Барномасоз кист? Барномасозӣ чист? Шароити корӣ, даромад

Ба номи Худои бахшанда ва меҳрубон. Дуруду салом ба шумо корбарони гиромӣ.

Барномасоз кист? Чаро барномасоз шавем? Барномасоз чӣ қадар даромад дорад? Оё мутахассиси тоҷики ин соҳа аз мутахассисони хориҷа фарқ мекунанд ва даромади кам мегиранд?

Ҷавоб ба ин ҳама саволҳо, дар ин мақола аз мудири сомонаи Donishju.net.

Пеш аз ҳама:

Банда, мудири сомонаи donishju.net ҳастам. Азбаски мақолаҳои тоҷикӣ дар мавзӯҳои мухталиф (махсусан соҳаи технологияи иттилоотӣ) бисёр каманд, тасмим гирифтам каму беш аз таҷрибаи хурде дорам мақолаҳои хурде дар ин сомона нигорам, то як каме бошад ба донишомӯзону мардум кӯмаке шуда бошад.

Мақолаҳои банда (шояд дер-дер) дар бахшҳои гуногун, вале дар барчаспи “Мудирият” нашр хоҳанд шуд.

Мақолаҳо ғайри иқтибосҳои дигар сомона ё китобҳо, пурра фикри муаллиф буда, метавонанд, бо фикри шумо ё дигарон мухолиф бошанд.

Оғоз мекунем …


Барномасоз кист?

Биёед аввал дар бораи барномасоз каме маълумот гирем. Чунки аксарият фикр мекунанд, ки барномасоз ё худ программист “бо телефон ё компютер хуб кор мекунад” ё инҳоро “таъмир мекунад” ё “интернетро хуб мефаҳмад ва дар интернет чизи мавриди назарро тезтар ҷустуҷӯ мекунад”.

Google (аз Wikipedia) дар мавриди барномасоз чунин менависад:

Программи́ст — специалист, занимающийся программированием, то есть созданием компьютерных программ.

Тарҷума аз муаллиф: Барномасоз мутахассисест, ки ба барномасозӣ, яъне сохтани барномаҳои роёнаӣ (компютерӣ) машғул аст.


Барномасоз фақат сомона (сайт) месозад?

Чуноне аз таърифи барномасоз бар меояд, танҳо сомона на. Ғайри сомона сохтан дигар корҳо ҳам аз дасташ меоянд ?.

Барномасоз барномаҳои роёнаӣ (компютерӣ) менависад, азбаски соҳаи web бисёр тараққӣ карда, барномаҳои компютериро мутобиқ ба web менависанд, то ҳангоми сохтани як барнома, ба он ҳам аз телефон ҳам аз ноутбук ва дигар таҷҳизотҳо аз дилхоҳ гӯшаи дунё даромада тавонанд.

Масалан барои истифодаи он дар дигар компютер шарт нест онро боргирӣ кунед, насб кунед ва ғайра. Кофист ба нишонии домени он ворид шавед, барнома дар браузер кушода мешавад.

Масалан, online.alif.tj (барнома барои мудирияти хадамоти бонки Алиф), alifpay.tj (барои аз корти худатон ба корти дигар кас маблағ равон кардан), web.telegram.org (барои истифодаи барномаи телеграм тавассути браузер) ва ғайра.


Чаро бояд барномасоз шавем?

Имкониятҳо дар ин соҳа зиёданд. Ҳоло қариб аксар тиҷорат рақамӣ шуда истодаанд. Масалан, агар шумо як мағоза доред, барои шумо барномае лозим, ки хариду фурӯшро идора кунед, даромаду хароҷотро ҳисоб кунед ва ғайраву ғайра.

Ва ё тиҷорате доред, мехоҳед барои он хариду фурӯши онлайнро дуруст кунед, то мардум тавонанд молҳои шуморо аз дилхоҳ ҷой бинанд, фармоиш диҳанд, харид кунанд.

