Аҳамияти машқҳои ҷисмонӣ барои ташаккули дурусти скелет ва мушакҳо

Ахамияти машкхои чисмони барои ташаккули дурусти скелет ва мушакхо. Инкишофи системаи такягох ва харакати одам. Ахамияти варзиш барои мушакхо. Пешгири кардани качшавии сутунмухра ва пахнкафии пой.


Инкишофи системаи такягоҳ ва ҳаракати одам

Скелети мушакҳо дар бачагӣ ва наврасӣ инкишоф меёбад. Мушакҳо дар синни 14-17-солагӣ босуръат инкишоф ёфта, дар синни 18-солагӣ баробари мушакҳои калонсолон мешаванд. Ба ҳадди инкишоф ва ташаккул ёфтани кӯдак ҳаракатҳояш ҳам торафт мукаммал ва гуногун мешаванд. Дар инкишофи тавоноӣ, чобукию чолокӣ ва тобоварии одам машқҳои ҷисмонӣ нақши ҳалкунанда мебозанд.

Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва меҳнат боиси ташаккулёбии скелет мегарданд. Дар он ҷое, ки пайи мушакҳо мечаспанд, ноҳамворӣ, барҷастагӣ, қирраҳои устухонӣ пайдо мешаванд. Устухон дар он самтҳое тезтар месабзад, ки бисёртар кашиш ё фишор меёбад. Ҳамин тариқ, мушакҳои бадан чӣ қадаре ки нағз инкишоф ёбанд, скелет ҳамон қадар мустаҳкам мешавад.

Дар вақти тағйир ёфтани вазни бадан, масалан ҳангоми аз меъёр зиёд фарбеҳ шудан, вазни бадан зиёд шуда, ба буғумҳо бештар фишор меорад. Дар натиҷа, шахс метавонад бемории буғумдард шавад.


Аҳамияти варзиш барои мушакҳо

Муайян шудааст, ки ҳар як узви бадан нисбат ба ҳолати оромӣ вақти кор кардан бисёртар хун қабул мекунад. Чӣ қадаре ки мушак бисёр кор кунад, ҳамон қадар бисёртар моддаҳои ғизоӣ ва оксиген ба он дохил мешаванд. Дар ҳолати ба варзиши бадан машғул шудан нахҳои мушак инкишоф ёфта, одам пурқувват мешавад. Дар вақти кор кардани мушак фаъолияти бисёри узвҳо, системаи дилу рагҳо, узвҳои нафаскашӣ тағйир меёбанд. Бофтаҳо бисёртар оксигенро қабул мекунанд, реаксияи биокимиёвӣ дар ҳуҷайраҳо авҷ мегирад, мубодилаи моддаҳо дар бофтаҳо фаъолтар мегузаранд. Варзиши бадан ба тамоми организм таъсири мусбат расонида, саломатии одам мустаҳкам мешавад, одам обутоб меёбад ва ба ҳар гуна таъсири номуътадили беруна мутобиқ мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба меҳнат, варзиш, машқ ва бозиҳои варзишӣ пайваста машғул шуда, минбаъд онҳоро мунтазам зиёд кардан лозим аст. Бе тайёрии муносиби ҷисмонӣ бозии дуру дароз, масалан футбол, хоккей, баскетбол, давидан ба масофаи дур, метавонад ба организми беқувват таъсири манфӣ расонад.


Пешгирӣ кардани каҷшавии сутунмуҳра ва паҳнкафии пой

Организми одам тавассути бисёр мушакҳо, аз ҷумла мушакҳои тахтапушт дар ҳолати муайян нигоҳ дошта мешавад. Масалан, мушакҳои росткунанда одамро «ростқомат» мекунанд. Барои дар ҳолати рост нигоҳ доштани бадан мушакҳои росткунанда бояд на танҳо дар муқобили мушакҳои қаткунанда, инчунин ба муқобили мушакҳои кашишхӯранда, ки якҷоя бо онҳо амал мекунанд, истодагарӣ намоянд.

Қомати рост, бозуи пурқувват, синаи фарох, сари баланд аломатҳои андоми хуб, яъне зебоӣ, саломатӣ ва коршоямианд. Шонаи ноҳамвору хамида, синаи фурӯрафта кори узвҳои дарунӣ, дар навбати аввал кори узвҳои нафаскашӣ, дил ва рагҳои мағзи сарро душвор месозанд.

Қомати зебо модарзодӣ набуда, баъд пайдо мешавад. Он дар хурдсолӣ ва наврасӣ ташаккул ёфта, баъд аз 18-солагӣ бартараф кардани нуқсонҳояш душвор мешавад. Дар синну соли мактабӣ вақте ки бофтаҳои тағоякӣ ҳанӯз пурра ба устухон табдил наёфтаанд, ҳангоми сари миз ва парта нишастан аз қаду қомат бохабар шудан хеле муҳим аст. Сутунмуҳраи хонандае, ки рӯз ба рӯз қоматашро нодуруст нигоҳ дошта мешинад ё кор мекунад, мумкин аст, ки каҷ шавад (расми 38). Каҷшавии сутунмуҳра фаъолияти узвҳои дохилиро душвор месозад.

Каҷшавии сутунмуҳра
Расми 38. Каҷшавии сутунмуҳра

Агар наврасон пойафзоли ҳаҷмаш хурд ва пошнабаланд пӯшанд, ин ба нодуруст инкишоф ёфтани кафи пойи кафи пойи кафи пой ва ниҳоят муқаррарӣ ҳамвор паҳн шудани он, ба паҳнкафӣ оварда мерасонад (расми 39).

Вазифаи такяи пойҳо дар вақти кафи пойи муқаррарӣ ва ҳамвор
Расми 39. Вазифаи такяи пойҳо дар вақти кафи пойи муқаррарӣ ва ҳамвор

Кафи пойи калонсолон ҳам, ки аз рӯйи касбу корашон дуру дароз рост меистанд ё ҳамеша роҳ мегарданд, ҳамвор мешаванд. Ба пошнапаҳнӣ фарбеҳӣ мусоидат мекунад. Кафи пойи одамон вақти роҳгардӣ ва истодан дард мекунад. Дар натиҷаи машқҳои махсуси ҷисмонӣ пошнапаҳниро бартараф кардан мумкин аст.


Дониши худро санҷед:

  1. Чаро мунтазам ба варзиши бадан машғул шудан ба инкишофи мушаку скелети одам оварда мерасонад?
  2. Барои чӣ сутунмуҳра каҷ мешавад?
  3. Барои каҷ нашудани сутунмуҳра чӣ бояд кард?
  4. Сабаби асосии пошнапаҳнӣ чист?
  5. Пошнапаҳниро чӣ тавр пешгирӣ кардан мумкин аст?
  6. Меҳнати ҷисмонӣ, машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба организм чӣ хел таъсир мерасонанд?
ҚаблӣМазмун ва мундаричаи ашъори Мулхами Бухорои
БаъдӣИнкишофи системаи такягоҳ ва ҳаракати одам