Машғулияти одамони ибтидоӣ

Машгулияти одамони ибтидои.


Чорводорони  ибтидоӣ

ЧОРВОДОРОНИ  ИБТИДОӢ. Аввалин ҳайвони ромкардаи инсон саг аст. Дар ибтидо сагҳо дар гирду атрофи деҳаҳо бесоҳиб мегаштанд ва рӯзашонро бо хӯрдани хӯроки пасмондаи одамон мегузарониданд. Вақте ки сагҳо беист аккос зада, безобита мешуданд, одамон пай мебурданд, ки ҳайвонҳои дарранда ба манзили онҳо наздик шудаанд. Ҳамин тавр, саг дӯсти вафодори инсон шуд. Ҳангоми шикор саг ҳайвонҳои даррандаро таъқиб карда, ба соҳиби худ ёрӣ мерасонд.

Одамони ибтидоӣ аввалин ромкунандагони ҳайвонот буданд. Шикорчиён ҳайвонҳои ёбоиро шикор карда, бачаҳои онҳоро ба хона оварда, ром мекарданд. Вақте ки шикорчиён аз шикор ба хонаашон бебарор бармегаштанд, ноилоҷ гӯшти чорвои хонагиро истеъмол мекарданд.

Бо гузашти ҳазорсолаҳои зиёд чорводорӣ ҳамчун соҳаи асосии машғулияти як қисми одамони ҷамоаи ибтидоӣ гардид. Зарурати захира кардани хӯрокворӣ одамонро водор сохт, ки ба парвариши гов, гӯсфанд, буз ва ҳайвонҳои дигар машғул шаванд. Лекин баъд аз ин ҳам, чорводорон муддати дуру дароз аз баҳри машғулияти пештараашон – шикор ва моҳидорӣ баромаданд.

Аз сохти модаршоҳӣ ба сохти падаршоҳӣ гузаштан ҳам маҳз ба рушди чорводорӣ, ки асосан кори мардон буд, алоқаманд аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Зироаткорӣ дар давраи ибтидоӣ

ЗИРОАТКОРӢ. Дар ҷануби кураи Замин кишоварзӣ хеле барвақт – ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои VII–VI то милод ба вуҷуд омадааст, ки ин сабаб дорад. Ҷануби кураи Замин нисбат ба шимоли он гармтар ва барои зироаткорӣ мусоид буд. Ба ҷамъоварии рустаниҳои хӯрданибоб, асосан, занон машғул буданд.

Расми 13. Зани каландчадор
Расми 13. Зани каландчадор

Ҳангоми иҷрои ин кор онҳо пай бурданд, ки аз донаҳои ба замин афтидаи ғалладона ҳосили нав мерӯяд. Бо ҳамин, занҳо зироаткориро кашф карданд. Акнун занҳо тухми зироатро корида, аз он ҳосили нав мерӯёнданд. Дар зироаткорӣ мардҳо ба занҳо ёрӣ мерасонданд.

Расми 14. Табари сангӣ.
Расми 14. Табари сангӣ.

Заминро аз дарахту буттазорҳо тоза карда, барои киштукори ғалладона омода месохтанд.

Барои зироаткорӣ табар, каланд ва дос лозим буд. Одамон санги нӯгтезро ба нӯги чӯбдаст баста табар месохтанд. Каландчаи одамони қадим аз чӯби нӯгаш каҷ ва ё чӯбдастаи дар нӯгаш санги тез ва ё устухондор иборат буд. Занҳо бо чунин «каланд» заминро нарм карда, ба он тухмӣ мепошиданд. Ҳамин тавр, одамони ибтидоӣ аз захира намудани хӯрокворӣ ба истеҳсоли он cap карданд.


Косибӣ дар давраи ибтидоӣ

КОСИБӢ. Дар баробари ба вуҷуд омадани чорводорӣ ва зироаткорӣ одамон боз ба касбу ҳунар ҳам машғул мешуданд. Одамони машғули касбу ҳунарро косиб меноманд. Косибони ибтидоӣ барои рӯзгор ҳар гуна олоти меҳнат ва ашё месохтанд.

Кишоварзон ва косибон дар наздикии қитъаҳои заминашон умр ба cap мебурданд. Одамоне, ки дар як ҷойи доимӣ зиндагонӣ мекарданд, номи сокинони муқимиро гирифтанд. Шароити зиндагии сокинони муқимӣ сабабгори пешравии косибӣ гардид. Одамон қариб 7 ҳазор сол муқаддам пармаю  суфтакунии сангро азхуд карда буданд. Дар он давра кулолӣ ҳам ба вуҷуд омад. Одамони қадим аз гил кӯза, хурмача, коса ва ҳар гуна зарфҳои  дигар сохта, онҳоро бо оташ обутоб медоданд. Аз гилу peг сохтани танӯрро ҳам ёд гирифтанд.

