Маорифпарварӣ

Маорифпарварӣ ҷараёни иҷтимоию сиёсӣ ва адабию фарҳангиест, ки бо усули таблиғ ва ташвиқи ғояҳои хайрияти умум, адолат, илму хирад нуқсонҳои сохти муайяни ҷамъиятиро рафъ кардану анъанаю тарзи ҳаёт ва сиёсати онро тағйир дондан мехост. Маорифпарварон маънавиётро омили асосӣ ва ҳалкунандаи рушду ривоҷи ҷамъият, бемаърифатии одамонро сабабгори иллату нуқсонҳои иҷтимоӣ медонистанд. Тарвиҷи маориф ва маърифатнок намудани мардумро муҳимтарин роҳи растагорӣ аз зулму истибдод меҳисобиданд.

Ғояҳои маорифпарварӣ дар байни халқҳои Шарқи Наздику Миёна, аз ҷумла халқи тоҷик низ инкишоф ёфтанд. қафомонии иқтисодию маданӣ, қашшоқию бенавоии омма, бесаводӣ, ҳукмронии мафкураи феодалию динӣ дар ҳаёти маънавӣ, маҳрумияти сиёсӣ, истибдоди феодалӣ, истисмори мустамликадорӣ дар аморати Бухоро, ошноии зиёиёни пешқадами кишвар бо тамаддуни рус заминаҳое буданд, ки маорифпарваронро ба исён оварданд. Барои ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ дар байни нерӯи пешқадам, унсурони демократӣ ва маорифпарварон аз як ҷониб, қувваҳои феодалию динӣ аз ҷониби дигар, муборизаи тезу тунд мерафт. Дар ин мубориза мутафаккирони маорифпарвари тоҷик-Аҳмади Дониш, Савдо, Шоҳин, Ҳайрат, Асирӣ ва Мирзосироҷи Ҳаким фаъолона ширкат намуданд.

Мазаммати сохти феодалӣ аз тарафи мутафаккирони тоҷик сурату сирати маорифпарварона дошт. Онҳо ҳокимонро сабаби асосии бадбахтиҳо, бемаърифатии омма, беҳтарсозии сифати таълиму тарбияро омили асосии аз муносибатҳои феодалӣ наҷот ёфтани мардум медонистанд. Бинобар ин ҷорӣ кардани маърифат, рафоқат, барҳам додани зулму истибдод мақсаду мароми ниҳоии онҳо буд. Аслан, ғояҳои тамаддунхоҳию ислоҳталабии онҳо, аз доираи мафкураи расмии ислом берун намебаромаданд. Вале афкори пешқадами маорифпарварони тоҷик, сарфи назар аз он ки на ҳама дар амал татбиқ гардиданд, аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доштанд. Аз ин хотир метавон бартарияти онро бо чанд далел баён кард:

— маорифпарварӣ дар шароити тартиботи қафомондаи иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсии асримиёнагӣ, афзудани нуфузи мафкураи феодалию динӣ ифодаи эътирози намояндагони пешқадами зиёӣ нисбат ба сохти мавҷуда буд;

— маорифпарварони тоҷик барои қатъиян тағйир додани низоми маориф, маҳдуд кардани доираи таъсири дин ва ҷорӣ кардани таълими илмҳои дунявӣ мубориза мебурданд;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

— маорифпарварони тоҷик омӯзиши илм, тарзи ҳаёт, низоми маорифу тамаддуни дунявиро низ тақозо мекарданд. Бо ин иқдом маорифпарварон ба мавқеи таассуби динӣ, мафкураи феодалию динии табақаҳои ҳукмрон зарба зада, ба инкишофи озодандешӣ, худшиносии миллӣ, мустаҳкамшавии робита ва ҳамкории халқҳои Осиёи Миёнаю Россия шароит фароҳам оварданд. Ниҳоят, муборизае, ки онҳо бар зидди тартиботи феодалии аморат бурданд, барабас нарафт.

