Шапалаки абрешим. Кирмакпарвари. Шапалаки абрешим – хайвони хонаги. Парвариши кирмак.
Шапалаки абрешим – ҳайвони хонагӣ
Шапалаки абрешим сафед буда, андозаи баданаш миёна аст (расми 113). Кирмакҳои вай пеш аз зоча шудан аз нахи абрешимӣ пила метананд. Дар кирмак ғадуди луобҷудокунанда мавҷуд аст. Луоби аз ғадуд ҷудошуда тавассути лаби поёни кирмак ба берун мебарояд. Луоб дар ҳаво сахт шуда, ба нахи абрешим табдил меёбад.

Одамон аз давраҳои хеле қадим ба шапалаки абрешим рағбат дошта, онро аввалин бор дар Чин хонагӣ карданд. Онҳо аз насл ба насл барои гирифтани тухм шапалакҳоро нигоҳ медоштанд. Болҳои ин шапалак суст тараққӣ карда тухми зиёд мегузорад. Дар натиҷаи тадриҷан хонагӣ кардан шапалаки модина қобилияти парвоз карданро гум кардааст. Ин хусусият нигоҳ доштани онҳоро осон кард. Усули интихоб карда гирифтани пилаҳои калонандоза ба он оварда расонд, ки бо мурури замон нахҳои он хеле дарозтар шуд (то 1000м ва аз ин ҳам зиёд). Дар даҳсолаҳои охир олимони селексионер зиёда аз 50 навъи шапалаки абрешимро ба вуҷуд оварданд, ки онҳо аз ҷиҳати андозаи пила, ранг, дарозӣ Пила ва сифати нах аз якдигар фарқ мекунанд. Кирмакпарварӣ дар ҳамон минтақаҳое вуҷуд дорад, ки дар он ҷо дарахти тут месабзад.
Кирмак, асосан, барги дарахти тутро ба сифати ғизо истифода мебарад.
Парвариши кирмак
Модинаи шапалаки абрешим 300-600 адад тухм мемонад. Тухмҳо бо пардаи хитинии сахт пӯшида буда, онҳоро грен меноманд.
Барои парвариши кирмак асбобҳои махсуси аз қабатҳои пардагӣ иборатбударо тайёр мекун анд. Грен (тухм)-ро сара ввал дар рӯйи варақи қоғази тоза монда, ҳарорати муайян муҳайё мекунанд. Пас аз 8-10 рӯз аз тухмҳо кирмакҳои майдаи сиёҳи хокистарранг мебароянд. Дар ҳамин давра ба онҳо барги майда буридаи дарахти тутро медиҳанд. Баъдтар ба рӯйи кирмакҳо варақи калони коғаз ё навдаи дарози тут мемонанд. Кирмакҳо хазида ба онҳо мебароянд. Кирмакҳо калон шуда, пӯст мепартоянд. Пас аз чорум бор пӯст партофтан, дар қабатҳо (чапарҳо) дастаи хушки панҷадор (пилатанак)-ро мемонанд. Кирмакҳо дар онҳо пила танида, зоча мешаванд.
Дар хоҷагиҳои пешқадами кирмакпарварӣ аз 25 грамм грен то 70-80 кг пила мегиранд. Пиларо ҷамъ карда, дар ҷойи махсус ба воситаи буғи сӯзони об зочаҳоро мекушанд. Пас аз ин пилаҳоро ба фабрика мефиристанд. Дар он ҷо пиларо бо буғи оби гарм кор карда баромада, нахи пиларо дар мошинҳои махсус мепечонанд. Нах барои тайёр кар дани матои шоҳӣ, зочаҳои мурда бошанд, ҳамчун ғизо барои ҳайвоноти хоҷагӣ равон карда мешаванд. Як қисми пиларо аз дастакҳо ҷамъ карда, барои гирифтани шапалак ва сипас тухмро дар марказҳои гренҷамъкунӣ нигоҳ медоранд.
Хулоса
- Типи буғумпойҳо калонтарин типи олами ҳайвонот буда, зиёда аз 1,5 млн намуд дорад.