Умуман дар ҳама соҳа мешавад бисёр корҳоро худкор (автоматӣ) кард. Ҳамаи ин худкорсозӣ (автоматизатсия) тавассути барномасозӣ мешавад. (Албатта баъзе худкорсозиҳои хурдро метавон тавассути Excel бе донистани барномасозӣ иҷро кард, вале барои барномаву ҳисобҳои калонтар ба шумо барномаи махсус лозим мешавад.)

Аз ин сабаб, таваҷҷуҳ ба ин соҳа зиёд аст, ҷойҳои корӣ ҳам зиёд. Ҳатто агар дар макони худатон ҷои кор наёфтед метавонед аз ҳамин ҷои нишастатон истода барои як ширкати хориҷа расман кор кунед.

Агар намехоҳед бо маош кор кунед ва ё аз ширкате вобаста бошед, метавонед стартапи худро ташкил кунед, ё ҳади ақал ҳамчун дуркор (фрилансер) кор карда даромади хубе ба даст оваред. (Агар намедонед сухан дар бораи чист, пас дар Google оиди “фрилансер” ҷустуҷӯ намоед.)

Агар инро ҳам нахоҳед, метавонед ягон идеяи худро сохта, тавассути он маблағ ба даст оваред (монанди donishju.net ?)

Хулас, имкониятҳо бениҳоят зиёданд ва ин аниқ аст, ки шумо бекор намемонед.


Ҳама барномасоз шуда метавонад?

Бале, ҳама барномасоз шуда метавонад агар …

  • шавқу завқ ба ин соҳа ва омӯзиш зиёд бошад. Масалан, шумо ҳангоми нишастан дар назди роёна ва омӯхтани барномасозӣ бояд монда ва дилгир нашавед. Агар ин кор ба назари шумо дилгиркунанда (скучный, boring) бошад, шумо баъди як моҳи омӯзиш ин соҳаро тарк мекунед;
  • тамом ?.

Воқеан, ягона чиз барои барномасоз ба фикри банда, шавқ, завқ ва ҳавас аст, дигар ҳама монеаҳоро метавон гузар кард.


Ман 20, 25, 30, 40 … солаам, оё барои барномасоз шудан дер нашудааст?

Худи банда ҳарчанд аз соли 2019 ба сохтани сомона (сайт) машғул будам (ҳамон сол сомонаи donishju.net-ро сохтам), баъди якчанд сол, дар 23 солагӣ ба омӯзиши барномасозӣ оғоз кардам ва ҳоло бо изни Худо каму беш дар ин соҳа кору фаъолият мекунам ва ризқамро ба ин васила дарёфт карда истодаам.

Дар YouTube пур аст, чунин нафароне, ки дар 40 солагӣ ё аз ин ҳам боло барномасозиро оғоз карда, муваффақ гаштаанд (метавонед ҷустуҷӯ карда тамошо кунед, агар ба фикратон сину сол садди роҳатон шуда).


Донистани забони русӣ ё англисӣ ҳатмӣ аст?

Дар аввал не. Ақалан забони русӣ (ё англисӣ)-ро фаҳмида тавонед, фикр мекунам кофӣ аст. Чунки баъзе курсҳо ба русӣ мегузаранд, инчунин агар худомӯзӣ кунед, мавод бештар ба русиву англисӣ аст.

Аммо агар мехоҳед дар ин соҳа пеш равед ва ё дар ширкатҳои хориҷа кор кунед, пас бояд русиву англисиро як каме омӯзед. Махсусан, забони англисиро. Барои оғоз, танҳо фаҳмидани забони русӣ (ё англисӣ) фикр мекунам кофист.

Донистани забонҳои хориҷӣ дар ҳама соҳа ба шумо лозим аст.


Барномасоз чӣ қадар даромад дорад?

Саволи асосӣ ва барои аксарият ҷолиб.

Даромади барномасозонро дидан бисёр осон аст. Масалан, ворид мешавем ба сомонаҳое, ки таблиғоти ҷои корӣ аст.

