Маълумот дар бораи Web-браузер

Ҳуҷҷатҳое, ки бо воситаи HTML сохта шудаанд барои инъикоси иттилоот дар WWW хизмат мекунанд. Барои хондани ҳуҷҷатҳои намуди HTML барномаи web-браузер имрӯзҳо истифода мешавад.

Web-браузер барномаест, ки имкон — медиҳад, то иттилоотҳои лозима аз шабака ҷустуҷӯ гарданд, ба воситаи он Web-саҳифаҳо кушода ва хонда шаванд.

Web-браузер Web-саҳифаҳоро аз диски Web – сервер хонда дар равзанаи монитори истифодабарандагони компютер инъикос мекунад. Гарчанде ҳама Web-бpayзepҳo ҳуҷҷатҳои HTML-po якхел инъикос мекунанд, аммо ҳар як браузер дар худ як бартариро дорад.

Аввалин браузери графики NCSA Mosaic ба ҳисоб меравад, ки соли 1993 ба истифода дода шуда буд. Браузери Netscape Navigator ва Internet Explorer дар асоси ин браузер сохта шудаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Соли 1995 ширкати Microsoft системаи омилии Windows 95-ро ба истифода баровард, ки дар он браузер дида намешуд, аммо дар нусхаҳои нави ин системаи омилӣ (Windows 95 0SR2) браузери Internet Explorer 3.0 ҳамроҳ карда шуд.

Маълумот дар бораи Интернет


Web-браузер чист?, бо забони точики, на таджикском языке, веб браузер.

ҚаблӣМаълумот дар бораи World Wide Web (WWW)
БаъдӣМаълумот дар бораи Web сервер