Исмоилия

Истилои Осиёи Миёна аз ҷониби хилофати араб сабабгори дар ин ҷо паҳн шудани маслакҳои гуногуни мусулмонӣ гардид. Имомати шиъа бо сардории имоми шашум Ҷаъфари Содиқ (солҳои 702-765) барои ба сари қудрат омадани хонадони Аббосиён кумак расонид. Дар рафти муборизаҳо Ҷаъфар душманони зиёд пайдо кард. Ин зиддият ба муборизаи дохилии шиьа оварда расонид. Дар натиҷа аз шиъа равияҳои зиёде ҷудо шуданд, ки яке аз онҳо маслаки исмоилиён буда, со­ли 765 таъсис ёфта буд. Дар ибтидо ин ҳаракат мамолики араб, Осиёи Миёна ва Эронро фаро шрифт. Исмоилиҳо саравлоди худ Алӣ ва Фотимаро меҳисобанд ва ҳафт имомро эътироф мекарданд, ки ҳафтумаш писари Ҷаъфари Содиқ Исмоил буд. Аввалҳо пайравони ҳаракати исмоилия тартиботи пинҳонӣ ва дертар ошкоро мебурданд. Онҳо дар мулки арабу шимоли Аф­риқа давлатӣ исмоилиёнро бо унвони Фотимӣ ташкил дода, дар Эрону Осиёи Миёна низ ҷонибдорони зиёд пайдо карда бу­данд.

Фарҳанги халқи тоҷик дар XI-XIII

 

Исмоилия таълим медод, ки оламро ақли кулл хамвора бо нафси кулл офаридааст ва вуҷудоти олам асосан ба ин ду ҷавҳари рӯҳӣ вобаста аст. Аз ин рӯ, уламои ислом исмоилиёнро «кофир» хонда, сахт таъқиб мекарданд. Вале ҳаракати исмои­лия дар асри XI- XII аксари мамлакатҳои Шарқро фаро гирифт. Мувофиқи таълимоти исмоилия ҳафт зинаи ҳастӣ вуҷуд дорад. Одам бо қувваи худ ба ҳақиқат намерасад ва ба таълими ақли кулл эҳтиёҷманд аст.

Маркази Исмоилия дар шаҳри Душанбе

Шахси ба халқаи исмоилия гирифторгашта бо тайёрии мукаммал аз санҷиши ҷидаӣ гузашта, қасам ёд мекунад, ки сирру асрори исмоилияро фош намекунад, аз доираи нишондоди қоидаҳои исмоилия берун намебарояд. Ҳақиқат бо худомузӣ намешавад ва барои ба мақсад расидан кас бояд ба ҳалқаи ис­моилия ворид гашта, даст ба домани мир занад ва аз ӯ таълим гирад. Исмоилиён баъзе расмиятҳои исломиро сарзаниш карда, онҳоро ба тарзи худ тавзеҳ медоданд. Онҳо ҳар гуна догмаҳои диниро рад карда, итминон доштанд, ки ҳар кас бояд чунин нуқтаи назареро интихоб намояд, ки ба ақли ӯ мувофиқат кунад. Охирҳои асри XI аввалҳои асри XII нишонакои қасосгирӣ дар ҳаракат Исмоилия назаррас шуданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бештар оиди Исмоилия –>>

Исмоилия


Исмоилия чист? Маълумот дар бораи Исмоилия, Исмоили чист? Бо забони точики, реферат, исмаилия на таджикском языке.

ҚаблӣШаҳрсозӣ дар асрҳои XI-XIII
БаъдӣҚарматия