Яке аз сомонаҳои машҳур дар ИДМ ин hh.ru аст, ки чунин миқдори ҷойҳои корӣ то чунин миқдор маош дастрасанд:

Намогирифт аз сомонаи hh.ru

Инро метавон бо қурби ҳозира (октябри 2023) 52900 сомонӣ. Бад нест, ҳамин тавр не?

Ҷои корӣ барои барномасози хурд (junior C#) дар ҳамин сомона бо маоши 90 000 – 130 000 рубли русӣ вуҷуд дорад, ки ҳудуди 10 000 – 15 000 сомонӣ мешавад.

Junior дараҷаи аввалини барномасозӣ (ва чанд соҳаи дигар) аст баъди коромӯз.

Дар ширкатҳои тоҷикӣ ва умуман Тоҷикистон шояд вазъ каме фарқ кунад. Банда, аз бозор пурра бохабар нестам, вале то ҷое медонам, барномасоз аз оғоз 2000 сомонӣ то 20-25 ҳазор сомонӣ нарх дорад.

Ҳамин рӯзу шаб дар сомонаи аз ҳама машҳур – somon.tj ҷойҳои корӣ барои барномасози php бо маоши 7000 c. ва web-барномасоз бо маоши 10 000 с. дарёфтам.

Дигар аксар ширкатҳо монанди Алиф, Спитаменбонк, Мегафон ва ғайра таблиғоти ҷои корӣ доранд, аммо нархро нишон надодаанд. То ҷое аз шунидаҳо маълум аст, нархи барномасоз дар ин ширкатҳо баробар бо хориҷ аст (соддатар гӯем хуб аст ?).

Вале агар шумо намехоҳед бо ин даромад дар Тоҷикистон кор кунед, агар русӣ ё англисиро медонед, метавонед аз ҳамин ҷо дар ширкатҳои хориҷӣ кор карда, даромади хубе дошта бошед ва ё ба хориҷ рафта кору фаъолият кунед.

Агар намехоҳед бо маош кор кунед, метавонед ҳамчун фрилансер кор кунед.

Хулас, маоши барномасоз чӣ дар Тоҷикистон чӣ дар хориҷ хуб аст, аз 1000-2000 сомонӣ то 20-25 ҳазор сомонӣ аст (мувофиқи сомонаҳои корӣ, ки маош нишон дода шудааст).


Оё мутахассиси тоҷики ин соҳа аз мутахассисони хориҷа фарқ мекунанд ва даромади кам мегиранд?

Не!

Чуноне дар боло қайд кардам, барномасозӣ сарҳадро намедонад. Яъне шумо агар барномасозед метавонед, дар дилхоҳ ҷой кор кунед. Ҳамин боис мешавад, ки чӣ ширкатҳои ватанӣ чӣ ширкатҳои хориҷӣ бо ҳам рақобат кунанд ва барномасозони беҳтаринро бо маоши рақобатпазир ба кор гиранд.


Маълумот зиёд, вале кушиш кардам, фишурда дар ин маврид гуфта бошам. Шумо ҳам дар шарҳ назари хешро нависед, оиди барномасозӣ, шароити корӣ, маош ва ғайра чӣ фикр доред.

Мавзӯи оянда дар бораи “Чӣ тавр барномасоз (программист) шавам?” хоҳад буд. Пайгир бошед. Барои аз мақолаҳои нави мо бохабар шудан ба телеграм канали мо бипайвандед.

Дар паноҳи Яздони пок.

ҚаблӣШаклҳои феълӣ. Шаклҳои тасрифнашавандаи феъл
БаъдӣМасдар чист? (грамматикаи забони точики)

3 шарҳ

  1. Салом, аз шумо як хоҳиш доштам. Ба почти электрон ё рақами телефоне ки мегузорам ба саволам ҷавоб диҳед лутфан. Оё донишҷгоҳро хонем факултаи барномасозиро? Ё курс хонем ё ки ҳар дуяшро хонем?

  2. ман окилбоев Солехчон холо дар синни 17 карор дорам ман хам мехохам ки дар оянда барномасос е худ донандаи компютер шавам .

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед