӣ, автоформат, автогузарониши калимаҳо ва ғ.;

— автоматикунонии тартибдиҳии рӯйхатҳо;

— автоматикунонии тартибдиҳии ҷадвалҳо;

— имконияти тартибдиҳии тасвирҳо тавассути воситаҳои худи барнома;

— воситаҳои дохилкунии формулаҳои математикӣ;

— санҷиши дурустии калимаҳо ва ҷумлабандиҳо дар забонҳои гуногун;

— интихоби синонимҳо;

— имкониятҳои васеъи чопи ҳуҷҷатҳо;

— дар як вақт коркард намудани якчанд ҳуҷҷатҳо;

— тартибдиҳии автоматикии мундариҷаи матн;

— имконияти дохил намудани воситаҳои иловагӣ тавассути макросҳо ва VВА;

— ба шабака интиқол намудани ҳуҷҷатҳо ва ғ.

ҚаблӣФорматиронии матн дар Microsoft Word
БаъдӣИсмоили Сомони – асосгузори давлати точикон