Истеҳсолоти ҷамъиятӣ чун ягонагии худи истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолот

Ҷанбаи дигари муҳими истеҳсолоти моддӣ ин муносибатҳои истеҳсолӣ ба ҳисоб мераванд. Ин ба он асос меёбад, ки маҳсулоти меҳнат барои истеъмолот офарида мешавад. Истеҳсолот бе истеъмол имконнопазир аст, чуноне ки дар он накши пешбарро истеҳсолот мебозад. Истеҳсолоту истеъмолот на танҳо бо ҳамдигар алоқаманданд,  балки дар нисбати муайян ҳатто тавъаманд.

Истеҳсолот, аз як тараф, ҳамзамон истеъмолот мебошад: истеъмолоти нерӯи корӣ, шайъи меҳнат ва воситаҳои меҳнат. Аз дигар ҷониб, истеъмолот, ҳамзамон истеҳсолот низ ҳаст, хусусан истеҳсолоти нерӯи  корист. Аммо ин айният фарқиятҳоро истисно намекунад. Фарқ кардани худи истеҳсолот ҳамчун офариниши неъматҳои моддӣ аз худи истеъмолот ҳамчун раванди дигаргуна, дар нисбати офариниши неъматҳои моддӣ ҳамеша зарур аст. Худи истеъмолот равандест тобеъ ба худи  истеҳсолот, яъне он тарафи истеҳсолот мебошад, ки дар маънои васеъ фаҳмида мешавад.

Ҳамаи чизҳои дар раванди истеҳсолот офаридашуда дер ё зуд истеъмол мешаванд,  яъне аз байни мераванд. Бинобар ин онҳо  бояд аз нав  ва аз нав истеҳсол карда шаванд. Раванди истеҳсолот ҳамеша раванди такрористеҳсол низ мебошад ва ин имкон медиҳад, ба он аз дидгоҳи ҷадид назар афканем. Ҳар як амали ҷудогонаи мушаххаси меҳнатӣ  метавонад ба вуқӯъ ояд, ё метавонад, ки ба вуқӯъ наояд, аммо раванди истеҳсолот  умуман наметавонад, ки набошад. Агар он қатъ гардад, одамон аз миён мераванд, ҷомеаи инсонӣ маҳв мегардад.

Предметҳои дар раванди истеҳсолот, ки дар маънои васеъ фаҳмида мешавад, офаридашуда ба истеъмолот ворид  мегарданд. Аммо ин гузариш аз истеҳсолот ба истеъмолот ҳаргиз мустақим ба вуқӯъ намепайвандад. Байни истеҳсолот ва истеъмолот ҳамеша тақсимот, мубодила низ ҷой мегирад. Тақсимот ва мубодила низ дар маънои васеи калима ҷанбаҳои муҳими мавҷудияти истеҳсолот мебошанд. Истеҳсолот дар маънои васеи вожа ягонагии худи истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолот мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Миёни худи истеҳсолот ва истеъмолот, аз як тараф, ва тақсимоту  мубодила, аз дигар тараф, тавофути муҳимест. Худи истеҳсолот, ба ҳар ҳоле, аз тарафи берунӣ  муносибати инсон ба чизҳост. Инсон тавассути як чиз дигар чизро тағйир медиҳад. Ҳаминро дар хусуси истеъмолот низ метавон ба забон овард: истеъмолот низ муносибати инсон ба чизҳост. Инсон ин ё он арзиши истеъмолиро барои қонеъ кардани  ин ё он талаботи хеш истифода мебарад.

Мубодила ва тақсимот  тамоман дигар чизҳоянд. Онҳо  ҳамеша на  фақат  амалиёт бо чизҳо, балки муносибатҳои байни одамон низ мебошанд. Ин муносибатҳо хусусияти иқтисодӣ ё иҷтимоӣ- иқтисодӣ гирифтаанд. Номи дигарро барои дарки ин раванд таҳти унвони  муносибатҳои истеҳсолӣ К. Маркс ҷорӣ  намуд.

