Аҳамияти таълиму тарбия дар ташаккули тафаккур ва шахсияти кӯдак

Ахамияти таълиму тарбия дар ташаккули тафаккур ва шахсияти кудак.

Кудак оила психологияи кудак

Таълим ва тарбияи кӯдак ҳеҷ гоҳ барвақт нест. Рӯҳу равони тифл монанд ба навори суратгирист, покизаву дастнозада, ҳар гуна таассурот дар он ба таври ҳамеша нақш мебандад. Аз ин рӯ агар волидон ё омӯзгор ин нуктаро ба инобат нагиранд ва аз рӯзҳои нахуст ба тарбияи тифл машғул нашаванд, бузургтарин имконро аз даст медиҳанд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ин маврид чунин менависад: «Фарзандонро аз хурдӣ ҳусни ахлоқ таълим кунанд ва ба зинати дунё нафиребанд. Чун тифлро аз аввал бад-ин тартиб тарбият кунанд, вақте ба ҳадди балоғат расад, баракати он ба зоҳиру ботини ӯ зуҳур кунад. Агар ҳамчунин кардӣ, наҷот ёфтӣ ва ҳам халқро наҷот додӣ…».

Дар тарбияи тифл қоидаи муҳимме ҳаст, ки набояд фаромӯш шавад. Кӯдакро бояд як нафар ё ҳама бо як усул тарбия кунанд. Хатои бузург аст агар дар оила ҳама ба тарбияи тифл бо усулҳои гуногун даст зананд. Ин дар тарбияи кӯдак мушкилӣ эҷод мекунад. Ҳар кас ба кӯдак таъсири хос мерасонад, ки аз якдигар тафовут дорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Баъзе волидон ба тарбияи кӯдак аҳамият намедиҳанд. Онҳо гумон мекунанд, ки кӯдак дар ин давра монанд ба бозича аст, яъне лӯхтак асту ҳар кас метавонад ӯро ба даст гирад, бозӣ кунад.

Тифлро кӣ бояд тарбия кунад, падар ё модар? Маълум аст, ки дар тарбияи кӯдак модар нисбат ба падар имконоти бештар дорад. Танҳо модар метавонад дар рӯзҳои нахустин тифлро ором кунад, зеро оҳанги рӯҳи модар бо оҳанги рӯҳи навзод ҳамвазн аст. Падар дар ин айёми зиндагӣ метавонад танҳо ба модар ёрӣ расонад. Баъдтар дар зиндагии кӯдак замоне фаро мерасад, ки ба таъсиру нуфузи падар ниёз ба миён меояд, вале на дар давраи тифлӣ. Ҳамин тавр, устоди аввал модар, устоди дуюм падар ва устоди сеюм омӯзгор аст.

Дар ҷараёни таълим ва тарбияи кӯдак се усулро истифода бурдан мумкин аст: авторитарӣ (тавассути зӯрӣ ва тарсонидан), демократӣ (тавассути меҳру дӯстӣ) ва либералӣ (бепарвоӣ). Ҳар яке аз ин усулҳо натиҷаи гуногун медиҳад. Оқибати усули авторитарӣ кӯдакро ба ғулом табдил додан аст. Кӯдак тарсончак, сархам ва хушомадгӯ ба воя мерасад, вале дар сурати қаҳру ғазаб метавонад, ки волидонашро лату кӯб намояд. Дар усули либералӣ кӯдак бетарбия, беилму беҳунар мемонад. Ба воситаи усули демократӣ кӯдак бомеҳру муҳаббат, мустақил ва содиқ тарбия меёбад. Умуман, бо усули авторитарӣ аз кӯдак ғулому бо усули демократӣ аз кӯдак шоҳро тарбия намудан мумкин аст.

Ҳар усулеро, ки шумо дар таълиму тарбияи кӯдак истифода мебаред, набояд беҳадаф бошад. Вагарна ҳама зиндагии вай бемақсад мешавад.

Оғози зиндагӣ барои одам нисбат ба бахши ояндааш муҳимтар аст, зеро пайроҳае, ки вай ҳама умр аз он меравад, маҳз дар кӯдакӣ сохта мешавад. Роҳҳоро омӯзгор барои кӯдак месозад. Агар роҳ сохта нашавад ва омӯзгор вазифаашро иҷро накунад, дар калонсолӣ ӯро душвориҳои зиёд пеш меояд. Омӯзиш дар оила, дар мактаб ва дар донишгоҳ барои шахс бисёр муҳим аст.

