Истиклолият муборак – Табрикот барои истиқлолият

Истиқлол муборак! Якчанд табрикнома барои истиклолият дар ин саҳифа оварда мешаванд. Метавонед истифода баред. Чашни Истиклол муборак!

Табрикоти самимонаи моро бо Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кунед!

Ин ид рамзи озодӣ ва қудрат аст. Дар тӯли солҳои истиқлол мо ба пешрафтҳои азим ва эътирофи ҷаҳонӣ ноил гаштем!

Ба Шумо ва наздиконатон саломатӣ, сарбаландӣ ва сулҳу субот орзу менамоем!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Бо арзу эҳтироми бепоён шуморо бо муносибати 27-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, бароятон қабл аз ҳама хонаи обод, рӯзгори босаодат, файзу баракат ва иқболи баландро орзу менамоем.

Бигзор, ҷашни муқаддаси истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, фатҳу кушоишҳо оварад ва ҳамеша ваҳдату ягонагӣ ҳамсафари доимии шумо бошад!

Рӯзи истиқлол муборак бод!


Бо ифтихору арҷгузорӣ аз истиқлолият – ҷавҳари ҳаёти имрӯзаамон таманнои онро дорам, ки осмони Ватанамон софу рӯзгорамон обод, саодату пирӯзӣ ва комёбиҳои беназири меҳнатӣ насибамон гардад.

Бигзор, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи халқамон диёри бостонии Ҳисор ба сарзамини ободу биҳиштосо табдил ёбад ва нуфузу эътибори Ватани азизамон – Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гардида, бузургтарин дастоварди миллатамон – Истиқлолияти давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад.


_____________ шуморо бо муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, бароятон қабл аз ҳама хонаи обод, рӯзгори босаодат, файзу баракат ва иқболи баландро орзу менамояд.

Бигзор, ҷашни муқаддаси истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, фатҳу кушоишҳо оварад ва ҳамеша ваҳдату ягонагӣ ҳамсафари доимии мо бошад!

Рӯзи истиқлол муборак бод!


_______________ якояки Шуморо ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона шодбош мегӯяд!

Орзуманди онем, ки дар хонадонатон тинҷиву амонӣ, дар рӯзгоратон бахту саодат бошад ва комёбии Шумо раҳнамое барои рушди Ватан гардад!

Бигзор осмони Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша мусаффо ва мардуми сарбаландаш сарфарозу муваффақ башад!


“Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо. Ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон

___________(номи ширкат) ҳамватанони азизро ба муносибати бузургтарин дастоварди миллат – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳативу хонаободӣ, садоқат ба миллату давлат дар роҳи созандагиву ободкорӣ, таҳкими амнияти миллӣ баҳри шукофоии Тоҷикистони азиз комёбиҳо таманно менамояд.

Маҳз Истиқлол имконияти таърихие фароҳам овард, ки тоҷикон ватани худро соҳибӣ кунанд, давлатдории миллии худро барпо намоянд, суннату арзишҳои хешро эҳё созанд ва зиндагии озодонаро ба роҳ монанд.

Дар давоми 30 соли Истиқлол бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудем.

Бигзор ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба кишвари мо шукуфоӣ, пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон саодату пирӯзии комил оварад.

Ҷашни Истиқлол муборак бошад. Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед!


Истиклолият, Табрикот барои истиклолият.

ШОЯД ИНҲО ҲАМ БА ШУМО ЛОЗИМ БОШАНД >>

ҚаблӣХамсаи Низоми Ганчави. “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ.
Баъдӣ“Махзан-ул-асрор”-и Низомии Ганҷавӣ – Хамса.