Аз гуфтаҳои фавқ бармеояд, ки ҷараёни ҷадиди маорифпарварии тоҷик дар заминаи бӯҳрони шаддиди сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавию мадании аморати Бухоро аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар, ошноии зиёиёни маърифатхоҳи тоҷик ба тамаддуни мутараққии аврупоӣ сурат гирифта будааст. Дар натиҷаи мушоҳидаву муоина ва таҷрибаандӯзии тамаддуни аврупоӣ ва дигар кишварҳои пешрафтаи Шарқ дар онҳо бедории фикрӣ ба вуҷуд омад ва дар муқоисаи тамаддуни мамлакатҳои зикршуда бефарҳангӣ ва бемаърифатии халқи худро мушаххасан дарк намуда, ба тафаккури эҳёи фарҳанги аҷдодии худ фурӯ рафтаанд ва дар асоси ин тафаккури амиқ як ҷараёни тамадунхоҳӣ ва ислоҳталабӣ ба амал омад.

Воқеан нимаи дуюми асри XIX дар таърихи афкори иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик комилан марҳилаи сифатии гузариш ва сарнавиштсоз маҳсуб мешавад, ки ҳаёти моддию маънавӣ ва фарҳангии он дар заминаи интиқол аз ҳавзаи асримиёнагӣ ба даврони навин ҷараён кардааст. Дигаргунӣ ва таҳаввулоти афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии халқи тоҷик дар заминаи ҳамин қонунияти замонию маконии таърих сурат гирифта, ҷараёни фарҳангии хоси ин давр такомул ёфтааст.

Чунин самти хоси фарҳанги давраи гузаришро дар осори Аҳмад Махдуми Дониш (1826-1897) ва пайравони ӯ сареҳан мушоҳида мекунем. Аҳмади Дониш ҳамчун саромади ҷараёни маорифпарварии тоҷик ва шаҳиртарин мутафаккири он, дар асарҳои пурарзиши худ — «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития», «Меъёр-ут-тадайюн» ва ғайра дар зимни баёни масъалаҳои ҳикмати иҷтимоӣ-сиёсияш ба арзёбию масоили умумифалсафӣ, аз қабили пайдоиши олам, хилқат ё ҳудусияти олам, назарияи судур, қазову қадар, мақому манзалати инсон ва дигар паҳлӯҳои ҳикмати ҳастии инсонӣ низ рӯй овардааст.

Асосан, дар шароити нимаи дуюми асри XIX мавзӯъ ва масъалаи асосӣ ва таҳқиқталаб барои мутафаккирони тоҷик, аз ҷумла Аҳмад Махдуми Дониш на арзёбию ҳалли масъалаҳои ҳастии инсонию маърифатпазирии олам, балки баррасиву таҳлили ҳаводиси иҷтимоиву сиёсӣ, пажӯҳиши роҳу усулҳои наҷотёбӣ аз зулму истибдод, ҷаҳолату бемаърифатӣ ва растагорӣ аз тасарруфи асорати кишварҳои хориҷ равона шуда буд.

Аз ин рӯ, агар аз ҳамин меъёр ба тавсифи ҷаҳонбинии Аҳмади Дониш назар кунем, натиҷагир мешавем, ки тамоми масоили фалсафии мавриди арзёбӣ қарордодаи ӯ дар атрофи як меҳвар — ташаккули камолоти   инсонӣ ва ворастани мардум аз асорат, интиқоди шадиди зулму истибдод чарх мезанад, ки дар онҳо авомили асосӣ ахлоқ ва маънавиёт мебошанд.

Барои намуна метавон ба яке аз масъалаҳои ҳастишиносӣ-«ҳудусият» (офарида будан) ва ё «қидамият» (адабият)-и олам дар осори Аҳмади Дониш нигарист. ӯ ба ҳалли ин масъала, асосан аз мавқеи талаботи ахлоқию амалии низоми фалсафии худ нигариста, дар рисолаи «Меъёри тадайюн» шарти зеринро ҷиҳати муайян намудани масъалаи оё «ин олам қадим бошад ё ҳодис» пеш мегузорад. Ба ақидаи мутафаккир бояд дарк карда шавад, ки «исботи қадим чи истиҳола орад ва бар тақдири ҳудус чи нафъ диҳад» (Меъёри тадайюн, дастхати зах. даст. АИ РСС Тоҷикистон, рақами 383, саҳ. 8б). Яъне исботи қадимият ва азалият ҳамчунин адабияти олам, ҳамчун ҳудуси он чи арзишу суди маънавию ахлоқӣ бо худ дорад?