- Ин тип се зертип дошта, намояндагони ин зертипҳо дар муҳити обӣ, хушкӣ ва ҳаво зиндагӣ мекунанд.
- Сабаби дар табиат бисёр паҳн шудани намудҳои буғумпойҳо он аст, ки онҳо худро ба шароитҳои гуногун ва хӯрокҳои мухталиф мутобиқ кардаанд, инчунин, рӯйпӯши хитинии бадан онҳоро аз ҳама гуна шароитҳои номусоид ҳифз мекунад.
- Дар байни намудҳои типи буғумпойҳо намудҳои за- раррасон, фоидарасон, муфтхӯр ва бетараф зиёданд.
- Заҳри баъзе намудҳои тортанакҳо барои инсон ва ҳайвон хавфи калон дорад.
- Дар олами ҳайвонот аввалин бор қобилияти парвоз дар ҳашарот пайдо шудааст, ки ба ҳамин тип мансуб аст.
- Синфи калонтарини типи буғумпойҳо ҳашарот буда, аз миқдори умумии намояндагони тип 90%-аш ба ҳашарот мансуб аст.
- Баъзе намудҳо, кирмаки абрешим, занбӯри асал аҳамияти калони саноатӣ дошта, ба типи буғумпойҳо дохил мешаванд.
- Буғумпойҳо аз ҳалқакирмҳо пайдо шудаанд.
Оё медонед?
Нонхӯракҳо ба хунукӣ тобовар набуда, дар ҳарорати – 5 °С баъд аз 30 дақиқа, дар ҳарорати –7 °С баъд аз 1 дақиқа мемиранд. Нонхӯракҳо ҳашароти хеле қадима буда, боқимондаи онҳоро дар қабатҳои 300-400 млн сол пешпайдошудаи Замин ёфта истодаанд. Малах хӯроки дӯстдоштаи гӯсфанд, асп, фил ва дигар ҳайвонот мебошад.
Баъзе сӯзанакҳо дар як соат 100-150 км парвоз мекунанд. Хӯрокро сӯзанак дар вақти парвоз дошта мехӯрад. Кирмаки гамбӯски гӯрков хеле тез инкишоф меёбад, дар 7 соат вазнаш 2 маротиба зиёд мешавад.
Як намуди шапалак, ки монарх ном дорад, то 3 ҳазор км парвоз мекунад. Зимистон баъзе шапалакҳо дар ҳолати оромӣ то ҳарорати – 80° зинда мемонанд.
Магас баъди 3 рӯзи аз зоча баромадан, ба тухммонӣ оғоз карда, дар як тобистони гарм то 9 бор насл медиҳад ва дар натиҷа 5 трлн фарди магас пайдо мешавад.
Мӯрча шираи ширинчаҳоро мемакад, онҳоро аз ҳашароти даранда ҳифз мекунад, барои онҳо ҳатто аз хок ё дигар маводҳо паноҳгоҳ месозад ва онро ҳифз мекунад. Дар мавриди таҳдиди ягон хатар ширинчаро гирифта мегурезад. Мӯрча фарди аз дигар оилаи мӯрча бударо дар хонаи худ ба сифати ғулом истифода мебарад.
Саволҳо
- Аҳамияти кирмакпарварӣ аз чӣ иборат аст?
- Чаро шапалаки абрешимро ҳайвони хонагӣ гуфтан мумкин аст?
- Кирмаки абрешимро чӣ тавр парвариш мекунанд?
Тестҳо
- Дар кадом мамлакат аввалин бор шапалаки абрешим хонагӣ карда шудааст?
А) Миср; Б) Чин; В) Ҳиндустон; Г) Шом.
- Модинаи шапалаки абрешим чанд дона тухм мегузорад?
А) 1 то 10; Б) 300 то 600; В) 700 то 1000; Г) 1000 то 10000.
- Грен гуфта кадом давраи ҳаёти шапалаки пиларо меноманд?
А) тухм; Б) кирмина; В) зоча; Г) фарди болиғ.