Барҳамхӯрии ҷамоаи ибтидоӣ / Бархамхурии  чамоаи  ибтидои

Бархамхурии чамоаи ибтидои. Пешрафти чамоаи ибтидои


ПЕШРАФТИ ҶАМОАИ ИБТИДОӢ. Ҷамоаи ибтидоӣ тахминан 2,5 миллион сол давом кардааст. Он ба ду давра – давраи рушд ва давраи таназзулёбӣ ҷудо мешавад.

Расми 18. Сипори қадимтарин
Расми 18. Сипори қадимтарин

Дар давраи аввал касе моликият надошт ва онро аз они худ ҳам карда наметавонист. Замин, ҷангал, олоти меҳнат, ҳайвонҳои шикоршуда ва ё хонагӣ, манзил ва ғайра ба ҳамаи аъзои ҷамоа – тӯдаи одамон, ҷамоаи авлодӣ тааллуқ доштанд. Дар ин давра зиндагии одамон ниҳоят мушкил буд, зеро он ба табиат сахт вобаста буд. Ба одамон лозим меомад, ки худро аз офатҳои табиӣ муҳофизат кунанд, барои рӯзгузаронӣ ба қадри зарурӣ хӯрокворӣ пайдо намоянд. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, шикор мекарданд. Ҷойи зисти умумӣ доштанд. Ин ҳам барои ёфтани ризқу рӯзӣ ва ҳам барои аз даррандагон муҳофизат кардани одамон хеле мувофиқ буд.

Пешрафти ҷамоаи ибтидоӣ аз он cap шуд, ки одамон сохтани афзори меҳнатро ёд гирифтанд. Маҳз тавассути афзори меҳнат одамони ибтидоӣ чизи барояшон зарурро ба даст медароварданд: маҳсулот меғундоштанд, моҳию ҳайвонотро шикор мекарданд, ба зироатпарварӣ машғул мешуданд ва ғайра.

Садҳо ва ҳазорҳо сол пайи ҳам мегузаштанд. Одамон давра ба давра тавассути тасаввурот олоти кориро такмил медоданд ва таҷрибаи зиндагӣ ғун мекарданд. Дар натиҷаи ин маҳсули меҳнати одамони қадим каму беш зиёд шуд. Фаъолияти корӣ дасту бозу ва тафаккури одамони ибтидоиро ташаккул дод.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Пайдоиши чорводорӣ ва зироатпарварӣ имкон дод, ки захираи озуқа зиёд карда шавад. Ин шуғли одамони ибтидоӣ ба пайдоиш ва пешрафти косибӣ кумак расонд. Барои чорводорон ва зироатпарварон олоти гуногуни корӣ зарур буд ва онҳоро косибон сохта, бо чорво ва ғалладона иваз мекарданд.


Таназзули чамоаи ибтидои

ТАНАЗЗУЛИ ҶАМОАИ ИБТИДОӢ. Дар баробари такмилёбии олоти меҳнат ва сермаҳсул гаштани он вобастагии одамон ба ҷамоаи авлодӣ торафт камтар мешуд. Акнун одамон метавонистанд худашонро бо озуқа таъмин намуда, ба оилаҳои хеш ғамхорӣ кунанд. Барои ҳамин ҷамоаи авлодӣ оҳиста-оҳиста ҷояшро ба ҷамоаи ҳамсоя медиҳад.

Одамон дар ҷамоаи ҳамсоя сокин шуда, рӯзгори худро мустақилона пеш мебурданд. Дар баробари ин, онҳо дар қабилаҳо мондан гирифтанд, зеро ҳифзи авлоду оилаҳо аз тарафи қабилаҳо зарур буд, дар акси ҳол худро аз ҳуҷум ва талаву тороҷи қавмҳои дигар муҳофизат карда наметавонистанд. Он замон давлат ҳанӯз вуҷуд надошт,  ки ин вазифаро иҷро кунад.

Истифодаи мис ва биринҷӣ таназзули ҷамоаи ибтидоиро ба вуҷуд овард. Аз мис ва биринҷӣ афзорҳое сохта мешуданд, ки нисбат ба олоти кории сангиву чӯбин сахттару сермаҳсултар буданд.

Ба ҷойи табари сангӣ табари мисин ва баъд биринҷӣ, корд, дос, найза ва олоти дигари кории биринҷӣ сохта шуданд. Ин навгонӣ меҳнати одамонро чандин маротиба осонтар ва маҳсулноктар гардонд.

