Романи «Шодӣ»-и Ҷалол Икромӣ (иншо)

Романи «Шоди»-и Чалол Икроми (иншо) Иншо дар бораи Романи Шоди Чалол Икроми аз сомонаи www.DONISHJU.net >>

Нақша:

Сарсухан

  1. Мазмуни бадеии романи «Шодӣ»
  2. Симои Шодӣ

Хулоса

Ҷалол Икромӣ чун нависандаи бузург дар адабиёти давраи шӯравӣ маълуму машҳур гардидааст. Ӯ дар давоми умри пурбаракати хеш осори зиёде офарида, ба оламиён ғизои маънавӣ ва шавқу завқи бадеӣ бахшидааст. Нависанда бо осори гаронбаҳои худ дар рушду инкишофи насри муосири тоҷик хизмати барҷастае кардааст. Баъди хатми Дорулмуаллимин чанде дар Бухоро ба ҳайси муаллимӣ адои вазифа намудааст. Ҷалол Икромӣ соҳиби таҷрибаи бойи нависандагӣ будааст. Фаъолияти адабии ӯ аз шеърнависӣ оғоз шуда бошад ҳам, эҷод намудани романҳои таърихӣ дар мероси адабии ӯ мавқеи муҳим доранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Нависанда таҷрибаи осори насрии худро нахустин маротиба дар асари бузурги худ романи «Шодӣ» зоҳир намудааст. Романи «Шодӣ» дорои ду китоб буда, воқеаҳои замони дигаргуниҳои баъдиҷангии ҳаёти колхозиро дар бар мегирад. Ҷалол Икромӣ дар навиштани ин асар ба таҷрибаи нависандагии адиби рус Михаил Шолохов пайравӣ намуда, ба анъанаҳои хуби адабиёти рус такя кардааст. Романи «Шодӣ» ҳамчун ҳуҷҷати таърихӣ ва бадеии он солҳо дониста шуда, қаҳрамони асар асосан оммаи халқ маҳсуб мешавад. Дар асар масъалаи тағйири идеявии одамон ва рушду инкишофи муносибатҳои сотсиалистӣ дар симои деҳқонони гуногунтабақаи Гулистон ва ба вуҷуд омадани деҳаи нави колхозӣ инъикос ёфтааст. Дар роман кору фаъолияти қаҳрамонони мусбат ва манфӣ тасвир ёфтааст. Қаҳрамонони мусбат дар симои Шодӣ, Бобосафар, Зебихола, Муқим, Акаи Истад, Қосимҷон бо образҳои манфии роман Мансурбой, Калоншоҳ, Холмирзо, Қудрат, Тӯрабек муқобил гузошта шудааст. Симои Шодӣ ҳамчун қаҳрамони асосии роман хеле хуб тасвир карда шудааст. Симои ӯ дар роман ҳамчун котиби ташкилоти ибтидоии партиявӣ, намояндаи ҳукумат дар деҳот ба образи Давыдови Михаил Шолохов аз романи ӯ «Замини корамшуда» қаробат дорад. Шодӣ чун фарзанди вафодори халқу Ватан, ҳизб ва шахси поквиҷдону хоксору ҳалиму меҳрубон супоришҳои партия ва ҳукуматро софдилона иҷро менамояд. Ӯ ба масъалаи тарбияи насли наврас диққати ҳаматарафа медиҳад. Дар масъалаи ишқу муҳаббат низ нисбат ба Дилбар меъёрҳои одобу ахлоқи инсониро риоя кардааст. Шодӣ шахси масъулиятшинос аст. Ӯ манфиати ҷамъиятро аз манфиатҳои шахсии худ боло медонад ва баҳри амалӣ шудани онҳо заҳматҳо мекашад.

Дар образҳои манфии асар кулакҳо, думравони онҳо Мансурбой, писарони ӯ, Калоншоҳ, Қудрат, Холмирзо ва дигаронро тасвир кардааст.

Хулоса, Шодӣ бар зидди ақидаҳои кӯҳна муборизаи беамон бурда, пирӯзӣ ба даст меорад ва ба мақсади худ ноил мешавад. Нависанда саъй намудааст, ки хислатҳои неки ватандӯстонаи қаҳрамононаи худро ҳамчун сифатҳои хуби одамони шӯравӣ ба қалам диҳад. Романи «Шодӣ» бо тамоми ҷиҳатҳои мусбату манфиаш дар насри муосири тоҷик таъсири бузург расонидааст. Нависанда ҷараёни задухӯрд ва душвориҳои зиёди ибтидои солҳои 30-юмро воқеъбинона инъикос кардааст. Бо инъикос намудани урфу одат ва расму оинҳои мардуми халқи тоҷик тавонистааст, романро обуранги  бадеӣ бахшад.


Калидвожаҳо: иншо дар мавзуи Романи «Шоди»-и Чалол Икроми, Мазмуни бадеии романи Шодии Чалол Икроми.

ҚаблӣАсад Гулзода
БаъдӣЯк шабе маҷнун намозашро шикаст … (шеъри ҷолиб)