Аҳамияти варзиш барои мушакҳо

Ахамияти варзиш барои мушакхо.


Муайян шудааст, ки ҳар як узви бадан нисбат ба ҳолати оромӣ вақти кор кардан бисёртар хун қабул мекунад. Чӣ қадаре ки мушак бисёр кор кунад, ҳамон қадар бисёртар моддаҳои ғизоӣ ва оксиген ба он дохил мешаванд. Дар ҳолати ба варзиши бадан машғул шудан нахҳои мушак инкишоф ёфта, одам пурқувват мешавад. Дар вақти кор кардани мушак фаъолияти бисёри узвҳо, системаи дилу рагҳо, узвҳои нафаскашӣ тағйир меёбанд.

Бофтаҳо бисёртар оксигенро қабул мекунанд, реаксияи биокимиёвӣ дар ҳуҷайраҳо авҷ мегирад, мубодилаи моддаҳо дар бофтаҳо фаъолтар мегузаранд. Варзиши бадан ба тамоми организм таъсири мусбат расонида, саломатии одам мустаҳкам мешавад, одам обутоб меёбад ва ба ҳар гуна таъсири номуътадили беруна мутобиқ мешавад.

Ба меҳнат, варзиш, машқ ва бозиҳои варзишӣ пайваста машғул шуда, минбаъд онҳоро мунтазам зиёд кардан лозим аст. Бе тайёрии муносиби ҷисмонӣ бозии дуру дароз, масалан футбол, хоккей, баскетбол, давидан ба масофаи дур, метавонад ба организми беқувват таъсири манфӣ расонад.


Мавзӯи пурра >>

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аҳамияти машқҳои ҷисмонӣ барои ташаккули дурусти скелет ва мушакҳо

ҚаблӣИнкишофи системаи такягоҳ ва ҳаракати одам
БаъдӣПешгирӣ кардани каҷшавии сутунмуҳра ва паҳнкафии пой