Масъалаи мазкур дар «Наводир-ул-вақоеъ»-и ӯ низ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Тавре аз гузориши масъала бармеояд, мутафаккир аз ақоиди файласуфони машҳури ҳинд, Чин ва Эрони қадим ба хубӣ огоҳ будааст. Бояд тазаккур дод, ки Аҳмади Дониш ақидаҳои ин файласуфонро дар бораи қадимияти олам инкор мекунад. Мутафаккир пас аз батафсил баён намудани нуқтаи назари онҳо дар мавриди даврӣ будани «мурури солҳои олам» мефармояд, ки «мабнои ин эътиқодот дар муддати таърихи олам ҳама вобаста ба қидами олам аст ва қиёс аз ҳозир ва ғоиб». Ва чун диданд, ки ҳаракати афлок даврӣ аст, гуфтаанд: Бояд, ки на ибтидо ва на интиҳо дар он бошад, аз он ки агар ҳаракат мустақим будӣ, мазаннои ибтидоию интиҳо дар ӯ мутасаввир шудӣ» (Наводир-ул-вақоеъ, кит., 1., саҳ. 90).

Дар танқиди назарияи қадим Аҳмади Дониш чунин мегӯяд: «Бинои ҳамаи ин қиёсот бар ваҳму гумон аст, лузуми вуқуи онро дар хориҷ ҳеҷ ифода намекунанд» (Дар ҳамон ҷо). Дар ин ҷо мутафаккир тибқи анъанаи як қатор мактабҳои фалсафии Шарқи исломӣ ҳудуди имконияти ақлро низ маҳдуд мекунад, ҳарчанд, ки дар дигар мавридҳо нақши ақлро дар маърифат инкор накардааст. Дар ҳар сурат ӯ дар мавриди маърифати ҳақиқат доир ба қидам ва ё ҳодис будани оламро тавассути ақли одамӣ ғайриимкон меҳисобад. «Масъалаи ҳудусу қидам ва илм ба аҳволу кайфияти олам на аз он ҷумла аст, ки ақли ноқиси башарӣ, ки мамзуҷ ба ғубори имкон аст, ҳақиқати онро дарёбад ва ибтидою интиҳои онро ташхис кунад, ки ақли маҳдуд ба қолиби унсурӣ ва дарёфтани басоити мураккаботи суфлия, камоҳия оҷиз аст, то ба интиҳои басоити муҷаррадоти улвия чӣ расад » (Наводир-ул-вақоеъ саҳ.90).

Аҳмади Дониш ба ҳамон таълимоти диние, ки дар китобҳои муққадас доир ба пайдоиши олам омадааст ва аз он пайғамбарон хабар додаанд, мӯътақид аст, ки «…агар мухбири содиқ ба ҳақ он эълон диҳад ва китоби ваҳй ва илҳом бад-он нотиқ бувад, ба ҳамон тамассук ва эътиқод бояд кард ва мозодае аз онро пучу музахраф бояд ангошт» (Наводир-ул-вақоеъ саҳ. 90). Мутафаккир барои он назарияи қидами оламро инкор мекунад, ки аз диди ӯ ин назария дар ҷомеа нақши созандагӣ ва маънавию ахлоқӣ бозида наметавонист. Ҳамчунин дар шароите, ки ӯ мезист тасаввури мабдаъ маншаи ахлоқии дигаре ба ҷуз дин имконнопазир буд. Ин аст, ки Дониш мегӯяд: «Оре, агар қидами олам собит шавад, ба аксари мизоҷҳо мулоим ва мувофиқ аст, хосса ба касоне, ки ғараз аз зиндагӣ хӯрду хоб ва ҷимоъ манзур доранд. Аз ин ҷиҳат бештари салотин ва ҳукком ин мазҳабро пазируфтанд» (Наводир-ул-вақоеъ, саҳ. 27). Ба ҳамин васила мутафаккир кӯшиш дорад, ки султонҳо ва ҳокимонро ислоҳ созад ва онҳоро ба риояи адолати иҷтимоӣ даъват кунад.