Дар сурати якравӣ ё гиря кардани кӯдак бояд ба ӯ ширинӣ ва ё чизи писандидаашро ваъда диҳед, меҳрубонию дастгирӣ кунед. Агар навозишу меҳрубонӣ натиҷа надиҳад, пас сарзаниш бояд кард. Сарзаниш бояд кӯтоҳ бошад ва аз оҳанги овозу лаҳни сухан ошкор шавад. Сарзаниш набояд тунд ва бадхашмона бошад. Оҳанги хоссе даркор аст, то кӯдак зуд дарёбад, ки ӯро сарзаниш мекунанд. Усули нодурусти тарбия тарсонидани кӯдак аз чизҳои ваҳмангез аст, ки волидон истифода мекунанд. Агар ӯ гиря кунад, ӯро бо ҷину париву албастиву чизҳое ба ин монанд метарсонанд. Ин аз бадтарин амалҳоест, ки дар тарбияи кӯдак раво медонанд. Зеро чунин тарсдиҳиҳо ба рӯҳи кӯдак таъсири манфӣ гузошта, рушди сифатҳои шуҷоатнокӣ ва далерии ӯро бозмедорад.

Хуб мешуд, ки ба кӯдак афсонаҳои дар бораи ҷину парӣ нақл накунем. Онҳо ба кӯдак таъсири манфӣ мерасонанд.

Барои ташаккули тафаккури кӯдак бояд бештар аз бозича ва бозиҳои конструктивӣ истифода кард. Бигузор кӯдак дар асоси нақша аз ҳар гуна маводди гуногун (секунҷа, чоркунҷа, сутунча ва ғайра) шакли биноро бисозад. Хуб мешавад, ки кӯдак шарти бозиро нағз аз худ карда, бештар ба бозиҳои муаммогӣ, ки қобилияти фикрии ӯро инкишоф медиҳанд, машғул шавад. Масалан, вобаста ба шакл ва ранг сохтани ашё ё бино барои кӯдак машғулияти ҳам муфид ва ҳам басо шавқовар аст.

Бозичаҳои писаронаро набояд ба духтарҳо дод ва баръакс. Агар писарҳо бо бозичаҳои духтарона одат намоянд, ақлашон ба самти дигар рушд мекунад, духтарон низ инчунин. Писарон ва духтарон бояд бозичаҳои хосси худро дошта бошанд.

Барои бо ҳамсолонаш бозӣ кардани кӯдак вақти муайянро ҷудо бояд кард. Волидон бояд муайян кунанд, ки кӯдакашон чанд муддат ва бо кадом ҳамсолонаш бозӣ намояд, зеро ҷамъияти ҳамсолонаш барои ояндаи кӯдак таъсири ҷиддӣ мерасонад. Бо ҳамсолони бадрафтору бадгуфтор ҳамроҳ бозӣ кардани кӯдак боиси пайдо шудани хислатҳои манфӣ мешавад. Чунонки мегӯянд: «Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ».

Волидон набояд фаромӯш кунанд, ки таълиму тарбия дар мактаб бе таълиму тарбия дар хона самари хуб намедиҳад. Бисёр волидон ба таълиму тарбия камтар диққат медиҳанд ва гумон мекунанд, ки ин танҳо вазифаи мактаб аст. Ҳол он ки таълиму тарбияи хуб дар хона минбаъд барои таълиму тарбияи кӯдак дар мактаб заминаи боэътимод мегузорад ва барои рушду такомули тафаккури ӯ хеле муҳим аст.

Равоншиносон исбот кардаанд, ки барои рушди ягон хусусияти равонии кӯдак ҳар як давраи синну сол мусоидат мекунад. Масалан, барои кӯдакони синну соли томактабӣ рушди нутқ ва забономӯзӣ мувофиқ аст. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани ҷараёни таълиму тарбия дар кӯдакон имконияти то 5 забони хориҷиро аз худ кардан пайдо мешавад. Ин корро бо забонҳои гуногуни хориҷӣ тавассути намоишномаҳои хурди ба завқи кӯдак мувофиқ метавон ташкил кард.

