Душ сармаст ба гулгашт саҳаргаҳ шуда будам (174 калима дар 4 мисраъ)

Ҳунари баланди муаллифи ин мисраҳои поён гувоҳи он аст, ки тавонистааст 174 калимаро дар қолаби 4 мисраъи шеърӣ ғунҷонад. Дар ҳақиқат ин санъати сухан аст.


Дӯш сармаст ба гулгашт саҳаргаҳ шуда будам, ки яке  сарвқаде, лоларухе, ҳуру парӣ, лабшакаре, симбаре, турфанигоре, ки хиромидану рафтору шакархандаву гуфтору ду чашмаш ба фусун – ҳар як аз инҳо ба ҷудоӣ бирабояд зи ошиқ дилу ҷонро.

Гуфтам: эй ҷони ҷаҳон, сарви равон, мурмиён, пистадаҳон, абрукамон, ҷумла ҷаҳон сарфи кадамҳои ту созам, агар аз роҳи яқин банданавозӣ бикунӣ, бар сару чашмам қадаме ранҷа намоӣ, ки бувад боиси хушҳолию фархундагию айни сарафрозии  ин мухлиси дерини шуморо.

Охируламр ба сад нозу карашма ба хиромидану рафтор даромад, ки ту гӯӣ магар ин кабки дарӣ ё ки тазарвест, ки дар боғи синон ҷилвакунон бо ҳаракоту саканоту ба табассум ҳамагӣ сайд кунад шоҳу гадоро.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар таҳи гулбуни наврустаи пероста бинишасту бигуфто, ки ҳало, ошиқи побастаи ман, пеш биёр, он чи ту дорӣ зи шаробу зи кабобу газак аз қанду наботу шакару себу анору биҳию олуву шафтолуву гулқанд, зи ҳар навъ ки бошад, ба назар ор, ки то ҳар ду ба ҳам хандазанон, айшкунон ҷуръа бинушему хурушем, ки кайфияту шавқи дигар аст ин майи гулталъати фархундаи монанди шафақ сурхлиқоро.

Манбаъ: navju.tj


Калидвожа (Keywords): Душ сармаст ба гулгашт сахаргах шуда будам, Душ сармаст ба гулгашт сахаргох шуда будам, шеъри ачиб.

ҚаблӣМоҳият ва усулҳои идоракунии молиявӣ
БаъдӣБанақшагирӣ ва пешгуии молиявӣ