Мол ва ҷанбаҳои асосии он

Мол, эҳёву ташаккул ва таҳаввули он, мустақиман бо хусусиятҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ вобаста мебошад. Дар шароити хоҷагиҳои натуралӣ аз сабаби маҳдуд будани доираи хоҷагиҳо ва бозор  неъматҳои моддӣ дар шакли маҳсулот мубодила (доду гирифт) карда мешаванд.

Таҳти маҳсулот неъматҳое фаҳмида мешаванд, ки талаботи инсонро қонеъ гардонанд. Он метавонад аз ҷониби табиат ҳам-чун неъматҳои тайёр (об, меваҳои худрӯй…) ё аз ҷониби одамон офарида шавад. Бинобар ин, маҳсулот метавонад маҳсули  меҳ-нат бошад ва бидуни мубодила талаботи инсонро қонеъ гардонад. Бо ибораи дигар, ҳамаи он неъматҳое, ки барои инсон манфиатнок мебошанд ва одамон онро барои қонеъ гардонидани ниёз ва эҳтиёҷи худ истифода мекунанд, маҳсулот номида мешавад. Одатан, маҳсулот дар доираи хоҷагиҳои хонадорӣ ҳунармандӣ, деҳқонӣ, яъне хоҷагиҳои натуралӣ истифода карда мешавад.

Дар шароити истеҳсолоти молӣ маҳсули меҳнат шакли молӣ мегирад. Дар натиҷаи амиқ гаштани тақсими ҷомеавии меҳнат, густариши тахассуси меҳнат ва мустақилияти молистеҳсол-кунандагон доираи талабот васеъ гашта, зарурат ба мубодила пайдо мешавад. Аз ин ҷо неъматҳо (маҳсулот) барои қонеъ гардонидани талаботи гурӯҳи дигари одамон, ҷомеа ва ғайра пешниҳод карда мешавад.

Арзиши маҳсулот дар ин ҳолат на барои тавлидгар, балки барои ашхоси дигар аҳамият пайдо мекунад. Бо ибораи дигар, дар шароити истеҳсолоти молӣ қиммати (арзиши) истеъмолии маҳсулоти алоҳида ба қиммат (арзиш)-и ҷамъиятии маҳсулот табдил меёбад. Охирон, дар мояи андоза ва меъёри тақозо ва арзаи молҳо бо воситаи бозор сурат мегирад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки мол ҳамчун неъмат ё худ маҳ-сулот бояд натиҷа (маҳсул)-и меҳнат бошад, ягон тарафи талаботи инсонро қонеъ гардонад. Новобаста аз масрафи меҳнати тавлидгарон, шумора, дараҷа ва сатҳи ҳосилнокию шиддатнокӣ ва самаранокии меҳнат онҳо барои мубодила (хариду фурӯш) бароварда мешаванд. Дар чорчӯбаи ин нигоришот шояд чунин таъриф ва тавсифи  маъмули мол ба маврид бошад. Мол неъмат ё худ маҳсулотест, ки бо меҳнати тавлидгарон офарида шуда, барои мубодила (хариду фурӯш) ва қонеъ гардондани талаби истеъмолгарон пешкаш (баррасӣ) карда мешавад.

Дар ин ҷо ду ҷанбаи асосӣ – манфиатнок будану қобилияти қонеъ гардондани талабот доштан ва натиҷаи меҳнат будану барои мубодила баровардан пеш аз ҳама ба чашм мерасад. Аз ин ҷиҳат, мутафаккирони олами иқтисод дар мол ду ҷанба-(хусусият)-и асосиро фарқ мекунанд:

1) қобилияти ин ё он талаби инсонро қонеъ гардондан – арзиши истеъмолӣ;

2) омодагӣ барои мубодила (натиҷаи меҳнат будан) – андозаи арзиши мол ё худ арзиши ивазшаванда доштан.