Дар баробари рушди босуръати нутқ дар кӯдакони синну соли томактабӣ хусусияти кунҷковӣ ва шавқу завқ барои дарки олами атроф бештар мешавад. Барои дар бораи олами атроф бештар маълумот пайдо кардан кӯдакон бо саволи «Чаро?» ба волидонашон муроҷиат мекунанд. Ба мисли «Чаро барф меборад?», «Чаро барф сафед аст?» ва монанди ин. Дар ин ҳолат ба волидон зарур аст, ки ба саволҳои бешумори кӯдакон эътибор дода, аз рӯйи фаҳмиш ва ҷаҳонбинии онҳо ҷавоби мувофиқ диҳанд. Афсӯс, ки дар бисёр оилаҳои серфарзанд, волидон аз кору ташвишҳои бисёри зиндагӣ на ҳама вақт имкон пайдо мекунанд, ки ба саволҳои бешумори кӯдак ҷавоби зарурӣ бидиҳанд. Ҳатто баъзан барои саволҳои бисёру ноҷо додаашон ӯро сарзаниш ҳам мекунанд. Чунин рафтори волидон метавонад боиси нобуд гардидани ҳисси кунҷковӣ ва бозмондани рушди тафаккури кӯдак гардад.

Дар ҷараёни таълиму тарбия дар оила ва мактаб имконияти зиёди рушди шахсияти кӯдакон пайдо мегардад. Онҳо тавассути таҳсили муваффақона дар мактаб тадриҷан мустақилона ба омӯзиши асарҳои афсонавӣ ва дар синфҳои болотар – 5-7 ба хондани асарҳои саргузаштӣ завқ пайдо карда, ҷаҳонбинии худро васеъ мекунанд.

Дар рафти таълиму тарбия барои рушди шахсият ва тафаккури кӯдак боз зарур аст, ки волидон ва омӯзгорон ба онҳо чунин саволҳое бидиҳанд, ки кӯдакро ба фикр маҷбур созад. Масалан, саволи «Абӯабдулло Рӯдакӣ қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-ро кай навиштааст?» аз кӯдак чандон фикру мулоҳизаро тақозо намекунад. Вале саволи «Чаро Абӯабдулло Рӯдакӣ асари «Шикоят аз пирӣ»-ро навишт?» кӯдакро маҷбур месозад, ки оид ба ин масъала фикр карда, ақидаи худро баён созад ва маҳорати фикррониашро ташаккул бидиҳад.

Бояд гуфт, ки бархе аз кӯдакон имконияти муҳокимаронӣ карданро доранд ва бархе надоранд. Вале маҳорати муҳокимаронӣ кардан дар ояндаи онҳо зарур мешавад. Ин қобилияти муҳимми шахсиятро метавон тавассути пурсишу посух ташаккул дод. Ба мисли: агар ин бояд чунин бошад, чаро бояд чунин бошад; ва агар набояд чунин бошад, чаро набояд чунин бошад ва ғ. Агар кӯдак бигӯяд, ки «Ин дуруст аст» бояд пурсид, ки «Чаро дуруст аст?» ва агар гӯяд, ки «Нодуруст аст», бояд пурсид, ки «Чаро нодуруст аст?».

 Омӯзгор ва волидон бояд зинаи инкишофи тафаккури кӯдакро донанд ва тавассути саволи «Чаро?», ки ҳамеша дар нӯги забонашон аст, маҳорати фикрронии кӯдакро инкишоф диҳанд. Ҳар кӯдаке, ки қобилияти муҳокимарониаш хуб аст, ояндааш дурахшон хоҳад буд.

Саволҳо

  1. Ки ва кадом вакт бояд кудакро тарбия намояд?
  2. Чи тавр рушди кудакро тезонидан мумкин аст?
  3. Ба саволхои кудак чавоб додан чи мохият дорад?
  4. Тафаккури кудакро чи гуна инкишоф додан мумкин аст?
  5. Беахамияти дар таълим ва тарбияи фарзанд чи окибатхо дорад?
  6. Оё тарбия ба синну сол алокаманд аст?
  7. Барои инкишофи нутки кудак кадом амалхоро бояд ичро намуд?
ҚаблӣШеър дар васфи муаллим
БаъдӣҲуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд