Шеър – Шукрона мекунам Худо

духтари точик

Ба бешу кам, ки додаӣ, шукрона мекунам Худо,
Ба он чи ҳам надодаӣ, шукрона мекунам Худо.

Гарам ду чашми оҳусон Ту додаӣ ба ман, вале,
Сиришку нам ниҳодаӣ, шукрона мекунам Худо.

Савори боли орзу маро ба худ кашонда, боз,
Ба арш чу фарш мондаӣ, шукрона мекунам Худо.

Гаҳи зи ғам фитодану ба мастиҳо гурехтанам,
Фақат Ту ҷоми бодаӣ, шукрона мекунам Худо.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба таънаи ҳасуди дун чӣ чора метавон кунам?
Зи батни ғам Ту зодаӣ, шукрона мекунам Худо.

Зи боғи зиндагӣ барам сабад-сабад гуноҳи хеш,
Раҳими хатми ҷодаӣ, шукрона мекунам Худо…

Сурайё Ҳакимова

ҚаблӣМаълумот дар бораи забони тоҷикӣ (форсии дарӣ)
БаъдӣЭй сорбон як дам бимон к-он ҷони ҷонам меравад (шеър)