Дигар масъалаи муҳими фалсафӣ, ки Аҳмади Дониш мавриди баҳс қарор додааст, масъалаи қазову қадар аст. Баҳси ӯ дар ин мавзӯъ ихтилофнок аст. Аз ибтидои баҳси мутафаккир бармеоя, ӯ комилан ҷонибдори ҷабария мебошад. Мувофиқи сарсухани боби «Дар таҳқиқи ҷараёни қазову қадар…» ба қавли худаш вай аз ҷаҳду кӯшишҳои зиёде дар роҳи мувофиқ ба донишу фаҳмиши худ ба мартабае расидан, хаста шуда, аз саъйю тараддуд даст мебардорад ва тақдири худро ба қазову қадар ҳавола мекунад ва то ин ки «дигарбора нафси аммора маро ба саъйю кӯшиши бефоида дарнаёрад,- мегӯяд Дониш,- муққаддимае дар ҷараёни қазо ва рафтани ҳукми илоҳу дар бораи бандагон ба хотири таҳмид ниҳодам ва дар сатр кашидам…»( ҳамон ҷо, саҳ.258). Аз ин гуфта бармеояд, Дониш ин муқаддимаро барои таскини хотири ранҷидаи худ аз такопӯи бесамар ва ҳатто ҷилавгирӣ аз «саъйю кӯшишҳои бефоида» навиштааст. Агар амиқан назар карда шавад, Аҳмади Дониш дар оғоз назарияи маъмули замонаащро дар ин мавзӯъ баён кардааст «…бандагонро пеши фармони қазою қадар чун ризо ва таслиму таваккал ва тафвиз (ваколатро вогузор кардан) чора набувад. Ва назди зуҳури ҳодиса ва вуқӯи балво ҳеҷ ҷазаъу фазаъ (тарсу ҳарос) суд надиҳад ва ончи шуданист ва буданӣ ба саъйю тадбир пешу пас наравад. Ва ончи набуданист ва нашуданӣ, ба макру ҳиял буд нашавад» ( ҳамон ҷо, саҳ. 258).

Баъдан, бархилофи ин назарияи маъмули ҷабарию каломӣ бо усули сӯҳбат назарияи хилофи онро матраҳ карда ва фаҳмиши худ, ки табиати ислоҳотхоҳӣ дорад, баён мекунад. Вай худ аз номи шахси дуюм ба ин тариқ масъала мегузорад: «Агар гӯйӣ : « Найли маром ва таҳсили ком мавқуфи талабу тараддуд аст ва ризқ аз осмон наборад, то деҳқон накорад ва набарорад ва луқма ба даҳон наёяд». Дар ҷавоби ин матлаб Аҳмади Дониш мегӯяд, ки маош бе «касбу тараддуд» ба даст намеояд ва барои ба даст овардани он саъйю таваҷҷӯҳ намудан аз бузургтарин ҳукми масолеҳи тамаддун ва таовун аст ва банни одамро муфид аст.   Гузашта аз ин таъкид мекунад, ки агар касе дар ин роҳи «коҳилӣ ва эҳмол раво дорад» аз назари мурувват ва футувват мавриди муохиза ва дар забони омма мавриди накуҳиш ва сарзаниш бувад.

Ӯ дар мавриди зарурияти саъйю кӯшиш барои обу дон, либос ва масканро барои инсон таъкид намуда, зиёдахоҳӣ, пурхӯрӣ ва таҷаммулхоҳиро танқид мекунад. Масъалаи қазою қадар аз назари Аҳмади Дониш на он аст, ки инсон дар зиндагӣ даст аз фаъолият кашида пурра ба Худо таваккал кунад ва интизор дошта бошад, ки ҳама умури зиндагӣ тибқи сарнавишт ва тақдир худ аз худ амалӣ хоҳад гашт. Аз назари Дониш он касе, ки «нишаста нон мехоҳад ва хобида фароғат меҷӯяд, аблаҳу нодон ва коҳилу ҷоҳил бошад ва фалак бар фалокат ва накобати ӯ ҳукм кунад» ( ҳамон ҷо, саҳ. 264-265).

Инсон аз назари Аҳмади Дониш чун «халифат-ул-лоҳ фи-л-арз муваззаф аст, ки «умр ба таътил нагузаронад ва ба яке аз умур, ки масолеҳи халқро муфид аст, қиём кунад. Дониш масъалаи касбу амалро танҳо бо мақсади манфиатҷӯии фаврӣ ба миён намегузорад, балки фаъолияти иҷтимоии инсонро яке аз заруриятҳои тамаддун ва таовун медонад.