Хусусиятҳои духелаи мол (арзиши истеъмолӣ ва арзиш) дар иқтисоди сиёсии марксистӣ ҳамчун ихтироот ё ҷузъияти табаддулоти инқилобии К. Маркс эътироф карда мешавад.

Кунун муайян карда шудааст, ки ин “мӯъҷизот” ҳанӯз аз ҷониби олими Юнони Бостон – Арасту ва минбаъд мутафаккирони зиёде (А. Берунӣ, А.Сино, З.Розӣ, Ибн Халдун, А.Смит, Д.Рикардо, Т.Малтус…) мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Таҳти Арзиши истеъмолӣ асосан манфиатнокии неъматҳо ва хусусияти хосаи онҳо, ки қодир аст ин ё он ниёзу эҳтиёҷи мардумро қонеъ гардонад фаҳмида мешавад. Арзиши истеъмолӣ метавонад талаботи инсон (субъектҳои иқтисоди)-ро мустақим (нон, гӯшт, равган, талаботро ба хӯрдан…), ё худ ғайримустақим (нақлиёт, воситаҳои истеҳсолот…) қонеъ гардонад. Арзиши истеъмолии мол на барои қонеъ гардондани талаботи худи истеъмолкунанда, балки қонеъ гардондани талаботи шахсони дигар (субъектҳои иқтисодӣ) нигаронида мешавад. Аз ин лиҳоз, арзиши истеъмолии инфиродӣ ва арзиши истеъмолии ҷамъиятиро фарқ мекунанд. Масалан, сарвати ҷомеа ё худ захираҳои иқтисодӣ барои қонеъ гардондани талаботи аъзоёни ҷомеа  истифода карда мешавад.

Арзиши истеъмолии молҳо аз ҷиҳати сифат (нафънокӣ, хусусияти истифода) ва миқдор (вазн, ҳаҷм…) ҳархела буда, ба ҳам муқоисанашавандаанд ва манфиату судмандии якеро ба дигаре иваз кардан низ мумкин нест. Масалан, нафънокии пойафзол ва костюмро бо ягон асбоб чен кардан мумкин нест, ё худ костюмро ба ҷои пойафзол истифода кардан ҳам номумкин аст. Нонро бо шумора (дона), газворро бо метр, равғанро бо литр, роҳро бо километр… ҳисобу китоб мекунанд. Дар шакли чиз (натура), яъне миқдор онҳоро ба ҳам қиёс ва чен кардан аз имкон берун аст. Бинобар ин, қиёси онҳо на дар шакли зоҳирӣ (ҳаҷм, вазн, дарозӣ), балки сирати “ботинӣ”, яъне меҳнат ба назар гирифта мешавад. Маҳз меҳнат, яъне арзиши молҳо имкон медиҳад, ки молҳо ва манфиатнокии онҳо ба ҳам муқоиса карда шаванд.

Мувофиқи ақидаи К.Маркс, меҳнате, ки барои истеҳсоли мол(неъмат)-ҳо сарф карда шудааст, онро ба даст гирифтан, дидан, ҳис кардан, бӯй кардану ламс кардан имкон надорад. Аз ҳамин сабаб байни олимон оиди муайян кардани нақш ва мақоми онҳо дар олами иқтисод фикру андешаҳои мухталиф ҷой доранд.

Андешаи аввал ба назарияи меҳнатии арзиш такя менамояд. Ин назария сароғоз аз ҷониби А.Смит ва Д.Рикардо ва сониян  К.Маркс бо тамоми ҷузъият ҳаллу фасл карда шудааст. А.Смит арзишро ҳамчун меҳнати барои истеҳсоли  мол масраф карда шуда, яъне ҷамъи музди кор, фоида ва рентаи замин; Д.Рикардо ва Д.Р. Мак-Куллох – ҳамчун хароҷотҳои онро ба вуҷудоваран-да; Ж.Б. Сэй – манфиатнокии чизҳо; Д. Лодердель – тақозою арзаи молҳо тасаввур мекарданд. К. Маркс ва Ф. Энгельс дар асоси таҳлил ва ҷамъбасти ин қоидаҳо ба хулоса омаданд, ки арзиш шакли зоҳири(чизи)-и сарфи меҳнати таҷриди(абстракти)-и ҷомеавӣ буда, муносибати хароҷотро нисбат ба манфиатнокӣ ифода мекунад.

