Вазъияти сиёси ва хаёти мадани-адаби дар асри XX

Вазъияти сиёси ва хаёти мадани-адаби дар асри XX – 20. Иншо, эссе, адабиёти точик дар асри 20.


Мавзӯъ: Вазъияти сиёсӣ ва ҳаёти маданӣ-адабӣ дар асри XX

Нақша:

Муқаддима

  1. Вазъиягги сиёсӣ дар асри XX
  2. Ҳаёти маданй ва адабй дар ин давра

Хулоса

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Адабиёти пешазинқилобии тоҷик дувоздаҳ соли арафаи Инқилоби Октябрро фаро гирифтааст. Ин давраи адабиёт дар ҳаёти халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар ҳаёти мардуми мо ҳам аз ҷиҳати вусъати ҳодисаву воқеаҳои сиёсию таърихй ва ҳам аз нигоҳи гуногунии мавзӯъ мавқеи хеле муҳим дорад. Дуруст аст, ки сиёсати мустамликадории ҳукумати подшоҳй дар ин давра хеле афзуд. Дар як қатор шаҳрҳои Осиёи Миёна корхонаву муассисаҳои бузурги саноатию иқтисодй сохта шудаанд, ки дар онҳо дар баробари коргарони рус аз халқҳои маҳаллии табақаи меҳнаткаш низ кору фаъолият мекарданд. Ҳамин тариқ, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Осиёи Миёна як такони ҷиддие ва ё пешрафте мушоҳида карда мешавад. Вале, дар баробари ҳамаи ин, пешравиҳои сиёсиву иқтисодй аҳволи иқтисодию маишии мардуми меҳнаткаши Осиёи Миёна, бахусус тоҷикон, ниҳоят вазнин буд. Чунин аҳволи тоқатфарсо норозигӣ ва нафрати мардуми меҳнаткашро нисбат ба зулми мустамликавй ва ҳокимияти маҳаллӣ як бар чанд меафзуд. Бар замми ин, сарнагун шудани ҳокимияти подшоҳй дар Бухорои феодалй шӯру ҳаяҷони зиёде ба вуҷуд овард. Амир низ аз нест шудани ҳомии пурқувваттарини худ- иодшоҳи рус дар таре афтод ва аз он бими калоне дошт, ки ба зудй тахту салтанати ӯ низ мумкин аст сарнагун шавад. Аз тарафи дигар бошад, амири Бухоро на танҳо аз хурӯҷи табақаҳои меҳнаткаши аҳолй, балки аз хурӯҷи буржуазияи маҳаллй, ки бо номи ҳаракати ҷадидй маълум буд, дар биму ҳарос афтода буд. Ҳамаи ин бесарусомониҳо ба ҳаёти маданию адабй бетаъсир намонд.

Дар ин аср дар шаҳрҳои калонтарини Осиёи Миёна, монанди Самарканд, Тошканд матбааҳои китобчопкунй сохта шудаанд. Дар ин матбааҳо на танҳо асарҳои шоирону нависандагони асрҳои гузашта, балки осори адибону шоирони муосир низ ба табъ мерасиданд. Ба ин восита асарҳои Возеҳ, Афзалмахдум, рисолаи «Бадоеъуссаноеъ»-и Шоҳин, китоби саёҳатномаи Мирзо Сироҷ «Туҳафи аҳли Бухоро» ба чоп расиданд.

Дар баробари ин, дар шаҳрҳои Тошканду Самарканд, Фарғоиаву Андиҷон ба забонҳои тоҷикиву ӯзбакй нашри чандин рӯзномаву маҷаллаҳои даврй ба роҳ монда шуд. Дар шаҳри бостонии Самарканд, ки маркази илму маърифат буд, рӯзномаҳои «Оина» ва «Зарафшон», дар Бухоро бошад, рӯзномаи «Бухорои Шариф» ва ба ҳамин монанд чандин рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расиданд.

Тарзу услуби ҳар яке аз ин рӯзномаҳо гуногун буда, манфиати оммаи меҳнаткашро ҳимоя менамуданд. Аҳён-аҳён фикру андешаҳои танқидй низ чоп мешуданд. Ҳамаи ин дар байни мардум барои возеҳтару бештар паҳн намудани гояҳои маорифпарварии шоирону нависандагони ин аср, барои баланд бардоштани афкору гояҳои нав қадами ҷиддие ба пеш буд.

Хулоса, ҳамаи ин рӯзномаву маҷаллаҳо дар ҳаёти мардумони ин давр аҳамияти калон доштанд. Дар ҳаёти мадании ин давр бештар роҳ ёфтани забони руей, ба ин забон шиносой пайдо кардани табақаҳои гуногуни аҳолй ва ба ин васила бо адабиёти сиёсиву адабии русй шиносой пайдо кардани зиёиёни пешқадами он замон низ барои пешрафти умумии маданияту маориф аҳамияти назаррасе дошт.

Таъкид намудан лозим аст, ки барои пешрафти ҳаёти маданиву адабии Осиёи Миёна кушода шудани мактабҳои тарзу усули нав ва тарғибу ташвиқи ин мактабҳо дар байни аҳолии кишвар низ беаҳамият набуд.

Дар ин мактабҳо, асосан, илмҳое, ки бештар ба ҳаёту фаъолияти инсони фоидаву манфиатбахш буданд, омӯхта мешуданд. Ҳамаи ин пешравиҳо барои ояндаи миллату давлат ва шаҳрвандони он хеле муҳим буд.

ҚаблӣДавлатшохи Самарканди ва мероси адабии у
БаъдӣДостони «Дувалронӣ ва Хизрхон» – и Амир Хусрави Деҳлавӣ