Системаи методҳои тарбия

Системаи методхои тарбия


  1. Мафҳуми «метод» ва моҳияти тарбиявии он
  2. Методҳои ташаккул додани шууронагии шахсият
  3. Методҳои ташкили фаъолият, робита, таҷрибаҳои рафтори ҷамъиятӣ
  4. Методҳои ҳавасмандгардонӣ ва маҳкумкунӣ
  5. Методҳои назорат, худназоратӣ ва худбаҳодиҳӣ
  6. Шароити интихоби оптималӣ ва самаранок истифода бурдани метоҳои тарбия
  7. Консепсияи тарбияи ҳозиразамон бар хилофи системаи тарбияи авторитарӣ

1.Мафҳуми «метод» ва моҳияти тарбиявии он

 Метод аз истилоҳи юнонии mӯthodos гирифта шуда, дар забони тоҷикӣ маънои роҳ, тарз ё равишро дорад, ки мавриди тадқиқоти илмӣ, омӯзиши назарияи тарбия, таълим ва ғайра истифода бурда мешавад. Таҳти методҳои тарбия дар педагогика тарзи ба тарбиягирандагон ташаккул додани тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ, эстетикӣ ва ғайра, ки ҳини раванди тадрис ва умури тарбия ба вуқӯъ мепайвандад, фаҳмида мешавад. Методҳои тарбия ин раванди тарафайни фаъолияти муштараки тарбиятгару тарбиягирандагон аст.

Мавзӯро пурра хонед >>


2.Методҳои ташаккул додани шууронагии шахсият

Ин гурӯҳӣ якуми методҳои тарбия методҳоеро, ки ба шуурнокии хонандагон таъсир мекунанд, фаро мегирад: фаҳмондан, панду насиҳат, маслиҳат, илтимос ва хоҳиш, ҳикоя, сӯҳбат, ибрат ва намуна. Ин методҳо ба инкишофи ҳиссу ирода, ақлу заковат ва ташаккули эътиқоду ақидаҳои кӯдакон мадад мерасонад.

Дар ҳаёти маънавӣ ва фаъолияти шахсӣ муборизаи байни фаҳмиши муқаррарӣ ва илмӣ мунтазам давом мекунад. Бинобар ин вусъатёбии дориаи алоқа ва фаъолият, бархӯрӣ бо ҳодиса ва навигариҳои зиндагӣ, тезу тунд шудани таваҷҷӯҳ ба олами ботини шахсӣ, кӯшиши худҳалкунии ҳамаи проблемаҳо кӯдаконро ба фикру андешаҳои амиқ меоранд. Дар ҷустуҷӯи ҷавоби саволҳои ба онҳо пайдошуда бештар боварӣ ҳосил мешавад, ки захираи таҷрибаи мулоҳизаронӣ ва баҳодиҳӣ барои таҳлили воқеӣ ва ҳамаҷонибаи муносибатҳои иҷтимоӣ, идеалҳо, ибрату намунаҳо ва дигар паҳлӯҳои арзанда, ки ҳаётро инъикос мекунанд, нокифояанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мавзӯро пурра хонед >>


3.Методҳои ташкили фаъолият, робита, таҷрибаҳои рафтори ҷамъиятӣ

Инсон ҳамчун субъекти меҳнат дар ҷараёни фаъолият таҳти коркунӣ ва робита ташаккул меёбад. Ҳар як фаъолият аз кору амал иборат аст. Бинобар ин дар ташкили фаъолият ва ташаккули таҷрибаҳои рафтори ҷамъиятӣ аз маҷмӯи метод ва усулҳои гуногуни таъсирбахш бояд истифода бурд.

Ташаккули шахсияти инсон маҳз дар натиҷаи зарурати зиндагӣ ва фаъолият ба вуқӯъ мепайвандад. Фаъолият нафақат олами ботини шахсиятро ифода мекунад, ҳамчунин он омили ҳалкунандаи худҳаракатдиҳӣ ва инкишофи шахсият мебошад.

Мавзӯро пурра хонед >>


4.Методҳои ҳавасмандгардонӣ ва маҳкумкунӣ

 Ин гурӯҳи методҳо вазифаҳои иҷрошуда, ислоҳи камбудиҳо ва ҳавасмандгадонии рафтор ва фаъолияти тарбиягирандагонро фаро мегирад. Кирдору амалиёте, ки аз тарафи хонандагон анҷом меёбад, баҳри пойдору устуворӣ ва минбаъда инкишофдиҳии онҳо бояд аз ҷониби муаллим изҳор (маъқул ва ё маҳкум) карда шавад. Ба ин гурӯҳ методҳои мусобиқа, ҳавасмандгардонӣ, маҳкумкунӣ дохил мешаванд.