Расми 15. Доси аз шох сохташудаи дандонаҳояш сангӣ
Расми 15. Доси аз шох сохташудаи дандонаҳояш сангӣ

Нахи зағир ҳарчанд бадошт бошад ҳам, одамон аз он газвор мебофтанд. Ҳосилнокии кори бофандагони қадим ниҳоят паст буд, чунки афзори меҳнати онҳо хеле одӣ буда, кор дастӣ иҷро карда мешуд. Як бофандаи замони мо дар зарфи 8 соати корӣ бо техникаи имрӯза ҳамон қадар матоъ мебофад, ки онро 500 нафар занони қадим дар як рӯз бофта метавонистанд. Дар ҳазорсолаҳои VI-IV пеш аз милод одамон ба истифодаи мис шурӯъ карданд.

Олоти меҳнате, ки аз мис тайёр карда  мешуд, нисбат ба афзорҳои сангӣ мустаҳкамтар буд. Косибони қадим усули тайёр кардани биринҷиро азхуд карданд. Биринҷӣ барои сохтани олоти кори пурмаҳсул мусоидтар буд.

Расми 16. Дастгоҳи қадимаи бофандагӣ
Расми 16. Дастгоҳи қадимаи бофандагӣ

Тахминан дар ҳазорсолаи II ва аввалҳои ҳазорсолаи I пеш аз милод истифодаи оҳан ҳам оғоз ёфт.


Чамоаи хамсоя ва оила

ҶАМОАИ ҲАМСОЯ ВА ОИЛА. Чӣ тавре ки дидем, одамон тадриҷан сохтани афзорҳои мукаммалтари меҳнатро ёд гирифтанд. Ба туфайли ин акнун оилаҳо метавонистанд алоҳидаалоҳида зиндагӣ карда, хоҷагиашонро мустақилона пеш баранд, заминро бо

сипор шудгор карда, ғалла кошта, онро нигоҳубин ва ҷамъоварӣ кунанд.

Оила маҳсулоти изофамондаи ғалладонаро ба дос, табар, корд, оҳани сипор, зарфҳо ва ашёи дигар иваз мекард. Ин кор мустақилияти оиларо зиёдтар намуд. Аз ҳамин сабаб, оилаҳои алоҳида оҳиста-оҳиста аз ҷамоаҳои авлодӣ баромада, дар ҳамсоягӣ сокин мешуданд ва рӯзгори худро пеш мебурданд. Дар ин давра  ҳанӯз қисми зиёди замин ба тамоми аъзоёни ҷамоа тааллуқ дошт. Аъзои ҷамоа метавонистанд чорвои худро дар он ҷо чаронанд, дар ҷангал шикор ва дар кӯлу дарёҳо моҳидорӣ кунанд, барои пухтани ғизо аз ҷангал ҳезум биёранд.

Расми 17. Деҳаи зироаткорон ва чорводорон
Расми 17. Деҳаи зироаткорон ва чорводорон

Ҳар як оилаи аз ҷамоаи авлодӣ баромада  чорво ва олоти корӣ дошт. Ба воситаи онҳо дар қитьаи замини худ киштукор мекард. Ҳосили аз ин замин гирифтааш аз оила буд.

Чӣ тавре ки маълум шуд, одамони ҷамоаи ҳамсоя, ки онҳоро деҳқонони ҷамоавӣ меномиданд, дар ду замин кор мекарданд – дар замине, ки ба ҳамаи аъзои ҷамоа тааллуқ дошт ва дар қитъаи замини худ.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи такмили олоти меҳнат хоҷагиҳои калони ҷамоаҳои авлодӣ ба хоҷагиҳои хурди оилавӣ табдил ёфтанд. Дар натиҷаи ин ҷамоаи авлодӣ барҳам хӯрда, ба ҷойи он ҷамоаи ҳамсоя ба вуҷуд омад. Ин падида дар ташаккули одамон назар ба ҷамоаи авлодӣ қадаме ба пеш буд.


САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Одамони кадим кадом ҳайвонҳоро ром карданд?
  2. Чаро одамони қадим ба чорвопарварӣ машғул шуданд?
  3. Кишоварзӣ чӣ тавр ба вуҷуд омад? Аҳамияти он аз чӣ иборат аст?
  4. Киҳоро косиб меноманд?
  5. Дар асри санг кадом навъҳои косибӣ ба вуҷуд омаданд?
  6. Дар бораи ягон навъи косибии одамони ҷамоаи ибтидоӣ нақл кунед.
  7. Фарқи ҷамоаи авлодӣ аз ҷамоаи ҳамсоя дар чист?
  8. Чаро ҷамоаҳои  авлодӣ  барҳам  хӯрданд?  Фаҳмонед,  ки ҷамоаҳои ҳамсоя чӣ тавр ба вуҷуд омаданд?
  9. Ҷамоаҳои ҳамсоя нисбат ба ҷамоаҳои авлодӣ чӣ бартарӣ доштанд?
ҚаблӣСанъати одамони ибтидоӣ. Дини одами ибтидоӣ
БаъдӣБарҳамхӯрии ҷамоаи ибтидоӣ / Бархамхурии  чамоаи  ибтидои