Мирзо Абдулқодири Бедил. Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна

Мутафаккир дар таълимоти фалсафии хеш масоили ҳастии мутлақ, пайдоиши оламу одам ва мақсади зиндагии инсонро мавриди шарҳу баррасӣ қарор додааст. Назари Бедил ин аст, ки дар ибтидо ҳастии мутлақ вууд дошт ва ин ҳастӣ аз тамоми асмо ва сифот озод буд. Вай дар худ ва барои худ буд, яъне асмо ва сифот ҳанӯз аён нашуда буданд. Дар ин давра ҳастӣ ва нестӣ аз ҳамдигар тафовут надошт ва шуур ба чизе вобаста нагардида буд. Ниҳоят ҳақиқати мутлақ натавонист ҳамеша худро дар олами асрори доимӣ нигоҳ дорад ва тақозои табиати худи ӯ воситаи аз ҳолати ваҳдоният берун омадан ва ба олами касрат табдил ёфтан шуд. Баъдан дар ҷараёни судур аз нестӣ ҳастӣ, нафс ва баъдан ба тартиб падидаҳои дигар пайдо шуданд. Бедил чунин мешуморад, ки ҳамаи падидаҳои олам, ғайр аз инсон аз аёнияти ҳақиқат шаҳодат диҳанд ҳам, лекин онҳо қобилияти дарк надоранд. Бинобар ин танҳо бо пайдоиши инсон дарку фаҳмиш ба миён меояд. Дар фасли «Ҷоми одам» мутафаккир мақсади пайдоиши одамро аз аз фош кардани рози ниҳон медонад. Рози ниҳон ин аст, ки Ҳастии Мутлақ дар ҷаҳони аъён ба воситаи исму сифот ва кайфиятҳои мухталиф зоҳир мешавад ва одам он розро аз руҷуъ ба гузаштаи худ мехоҳад бикушояд. Дар натиҷа инсон дарк мекунад, ки ҷаҳони моддӣ натиҷаи дуӣ ва аз ваҳдат дур будан аст. Ин дуӣ идея ва ашё мебошанд, ки аз лиҳози онтологӣ ба ҳам айният доранд. Маърифати асрори ҷаҳон танҳо ба души инсони такомулёфта аст, ки он аз тааллуқот ва таассубҳои динию мазҳабӣ дур бошад.


Калидвожаҳо: акидахои фалсафии Мирзо Абдулкодири Бедил, ақидаҳои фалсафии Мирзо Абдулқодири Бедил, акидахои Бедил, акидахои фалсафии Бедил, фалсафаи Бедил.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣФалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Ҳодии Сабзаворӣ
БаъдӣМаорифпарварӣ