Тарзи таҳлили ҷумлаи мураккаб

Дар ин мақола тарзи тахлили чумлаи мураккаб оварда мешавад, тарзи тахлили чумлаи муракаб инҷо хонед>>

забони точики, забони тоҷикӣ

Тартиби таҳлил:

  1. Хели ҷумла аз ҷиҳати сохт.

2.Тарзи алоқаи ҷумлаҳои сода дар таркиби ҷумлаҳои мураккаб.

  1. Воситаи алоқаманд шудани ҷумлаҳои сода.
  2. Аломатҳои китобат дар ҷумла.

Намунаи таҳлил: Вақте ки падарам аз шиносҳо дар бозор киҳоро диданамро пурсид, он одам ба ёдам омад… (С.Айнӣ).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Таҳлили шифоҳӣ: Ҷумла аз рӯйи оҳанг хабарӣ, аз рӯйи сохт мураккаб буда, аз ду ҷумлаи сода иборат аст. Дар ҷумлаи якум асос падарам (мубтадо) ва пурсид (хабар), дар ҷумлаи дуюм асос одам (мубтадо) ва ба ёдам омад (хабар) мебошанд.

Ҷумлаҳои сода ба ҳамдигар бо пайвандаки вақте ки алоқаманд ва бо аломати вергул аз ҳамдигар ҷудо карда шудаанд. Ҷумлаи мазкур ҷумлаи мураккаби тобеъ аст.

Таҳлили хаттӣ: Вақте ки падарам аз шиносҳо дар бозор киҳоро диданамро пурсид, он одам ба ёдам омад.

Пайвандакҳо дар ҷумлаи мураккаб

ҚаблӣПайвандакҳо дар ҷумлаи мураккаб
БаъдӣКасидаи «Модари май» ва шеъри мадҳия