Назарияи табакабандии ичтимои ва зудхаракатии ичтимои (социальная мобильность).
Ба таълимоти марксистӣ дар бораи синфҳо ҳамчун асоси сохтори иҷтимоии ҷомеа дар сотсиологияи ғайримарксистии Ғарб назарияи табақабандии иҷтимоӣ муқобил меистад. Намояндагони ин назария бар он ақидаанд, ки мафҳуми синф эҳтимол барои таҳлили сохтори иҷтимоии ҷомеаҳои пешин, ҷомеаи сармоядории индустриалӣ мувофиқ ояд, аммо вай ба ҷомеаи муосир мувофиқат наменамояд, зеро дар ин ҷомеа дар асоси саҳмгузории васеъ, инчунин хориҷ намудани саҳмдорони асосӣ аз соҳаи идоракунии истеҳсолот ва иваз намудани онҳо бо менеҷерони кироя, муносибатҳои моликият муайянии худро гум карданд. Бинобар ин, мафҳуми «синф» бояд бо мафҳуми «табақа» (аз лотинӣ stratum-табақа) ё мафҳуми гурӯҳи иҷтимоӣ иваз шаваду ба ҷои назарияи сохтори иҷтимоӣ-синфии ҷомеа назарияи табақабандии иҷтимоии ҷомеа ояд.
Аз нигоҳи Т.Парсонс «Табақабандии иҷтимоӣ ин ҷо маънои ба дараҷаҳои фарқкунанда ҷудо намудани фардҳои низоми иҷтимоии мазкурро ифода менамояд. Дар зери мафҳуми табақабандӣ инчунин тарзи ҷойгиршавии фардҳо чун ишғолкунандагони ҳолатҳои иҷтимоии нисбат ба якдигар баландтар ё пасттар дар баъзе ҷанбаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ фаҳмида мешавад»[1]. Т.Парсонс дар асоси шаш аломати зерин ба табақаҳо ҷудо намудани фардҳоро пешниҳод намудааст: 1)мансубияти фард ба умумияти хурди хешу таборӣ, ки мақоми иҷтимоии ӯро муайян менамояд; 2) сифатҳои шахсии ӯ (ҷинс, синну сол, ақл, ва ғ.); 3)муваффақиятҳо, ки чун натиҷаи фаъолияти фард арзёбӣ мегарданд; 4)моликият (шарт нест, ки танҳо моддӣ бошад); 5)обрӯю нуфуз, ки ба фард имконияти таъсиррасонӣ ба дигаронро таъмин менамояд; 6)ҳокимият чун имконияти таъсиррасонӣ ба ҷомеа, соҳиб шудан ба эътирофи ҷамъиятию касб намудани мақоми қонунӣ чун рамзи ин эътироф.
Назарияҳои табақабандии иҷтимоӣ бар он тасаввуроте такя менамоянд, ки табақа, гурӯҳи иҷтимоӣ умумияти воқеии ба таври амалӣ сабтшавандае мебошад, ки одамонро дар асоси ягон мавқеъ ё кори умумӣ муттаҳид намуда, дар сохтори иҷтимоии ҷомеа ба бунёди чунин умумият оварда мерасонад. Асоси назарияи табақабандиро иттиҳоди одамон ба гурӯҳҳо ва муқобил гузоштани онҳо ба дигар гурӯҳҳо аз рӯи мақому нишонаҳои гуногун ташкил менамояд: ҳокимият, сарват, касб, маълумот ва ғ. Дар ин ҳолат меъёрҳои гуногуни табақабандӣ пешниҳод мегардад. Сотсиологи олмонӣ Р. Дарендорф пешниҳод намуд, ки асоси табақабандии иҷтимоиро бояд мафҳуми сиёсии «нуфуз» (авторитет), ки ба андешаи ӯ муносибатҳои ҳокимият ва муборизаи байни гурӯҳҳои иҷтимоиро барои ҳокимият нисбатан равшан муайян мекунад, ташкил намояд. Дар асоси ин мафҳум Р. Дарендорф тамоми ҷомеаи муосирро ба идоракунандаҳо ва идорашавандаҳо тақсим менамояд.
Идоракунандаҳоро низ дар навбати худ ба ду зергурӯҳ тақсим менамояд: идоракунандагони мулкдор ва идоракунандагони бемулк — бюрократҳо менеҷерҳо. Гурӯҳҳои идорашаванда низ гуногунанд: гурӯҳи олӣ «аристократияи коргарӣ» ва паст, коргарони сатҳи тахассуснокияшон паст. Байни ин ду гурӯҳи иҷтимоӣ «синфи миёнаи нав»-и мобайнӣмаҳсули омехташавии аристократияи коргарӣ ва хизматчиёни синфи ҳукмрон- идоракунандаҳо қарор дорад.
