Кор бо принтер, сканер ва плотер

Кор бо принтерхо, сканерхо ва плотерхо, Кор бо принтерҳо, сканерҳо ва плотерҳо


Сканер

Бо ёрии сканерҳо (асосан намуди планшетӣ) маълумотҳои рамзиро дохил намудан мумкин аст. Дар ин ҳолат маълумотҳо аввал ба намуди графикӣ дохил карда шуда, сипас тавассути барномаи махсуси шиносоии оптикии образҳо коркард мешаванд, ки OCR-барнома (OCR – Optical Character recognition) номида мешаванд. Нисбатан OCR-барномаҳои Cunei Form ва Fine Reader паҳн гаштаанд.

Сканнер
Сканнер

Сканерҳо сиёҳу-сафед ва ранга буда метавонанд. Чунин намудҳои сканерҳоро фарқ мекунанд: планшетӣ, дастӣ, барабанӣ, форм-сканерҳо, штрих-сканерҳо.

Принсипи кори сканери планшетӣ аз он иборат аст, ки нури рўшноии аз рўи материал акс ёфта ё аз дохили материали шаффоф гузашта, тавассути элементҳои махсус, ки таҷҳизотҳои алоқаи зарядӣ (ТАЗ) ном доранд, ба қайд гирифта мешавад. ТАЗ-элементҳо дар ҷадвале гузошта мешаванд, ки мувофиқи васеъгии материал ҷойгир мебошад. Ҷадвал муфовиқи дарозии материал ҳаракат менамояд.

Нишондиҳандаҳои асосии сканери планшетӣ инҳо мебошанд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  • қобилияти тасвир;
  • ҳосилнокӣ;
  • фосилаи динамикӣ;
  • андозаи максималии маводи сканершаванда.

Қобилияти тасвир – бо dpi (dots per inch) – миқдори нуқтаҳо дар дюйм, муайян мешавад. Қимати нишондиҳандаи мазкур барои сканерҳои оддӣ – 600-1200 dpi, сканерҳои касбӣ – 1200-3000 dpi буда, аз зиччии ҷойгиршавии ТАЗ-элементҳо дар ҷадвал ва саҳеҳии ҷойгиркунии механикии ҷадвал ҳангоми сканиронӣ вобаста мебошанд.

Ҳосилнокии сканер аз рўи давомоти сканиронии варақи қоғази формати стандартӣ муайян мешавад.Штрих-сканер – сканери дастӣ, ки тавассути он маълумотҳое дохил карда мешаванд, ки ба намуди штрих-код кодгузорӣ шудаанд. Дигитайзер – табдилдиҳандаи рақамӣ-аналогӣ, ки бо воситаи он тасвирҳои графикӣ аз рўи координатаҳои нуқтавиашон дохил карда мешаванд.

Принтер (Чопгар)

Принтер (printer-таҳҷизоти чопкунӣ) асбобест, ки барои дар қоғаз хориҷ намудани информатсия хизмат мерасонад. Ба воситаи принтер на танҳо информатсияи матнӣ, балки расму графикҳоро низ чоп намудан мумкин аст.

Принтер
Принтер

Принтерҳо аз рўи амалиёташон матритсавӣ, лазерӣ, фавворавӣ ва нурдиодӣ (светодиодные) мешаванд.

Дар принтери матритсавӣ амали чопкунӣ бо ёрии сарак, ки дар рўи коғаз ҳаракат менамояд иҷро мешавад. Дар сарак сўзанҳои борик воқеанд (диаметри онҳо 0,2 мм) ва дар лаҳзаҳои даркорӣ ба ҳаракат дароварда мешаванд. Комбинатсияи муайяни сўзанҳо ба тасмаи ранга зарба мезананд ва дар қоғаз тасвир ҳосил мешавад; маҷмўи нуқтаҳои чопшуда намуди ин ё он рамзро ҳосил менамояд.

 Сараки чопкунанда 9, 18 ё 24 сўзан дорад, ки ба намуди росткунҷа (матритса) ҷойгир шудаанд. Сифат ва суръати чопкунӣ аз миқдор ва андозаи сўзанҳо вобаста мебошад.

Принтерҳои васеъбар ва хурдбарро фарқ мекунанд. Принтерҳои васеъбар барои чопкунӣ дар коғазҳои формати А3 ва хурдтар аз он, принтерҳои хурдбар – барои чопкунӣ дар коғазҳои формати А4 пешбинӣ шудаанд.

Пеш аз ҳама принтерро бо коғаз таъмин карда, баъд онро ба ҷараёни электр васл намунадан лозим аст. Баъд аз ин фурозон будани чароғак индикатори ONLINEба кор дар якҷоягӣ бо компютер тайёр будани таҷҳизоти чопкунандаро нишон медиҳад.

Принтери лазерӣ – ин таҷҳизотест, ки дорои протсессор, хотираи фаврӣ, таҷҳизоти хотира мебошад ва сифати баланди чопкунии маълумоти матнию графикиро таъмин менамояд. Инчунин, принтери мазкур суръати баланд дошта, дар он тасвирҳо бо воситаи нуқтаҳо ба вуҷуд меоянд.

Принтери нурдиодӣ аз принтери лазерӣ бо он фарқ мекунад, ки манбаи рўшноӣ гурўҳи нурдиодҳо (ба чои нури лазерӣ) мебошад, ки ба дарозии бари саҳифаи чопӣ воқеъ мебошанд. Қобилияти тасвир – метавонад 600dpi бошад.

 Принтери фавворавӣ метавонад як, ду ва зиёда картриҷ дошта бошад. Дар картриҷҳо якчанд рангҷомаҳои рангҳои асосӣ мавҷуданд. Тавассути омехтакунии рангҳои асосӣ рангҳои гуногун ҳосил мешаванд. Дар принтерҳои серанга рангҳои асосӣ зард, сурх ва кабуд буда, дар принтерҳои чорранга ранги сиёҳ илова мешавад. Дар намудҳои қимати принтерҳои фавворавӣ барои ҳар як ранги базавӣ картриҷи алоҳида истифода мешавад.

Плотер

Плоттер – таҷҳизоте, ки сохтани нақшаи тасвирҳои мураккаби графикиро имкон медиҳад. Он дар системаҳои автопроектиронӣ, картография ва архитектура истифода мешавад.

Плоттер
Плоттер

Плоттерҳо планшетӣ ва печонӣ мешаванд. Дар намуди планшетӣ варақ ба тахтаи нақшавӣ собит мешавад, қалами нақшавӣ бошад дар сатҳи тамоми тахта ҳаракат менамояд. Дар намуди печонӣ қалам ба дарозии варақ ҳаракат менамояд, варақ бошад тавассути ҷузъҳои махсус ба пасу пеш ба ҳаракат дароварда мешавад. Плоттерҳои печонӣ нисбатан ҳаҷми хурдтар доранд.

ҚаблӣТахлили тачхизотхои компютер
БаъдӣКор бо DVD ва CD дискхо