Мусобиқа ин яке аз роҳҳои баланд бардоштани интизом, рафтор, муносибати шууронаи мактабиён мебошад. Он баҳри пешсафӣ, ноилшавӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ва ба ҳаммусобиқа ёрии беғаразона расондан нигаронида мешавад. Мусобиқа ақибмонҳоро ба дараҷаи пешқадамон мебардорад, ба инкишофи фаъолияти эҷодӣ, ташаббускорӣ, оғози навоварӣ, ҳис кардани масъулиятшиносӣ ва дар рӯҳи дастаҷамъӣ тарбиякунӣ рӯҳбаланд мегардонад.

Мавзӯро пурра хонед >>


5.Методҳои назорат, худназоратӣ ва худбаҳодиҳӣ

Кӯдакон, ки ҳоло таҷрибаи кофии зандагӣ надоранд, ба назораткунии калонсолон, сипас ба худназоратию худбаҳодиҳӣ эҳтиёҷ доранд. Ин методҳои тарбия дар ҷараёнҳои яклухти идоракунии педагогӣ бо алоқаи бозгашти натиҷаҳои тарбиявӣ ба муаллим кӯмаки зиёд мерасонанд. Барои он ки ба ҷараёни судбахши тарбиявӣ дуруст баҳо дода шавад, фаъолият ва рафтори тарбиягирандагонро бояд омӯхт.

Самарабахшии тарбияи мактабиён баҳри ноилшавии корҳои ба миён гузошта тавассути ин методҳо муайян карда мешавад. Нишондиҳандаи маҷрои дуруст гирифтани тарбияи кӯдакон ин дар ҳамаи намудҳои асосии фаъолият: бозӣ, таълим, меҳнат, корҳои тарбиявии беруназсинфӣ мувофиқи синну солашон иштирок кардани онҳо мебошад.

Мавзӯро пурра хонед >>


6.Шароити интихоби оптималӣ ва самаранок истифода бурдани метоҳои тарбия

Дар фаъоляити амалии муаллим интихоб намудани методҳои тарбия аҳамияти калон дорад. Методҳои интихобнамудаи ӯ бояд ба мақсад ва мазмуни тарбия мувофиқат кунад. Вазифаҳои мушаххаси педагоии тарбияро ба ҳисоб гирифта, муаллим кадом методро ба истифода мегирад, худаш ҳал мекунад. Албатта, вай дар шароити кунунӣ чӣ гуна афзалият дошатни методи интихобнамудаашро ба инобат мегирад.

Мавзӯро пурра хонед >>


7.Консепсияи тарбияи ҳозиразамон бар хилофи системаи тарбияи авторитарӣ

Педагогикаи демократӣ ва консепсияи тарбияи ҳозиразамон системаи тарбияи авторитариро ба тамом маҳкум мекунад.

Тарбияи авторитарӣ (аз лотинӣ ағtoқitаs – ҳокимият, ҳукмравоӣ) – системаи сиёсии ҳукмравоии зиддидемократӣ аст.

Мавзӯро пурра хонед >>


Санҷиши контролӣ

  1. Методи тарбия чист?
  2. Воситаҳои тарбия кадомҳоянд?
  3. Методҳои тарбия чӣ тавр таснифот шудаанд?
  4. Кадом методҳо ба     гурӯҳи          шууронагии   шахсият дохил мешаванд?
  5. Кадом методҳо ба гурӯҳи ташкили фаъолият ва ташаккули таҷрибаи рафтори ҷамъиятӣ дохил мегарданд?
  6. Кадом методҳо ба ҳавасмандонӣ тааллуқ доранд?
  7. Ба гурӯҳи методҳои маҳкумкунӣ кадом методҳо шомил мешаванд?
  8. Ба гурӯҳи методҳои назоратӣ кадом методҳо мансубият доранд?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  •  Болдырев Н. И. Методикаи корҳои тарбиявӣ дар мактаб. – Душенбе, 1979.
  • Гордин Л. Ю. Поощрения и наказания в воспитании детей. – М., 1971
  • Коротов В. М. Общая методика учебно – воспитательного процесса. – М., 1983.
  • Нуров А., Раҳимов Х. Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ. – Душанбе, 2005.
  • Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе. 2000.
  • Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Ахлоқи Мӯҳсинӣ. – Душанбе, 1991. Юнусов И. Педагогика: Душанбе, 2005.
ҚаблӣМаросими никоҳ, баргузории тӯйҳои арӯсӣ ва пешгирӣ аз хароҷоти зиёд
БаъдӣКоллективи бачагона ва талаботи кӯдакон ба муносибати тарафайн