Масъалаи таносуби касбу тарадудди инсон бо қазову қадари илоҳиро Аҳмади Дониш ба амали кишту кори деҳқонӣ ба умеди самар ташбеҳ медиҳад. Яъне деҳқон сарфи назар аз он, ки шароити боду ҳаво чигуна хоҳад шуд, ба умеди самару ҳосил рӯёндан кишт мекунад ва ҳосил гирифтан ё нагирифтани ӯ аз шароити боду ҳаво вобастааст.

Ҳамчунин инсон дар ҳар сурат бояд барои расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ ҳиммат гузорад ва саъйю кӯшиш кунад, ҳарчанд «расидани самар мавқуфи иродаи халқ аст» (ҳамон ҷо, саҳ.267).

Ин назарияи Донишро метавон сарчашмаи назариёти ислоҳотии минбаъдаи ӯ дар масъалаҳои қазову қадар ҳисобид. Аҳмади Дониш инсонро дар интихоби касб соҳибихтиёр меҳисобад «ҳар кас медонад, ки ин роҳ ба нозу наим меравад ва ин роҳ ба қаҳри ҷаъим» (ҳамон ҷо, саҳ.271).

Аҳмади Дониш дар асарҳояш доир ба масъалаи инсон, сабаби хилқати он, мақому манзалат ва масъулияту ӯҳдадориҳои ӯ аз мавқеи ислом баромад кардааст. Вале дар таҳқиқи ин масъала тамоюли озодандешӣ ва ихтилофи назари ӯ бо илоҳиёти расмиву суннатӣ ба мушоҳида мерасад. Моҳиятан ихтилофи нуқтаи назари Аҳмади Дониш бо ҳикмати суннатии исломӣ пиромуни масъалаҳои иҷтимоӣ, асолат ва рисолати инсон ва нақши бунёдкориву созандагии он мебощад.

Ӯ монанди маънавиёти тақлидпешаву хурофотпарасти Бухоро дар мадди аввал масъалаи ибодат, зӯҳду тақво, тарки дунё ва дарвешпешагиро не, балки масоили адолати иҷтимоӣ, ташаккули инсони комил ва фаъолмандиву тавоноӣ, суботқадамию ибтикороти ӯро ба миён мегузорад. Мутафаккир дар иртиботи ҳамин масъала мегӯяд: «Бидон, ки зоти ақдаси воҷибулвуҷуд дар азал ба илми қадими хеш донист, ки манбаъ ва мазҳари камолот аст. Ва ин ҳама аҷоиб ва ғароиб, ки дар олами улвӣ ва сифлӣ ба тариқи кашф ва илм уқало ва ҳукаморо ҳосил шудааст ва ба баён ва изҳор расида ва ҳарчи баъд аз ин аз наводири саноеъ ва фароиди бадоеъ, ки дар ақли азкиё ва авлиё мерасад, хост то ин ҳамаро зоҳир гардонад. Тамҳиди муқаддамоти бисёр кард аз халқи нуфуси уқул ва афлоку анҷум. Ин арвоҳ ва аҷсоми басита ва нуронианд ва ба воситаи ин олами унсур ва маволидро мавҷуд гардонид. Инҳо арвоҳу аҷсоми касифа ва зулмонианд. Аз руҳ ва ҷисми латиф ғайр аз чизе зоҳир нагардад ва аз руҳ ва ҷисми касиф ғайризулмат чизе изҳор нашавад. Пас кашфи нур ва зулмат боқӣ монд. Тақозо ҳуббӣ изҳор хост, ки ин ҳақиқати нур ва зулмат низ зоҳир гардад «(Рисола дар назми тамаддун ва таовун, саҳ.4).

Дар ин мулоҳизаҳои Аҳмади Дониш ҳамон фаҳмиши фалсафии асрҳои миёна баён шудааст. Тибқи он Оллоҳ, ки «воҷибулвуҷуд» аст, яъне «вуҷуди он воҷиб аст дар вуҷуди хеш» (Абуалӣ ибни Сино. Осори мунтохаб,ҷ.2,саҳ.188) ифода мекунад, ки зуҳур кунад ва зуҳури вай бо осоре, ки аз вай содир шавад, муяссар бувад, чунон, ки сонеъ пайдо бувад ба маснӯъ.