Дар ҳамин давра нобаробарии молумулкии одамон амри воқеӣ шуд. Бо гузашти вақт на ҳамаи аъзоёни ҷамоаи ҳамсоя осудаҳол шуданд. Қисми бо кор унсгирифтаю меҳнатдӯсти он аз зироатпарварӣ, чорводорӣ ва косибӣ маҳсулоти бештар гирифта, ба табақаи осудаҳоли қабилаҳо табдил ёфт. Қисми дигари аъзоёни ҷамоаи ҳамсоя камбағал мондан гирифт. Танҳо як қисми ками аъзоёни ҷамоаи ҳамсоя ба табақаи доро табдил гардиданд.

Ҷараёни ба табақаҳо тақсимшавии одамон ва ба вуҷуд омадани нобаробарии молумулкӣ рафти барҳамхӯрии ҷомеаи ибтидоиро тезонид.


Бархамхурии  чамоаи  ибтидои

БАРҲАМХӮРИИ  ҶАМОАИ  ИБТИДОӢ. Дар ҳазорсолаҳои IV-III пеш аз милод барҳамхӯрии ҷомеаи ибтидоӣ оғоз меёбад. Ин падида дар тамоми ҷаҳон дар як вақт сурат нагирифта, дар як минтақа барвақттар ва дар минтақаи дигар дертар ба амал омад.

Дар натиҷаи беҳтаршавии сифати олоти кор ва ғункунии таҷрибаю малакаи меҳнатии одамони ибтидоӣ ҳосилнокии меҳнат даҳҳо маротиба афзуда, маҳсулоти изофа пайдо шуд. Пешвоёни қабилаҳо ва аъёну ашроф онро азхуд мекарданд.

Ба онҳо муяссар гардид, ки заминҳои беҳтаринро ба даст дароранд, саршумори чорвояшонро зиёд кунанд, устохонаҳои хурди косибӣ созанд; кишоварзон, чорводорон ва косибонро ба нафъи худ кор фармоянд. Ин ҳама дороӣ қудрати пешвоёни қабилаҳо ва ашрофро боло бурд.


Бавучудоии давлат

БАВУҶУДОИИ ДАВЛАТ. Пешвоёни қабилаҳо ва ашрофон ҳамқавмҳои худро қарздор карда, ба тобеони худ табдил медоданд. Аъзоёни ҷомеа аз рӯйи дороӣ мунтазам ба табақаҳо тақсим шуданд. Ба табақаҳо тақсимшавии ҷомеа сабаби ба вуҷуд омадани давлат шуд. Як қисми давлатҳои аввалин ғуломдорӣ буданд. Дар ин давлатҳо замин, устохонаҳои косибӣ, ҷангал, тиҷорат, сарвати мамлакат ва ғуломон моликияти ғуломдорон буданд ва ин давлатҳо асосан ба ғуломдорон хизмат мекарданд.

Барои идора кардани давлати ғуломдорӣ аз лашкар, посбо-

нон, миршабон, зиндонҳо, зиндонбонҳо ва ғайра истифода бурда  мешуданд. Давлат ва ғуломдорон ба мардум андоз бор карда, меҳнати маҷбурии бепули ғуломонро ба роҳ монда қонунҳои давлати ғуломдориро ба нафъи худ таҳия ва истифода мекарданд.

Расми 20. Зарфи нуқрагин
Расми 20. Зарфи нуқрагин

Дар ҳамин давра давлатҳое низ ташкил ёфтанд, ки ғуломдорӣ набуданд. Бо мурури замон ин давлатҳо ба давлатҳои феодалӣ табдил  ёфтанд. Мардум дар ин давлатҳо ба табақаҳои сарватманд ва камбағал тақсим шуданд. Дар давлатҳои феодалии дунёи қадим ҳокимият дар дасти феодалҳо буд.

Ҳамин тариқ, ҷамоаи ибтидоӣ барҳам хӯрда, ба ҷойи он давлатҳо ба вуҷуд омаданд  ва инсоният ба давраи таърих ворид гардид.


САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар бораи пешравии ҷамоаи ибтидоӣ чиҳо гуфта метавонед?
  2. Таназзули ҷамоаи ибтидоиро шарҳ диҳед.
  3. Ҳосилнокии меҳнат дар натиҷаи чӣ афзуд?
  4. Чаро дар ҷамоаи ибтидоӣ нобаробарии молумулкӣ ба вуҷуд омад?
  5. Сабабҳои барҳамхӯрии ҷамоаи ибтидоиро гуфта диҳед.
  6. Табақаҳо ва давлатҳо чӣ тавр пайдо шуданд?
  7. Баъди барҳамхӯрии ҷамоаи ибтидоӣ чӣ хел давлатҳо ба вуҷуд омаданд?

ҚаблӣМашғулияти одамони ибтидоӣ
БаъдӣБавуҷудоии давлат / Бавучудоии давлат