Истифода шудани сифати «истеҳсолӣ» дар адабиёти марксистӣ барои ифодаи муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва зуд –зуд ба чашм хӯрдани таърифи «муносибатҳои истеҳсолӣ» дар он ҳамчун муносибатҳо дар раванди истеҳсолот баъзан натиҷаи фаҳмиши маҳдуди ин истилоҳро  ба бор меоварад.

Одамон бисёр вақт, ҳоло  бошад, хеле бештар  якҷоя меҳнат мекунанд. Заҳматкашон кӯшишҳояшонро муттаҳид менамоянд: якҷоя шайъи меҳнатро  тағйир  медиҳанд ва ин ашёҳо дар навбати худ аз даст ба даст мегузаранд, дар ин маврид ҳар лаҳза ба коркарди нав ба нав  мувоҷеҳ  мегарданд. Ташкили муайяни меҳнат ва одамон вуҷуд доранд, ки  фаъолияти меҳнатиро танзим ва ба роҳ мемонанд ва ғайра. Ин ҳама равобити дар боло ишорагардида ва дигар робитаҳо, бешубҳа, муносибатҳо дар раванди истеҳсолот буда, дар маънои айнани ин  вожа равобити истеҳсолианд. Аммо чи тавре ки воқеияти ҳаёти иқтисодии ҷомеаҳои муосир нишон медиҳад онҳо танҳо муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва ҳамзамон, истеҳсолӣ намебошанд. Ин муносибатҳо на дар миқёси умуман созвораи иҷтимоътаърихӣ,  балки танҳо андаруни гурӯҳҳои   дар онҳо вуҷуддошта мавҷӯданд. Онҳоро бе тағйир додани намуди, типи ҷомеа тағйир додан мумкин аст. Бинобар ҳамин ҳам аксар муҳаққиқон имрӯз онҳоро муносибатҳои ташкилӣ – меҳнатӣ номиданро аз ҳама беҳтар медонанд.

Бад ин тариқ, аз як тараф, муносибатҳои истеҳсолӣ дар маънои айнану рӯзмарра муносибатҳои истеҳсолӣ, дар маънои Маркс дар назардошта,  намебошанд. Аз дигар ҷониб, муносибатҳои истеҳсолиро дар маънои  охирӣ ягон инсоне, ки иқтисоди сиёсиро наёмӯхта бошад, ҳаргиз ба шумори муносибатҳои истеҳсолӣ мансуб намекунад. Онҳо  муносибатҳои тақсимот ва мубодилаанд, ки дар тасаввури инсони муқаррарӣ возеҳан ба дигар соҳа, аммо на ба истеҳсолот, мансуб мебошанд. Ва бо вуҷуди ин, ин муносибатҳо бе чунучаро муносиботи истеҳсолианд.

Бидуни маънои маълумию муқаррарии вожаи «истеҳсолот» – яъне, раванди мустақими офариниши чизҳо, — маънои дигари он – истеҳсолот, дар маънои васеъ, истеҳсолот ҳамчун ягонагии худи истеҳсолот, истеъмол, тақсимот ва мубодила низ вуҷуд дорад. Маҳз муносибатҳои тақсимот ва мубодила ё ҳамон худи муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодии моликият сохтори дохилии раванди исеҳсолотро дар маънои васеи вожжа ташкил   медиҳанд. Бе истеҳсолот дар маънии густардаи вожа истеъмолот вуҷуд надорад ва мавҷуд буда ҳам наметавонад. Ва муносибатҳои тақсимоту мубодила — муносибатҳои танҳо иқтисодӣ нестанд ва бидуни онҳо ягон муносибатҳои  дигари ҷамъиятӣ  вуҷуд надоранд.


Истехсолоти чамъияти чун ягонагии худи истехсолот, таксимот, мубодила ва истеъмолот

ҚаблӣМеҳнат ва истеҳсолот
БаъдӣМоликият ва муносибатҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ (истеҳсолӣ)