Инсон дар фалсафаи Аҳмади Дониш чун маърази муборизаи нуру зулмат аст. Дар дигар осори динии ин давра чунин масъалагузорӣ ба мушоҳида намерасад. Дар ҳар сурат Дониш сабаби офаридани инсонро аз ҷониби Худо дар зарурияти зоҳир кардани ҳақиқати нур ва зулмат медонад.

Бинобар ин мегӯяд: «Пас, лозим омад, вуҷуди шахсе, ки мураккаб бувад аз нуру зулмат. Ва он шахсе инсони комил аст, ҳувайдосозандаи ҳақоиқи нур ва зулмат аст. Инсони комил дар шарҳи Аҳмади Дониш як ваҳдати ду нерӯи бо ҳам зич мебошад» Ва зоти инсон мураккаб аст аз ақли шарифа ва нафси касифа ва куфр лозимоти зоти ӯст ва аз заруриёт ва адавоту олоти ӯ ва ҳар кадом дар вақте ғолиб ва дар маҳале мағлуб аст» (Рисола,саҳ.4).

Таваҷҷӯҳовар он аст, ки Дониш куфрро зарурияти ибтидоӣ барои таҳқиқи олами моддӣ медонад ва имон низ дар фалсафаи ӯ эътиқод ба Худост. Дар фалсафаи Аҳмади Дониш «тантанаи куфр бар имон», яъне рушди ҷанбаи куфр дар табиати инсон як навъ зуҳури қонунмандии ҷараёни ҷадиди маорифпарварӣ дониста шудааст. Аз ин рӯ дар маърази тафаккури Аҳмади Дониш масъалаи тамоюли куфр ва нақши он мавқеи умда пайдо карда, ба сифати назариёти алоҳида ҳувайдо мешавад. Мутафаккир доир ба таназзули тамаддуни исломӣ ва тарвиҷи тамаддуни аврупоӣ амиқан таваҷҷӯҳ намуда, номураттабии тараққиёти тамаддуни инсониро дар маҷмӯъ иброз доштааст, аз як ҷониб, таназзули имон, яъне бӯҳрони маънавият ва аз дигар ҷониб, рушди куфр ба ҳадди ифрот расида буд. Ин ҳолат нуқтаи замони гардиш, табаддулоти иҷтимоӣ ва давраи фоҷиаи маънавии инсон аст.

Эътидоли куфру имон, ба ақидаи Аҳмади Дониш, мавқуф бар имони маҳз намебошд, зеро инсони комил зотан дар «тарки дунё» зоҳир мегардад ва «тарки дунё» ҳарчанд мадори наҷоти инсон аст, вале дар он ҳикмати тамаддуну муовинат барҳам хӯрад ва олам хароб гардад. Бинобар он эътидоли куфру имон дар куфри маҳмуд муясар гардад, зеро куфри маҳмуд ҳарчанд ба «ҳубби дунё» асос ёфтааст, вале ин амр ба хотири аён кардани имон сурат мегирад ва ҳикмати амалӣ ба он вобастааст. Пас, камоли маънавияти инсон, ба андешаи мутафаккир, метавонад дар майлу мароми табиӣ ва саъйу кӯшишҳои ҳаётии ӯ ҳувайдо гардад ва саодати воқеии вай дар ин замина ба вуқӯъ ояд.

Аҳмади Дониш ба тамадуни аврупоӣ асосан аз мавқеи тамаддуни умумибашарӣ наздик шуда, унсурҳои фарҳангии суннатии аздастрафтаро дар ин тамаддун дарёфт кардааст. Бинобар он дар афкори маорифпарваронаи Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтани воқеияти халқҳои русу фаронсавӣ ба он хотир буд, ки дар назари мардумашон қудрати ақлу хирад ва тавоноии башарият возеҳан зоҳир мешавад ва ба худшиносии онҳо мусоидат менамояд.


Калидвожаҳо: Маорифпарвари, чараёни маорифпарвари, Ахмади Дониш, маорифпарварон.

ҚаблӣМирзо Абдулқодири Бедил. Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна
БаъдӣШамсиддини Шоҳин