Назарияи табақабандии иҷтимоии сотсиологи амрикоӣ Л.Уорнер ба меъёрҳои Дарендорф наздик мебошад. Л.Уорнер дар шаҳрҳои амрикоӣ бо методи мушоҳида ва дар асоси худбаҳодиҳии одамон нисбати мақоми иҷтимоияшон аз рӯи чор нишондод: даромад, обрӯи касбӣ, маълумотнокӣ, мансубияти этникӣ тадқиқоти сотсиологӣ гузаронд ва дар гурӯҳҳои иҷтимоии ҳукмрон чор табақаро фарқ намуд: олӣ, олии мобайнӣ, олии миёна, миёнаи мобайнӣ, мобайнӣ – олӣ, мобайнӣ – мобайнӣ. Сотсиологи амрикоӣ Б.Барбер табақабандии ҷомеар о аз рӯи шаш нишондод гузарондааст:1) нуфуз, касб, ҳокимият ва қудрат; 2) даромад ё сарват; 3) маълумот ё дониш; 4) сатҳи диндорӣ; 5) ҳолати хешу таборон; 6) мансубияти этникӣ. Аммо сотсиологи фаронсавӣ А.Турэн чунин меҳисобад, ки дар ҷомеаи муосир фарқияти иҷтимоӣ на аз рӯи моликият, нуфуз, ҳокимият, этнос, балки аз рӯи дастрасӣ ба ахбор (информатсия) сурат мегирад. Ҳолати ҳукмронро он ашхосе ишғол менамоянд, ки ба миқдори зиёди хабарҳо дастрасӣ доранд.
Назарияи табақабандии иҷтимоӣ, ки ин ё он меъёрро барои тақсими ҷомеа ба қишру гурӯҳҳои иҷтимоӣ пешниҳод менамояд, ба сифати асоси методологии ташаккули назарияи зудҳаракатии (мобилность) иҷтимоӣ хидмат менамояд. Зудҳаракатии иҷтимоӣ – ин аз тарафи фард ё гурӯҳи иҷтимоӣ иваз намудани ҷой, мақоми иҷтимоияш дар сохтори иҷтимоии ҷомеа мебошад. Истилоҳи «зудҳаракатии иҷтимоӣ» (сотсиальная мобильность)-ро дар сотсиология соли 1927 П.А.Сорокин пешниҳод намудааст. Ӯ дар зери ин мафҳум на танҳо гузариши одамон ё оилаҳоро аз як гурӯҳи иҷтимоӣ ба дигар гурӯҳ, балки ҳама гуна тағйироти ҳолати иҷтимоиро дар назар доштааст. Мувофиқи андешаҳои П.А.Сорокин зудҳаракатии иҷтимоӣ маънои ҷойивазкуниро дар зинаи иҷтимоӣ дар ду самт дар назар дорад: 1)дар самти вертикалӣ ҳаракат ба поён ва боло; 2)дар самти уфуқӣ ҷойивазкунӣ дар худи ҳамон як зинаи иҷтимоӣ.
Яке аз масъалаҳои баҳсии назарияи зудҳаракатии иҷтимоӣ масъалаи зерин ба ҳисоб меравад: гузариши иҷтимоӣ маънои гузариши як фардро аз як гурӯҳи иҷтимоӣ ба дигараш ифода менамояд ё ҷойивазкунии иҷтимоӣ ба маънои ҳақиқияш ҳамон вақт сурат мегирад, ки мақоми навро оилаи ин фард касб менамояд, яъне зудҳаракатии иҷтимоӣ ҳамон вақт сурат мегирад, ки мақоми иҷтимоӣ дар наслҳои гуногун иваз мешавад? Сотсиологҳои фаронсавӣ П.Берту ва Р.Бурдон бар он андешаанд, ки зудҳаракатии иҷтимоӣ маънои гузариши фардҳоро аз як категорияи иҷтимоӣ ба дигараш дар давоми тамоми ҳаёти касбӣ ё биографии ӯ дар асоси муқоисаи мавқеи ӯ бо мақоми иҷтимоии волидони ӯ ифода менамояд. Яъне, аз ин нигоҳ нуқтаи ҳисоб маҳз пайдоиши иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Камбудии ин назария дар он ифода меёбад, ки гӯё ҷомеа дар ҳолати бетағйир қарор дошта бошад. Аммо ҷомеа дар ҳолати тағйири доимӣ қарор дорад, аз ин рӯ, мақомҳои иҷтимоии наслҳои гуногун муқоисанашавандаанд.
Қобили зикр аст, ки ба проблемаи зудҳаракатии иҷтимоӣ дар мамлакатҳои гуногун тадқиқотҳои мушаххаси сотсиологӣ бахшида мешавад. Нишондодҳо дар бораи зудҳаракатии иҷтимоӣ то андозае имкон медиҳанд, ки дар бораи сатҳи кушода будани ҷомеа, демократия дар ҷомеа сухан ронда шавад. Аҳли ҷомеа бояд донад, ки ҷомеа то ба кадом андоза ба фардҳо барои гузариш аз як категория ба категорияи дигар имкон медиҳад. Оё фард имкон дорад, ки ба гурӯҳи нухбагони ҳукмрони ҷомеа ворид шавад?
[1] Парсонс Т.О структуре соиального действия. Изд.-е2.М., 2002.саҳ.354.
Мавзӯи пурра » Мавзӯи 6. Сохтори иҷтимоии ҷомеа