Моҳияти ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ

Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар баробари ҳизбҳо инчунин ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ низ нақши фаъол мебозанд. Яке аз фарқиятҳои асосии ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ аз ҳизби сиёсӣ дар он ифода меёбад, ки онҳо барои ба даст овардани ҳокимият мубориза намебаранд. Аммо онҳо дар ҳалли як қатор масъалаҳои муҳимми ҷамъиятӣ саҳми арзанда гузошта, дар эъмори давлатӣ, хоҷагидорӣ ва иҷтимоию мадании ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Ташаккули низоми ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ аз рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гуногунрангии манфиатҳои ҷамъиятӣ дарак медиҳад.

Ташкилоти ҷамъиятӣ иттиҳоди ихтиёрии шаҳрвандоне мебошад, ки дар асоси манфиатҳои умумӣ ташкил меёбад ва дорои сохтори устувор мебошад. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ дорои оиннома, дастгоҳи махсуси идорӣ, таркиби устувор ва аъзоёни худ мебошанд.

Ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ иттиҳодияҳои мазкурро дохил намудан мувофиқи мақсад аст: иттифоқҳои касаба, иттифоқҳои соҳибкорон, созмонҳои ветеранҳо, ҷавонон ва занон, ташкилотҳои динӣ ва кооперативӣ, иттифоқҳои эҷодӣ (иттифоқи нависандагон, иттифоқи композиторон, иттифоқи ҳунармандони театрӣ ва ғ.), ҷамъиятҳои гуногуни ихтиёрӣ (ҷамъиятҳои илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва ғ.). Ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз рӯйи фаъолияти ҳудуди худ ба чунин гурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд: ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ, минтақавӣ, дар ҳудуди мамлакат амалкунанда ва байналхалқӣ.

Ҳаракатҳои ҷамъиятӣ фаъолиятҳои якҷояи шаҳрвандоне мебошанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои ягона ташкил меёбанд. Чун қоида, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ сохтори маъмурӣ надошта, аъзоёни доимии бақайдгирифта низ надоранд. Ҳаракатҳои ҷамъиятӣ хусусияти оммавӣ дошта, доираи васеи табақаҳои иҷтимоиро фаро мегиранд ва шакли муайяни идеявӣ надоранд. Ҳамчунин, таркиби иҷтимоии ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ноустувор буда, худ ба худ ба вуҷуд омада, ташаккул меёбанд. Алоқаҳои аъзоёни ҳаракати ҷамъиятӣ дар доираи ин ва ё он ташкилот амалӣ нагардида, балки хусусияти идеявию сиёсӣ доранд.

Типологияи ҳаракатҳои ҷамъиятӣ аз рӯйи як қатор меъёрҳо муайян карда мешавад. Бинобар ин, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ аз рӯйи ҳадаф ва самти фаъолияти худ ба чунин навъҳо ҷудо мегарданд: ҳаракатҳои зиддиҳарбӣ, экологӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ; ҳаракатҳои ҷамъиятие, ки барои таъмини баробарҳуқуқии нажодӣ ва миллӣ ба вуҷуд омадаанд; ҳаракатҳое, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон ба амал омадаанд; ҳаракатҳои динӣ ва монанди инҳо.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Инчунин, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ дар муносибат бо сохтори мавҷудаи ҷамъиятӣ метавонанд ба чунин навъҳо ҷудо гарданд: ҳаракатҳои ҷамъиятии инқилобӣ, ислоҳотчигӣ, консервативӣ ва реаксионӣ. Ҳамчунин ҳаракатҳои ҷамъиятӣ аз рӯйи усул ва воситаҳои амалиёти худ ба ҳаракатҳои зӯроварона ва ғайризӯроварона ҷудо мегарданд.

Ҳаракатҳои ҷамъиятӣ дар асоси табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ ташаккул меёбанд. Масалан, як қатор ҳаракатҳои ҷамъиятӣ аз қабили ҳаракатҳои зиддиҳарбӣ, экологӣ, миллӣ-озодихоҳӣ ва монанди инҳо хусусияти ғайрисинфӣ доранд ва метавонанд доираи васеи гурӯҳҳои иҷтимоиро фаро гиранд. Аммо гурӯҳи дигари онҳо, аз ҷумла, ҳаракатҳои заҳматкашон, зиёиён, соҳибкорон ва монанди инҳо хусусияти синфӣ доранд. Ҳамчунин ҳаракатҳои ҷамъиятӣ метавонанд ба гурӯҳҳои синусолӣ низ ҷудо гарданд. Аз ҷумла ҳаракатҳои ҷамъиятии ҷавонон, занон, нафақахӯрон ва наврасон. Ҳаракатҳои ҷамъиятӣ аз рӯйи нишонаҳои касбӣ ба ҳаракатҳои олимон, духтурон, нависандагон ва монанди инҳо низ ҷудо мегарданд.

Бояд гуфт, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар аксар маврид шартан ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ҷудо карда мешаванд. Зеро бархе аз ҳаракатҳои ҷамъиятӣ дар натиҷаи устувор намудани таркиби иҷтимоӣ ва самтҳои фаъолияти худ тадриҷан ба ташкилоти ҷамъиятӣ табдил меёбанд. Як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ асоси ташаккулёбии ҳизби сиёсӣ мегарданд. Масалан, рушду инкишофи ҳаракатҳои экологӣ боиси ба вуҷуд омадан ва ташаккул ёфтани иттифоқ ва иттиҳодияҳои гуногуни экологӣ гардидаанд. Дар баъзе аз мамлакатҳо дар асоси ин гуна ҳаракат ва иттиҳодия ҳизбҳои «сабз» ба вуҷуд оварда шудаанд. Дар заминаи ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ ва фронтҳои халқии як қатор мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳизбҳои халқӣ-демократӣ ташаккул ёфтаанд.


Калидвожаҳо: хизб, хизби сиёси, хизбхои точикистон, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, Мохияти ташкилот ва харакатхои чамъияти

ҚаблӣҲизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар раванди дигаргуниҳои ҷомеа
БаъдӣНақши сиёсии ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