Интерйери хонаи истиқоматӣ

Интерйери хонаи истикомати.


Ороиши дохили хона ба завқи эстетикии истиқоматкунанда вобаста аст. Хонаи истиқоматӣ якбора чанд хизматро иҷро мекунад: ҷойи кор, фароғат, хондан ва қабули меҳмонон. Умуман хона аз рӯйи таъинот ба шахсӣ ва умумӣ ҷудо мешавад (ҳуҷраҳои хоб, бачагон, гигиенаи шахсӣ, машғулияти фардӣ, фароғатгоҳ, хӯрокхӯрӣ, ошхона, даромадгоҳ).

Хонаҳои давлатӣ 1, 2, 3, 4 ва бисёрҳуҷра мешаванд. Дар хонаҳои бисёрҳуҷра ҳар як ҳуҷра таъйиноти худро дорад. Ҳуҷраи аз ҳама калон (зал – ҳуҷраи умумӣ)-ро барои меҳмонқабулкунӣ ҷудо мекунанд. Барои хониш, дарздӯзӣ, кор бо асбобҳои мусиқӣ, фароғат, хӯрокхӯрӣ, кор ва ғайра низ ҳуҷраҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. Онҳо бо диван-кат, каткурсӣ, ҷевони китобмонӣ, мебели омехта (ё стенка), мебели мулоим, мизи маҷаллаҳо, гӯшаи фароғат, мизи хӯрокхӯрӣ, курсиҳо, такя барои телевизор ва ғайраҳо ҷиҳозонида мешаванд. Агар ҳамаи ашёи хона – рӯйпӯшҳо, зарфҳо, асбобҳои равшанидиҳандаи сунъӣ, мебел ва ғайра ба ҳам мувофиқ бошанд, хона равшану зебо мешавад.

Расми 18. Интерйери ҳуҷраи умумӣ
Расми 18. Интерйери ҳуҷраи умумӣ
ҚаблӣПухтани компоти себу олучаи тару тоза (Кори амалии №17)
БаъдӣНавъҳои нах ва матоъ. Нахҳои бовандагӣ