Тибқи ин назария истеҳсол ва мубодилаи мол дар асоси арзиш ҳамчун сарфи вақти зарурии ҷамъиятӣ ба роҳ монда мешавад. Вақти зарурии ҷамъиятӣ вақте мебошад, ки барои тайёр намудани мол дар шароити мӯътадили ҷамъиятии истеҳсол, дараҷаи миёнаи маҳорат ва шиддатнокии меҳнат дар ҷамъият харҷ карда мешавад.

Дар адабиёти иқтисодӣ баҳсу мунозира на фақат оиди мазмун ва мундариҷаи арзиш, балки андозаи он низ идома дорад. А.Смит ба ҳайси андоза(ченак)-и арзиш, баъзан вақти кории зарурии истеҳсоли молҳо ва баъзан арзиши меҳнат, Д. Рикардо бошад – вақти кории зарурии истеҳсоли молҳо дар шароити нисбатан бадтарини истеҳсолотро истифода намудаанд. С. Сисмонди – андозаи арзиши молро ҳамчун таносуби талаботи ҳамаи аъзоёни ҷамъият ва миқдори  меҳнате, ки қодир аст ин талаботро қонеъ гардонад, мефаҳмад. Иқтисоддонони муосир П. Самуэльсон, Б. Кларк ва дигарон – ташаккули нарх (арзиш)-ро ҳамчун натиҷаи интиҳоии хароҷот, яъне хароҷотҳои иловагие, ки барои истеҳсоли воҳид ё худ миқдори моли иловагӣ заруранд, баррасӣ менамоянд.

Андешаи дуввӯм дар мояи истифодаи назарияи манфиатнокии интиҳоии неъматҳо қомат рост мекунад. Ин назария сароғоз аз ҷониби марҷиналистон пешбарӣ карда шудааст.

Ба таври комил назарияи манфиатнокӣ аз ҷониби Э.Б. де Комдиляк, Ф.Голиани ва дигарон таҳлилу таҳқиқ карда шудааст. Мувофиқи ақидаи онҳо арзиш ва нархи молҳо на аз нуктаи назари сарфи меҳнати зарурии ҷамъиятӣ, балки аз манфиатнокии судбахши интиҳоии молҳо ва нодир буданашон ташкил карда мешавад.

Тарафдорони назарияи кунунии манфиатнокӣ У. Ҷевонс, А. Маршалл, Е. БемБаверк, К. Менгер, Ф.Визер, Л.Вальрас, В.Парето ва дигарон ақида доранд, ки манфиатнокии интиҳоии молҳои қиммати субъективӣ, яъне муносибатҳои байни одамонро нисбат ба чиз ифода мекунад. Арзиши субъективӣ бевосита ба нодир будани неъматҳо, ба андозаи захираҳои онҳо вобаста мебошад. Аз ин ҷиҳат онҳо ду намуди манфиатнокӣ:

а) абстрактӣ (таҷрид) ё худ манфиати асил (манфиати аз азал вуҷуд дошта) – қобилияти неъматҳо, ки ин ё он талаботро қонеъ мегардонад;

б) мушаххас эътироф кардани манфиатнокии неъматҳо аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ, аз нигоҳи захираҳою неъматҳо ва дараҷаи таъминот бо онҳоро фарқ мекунанд.

Онҳо ақида доранд, ки чӣ қадаре талабот зиёд  шудан гирад, ҳамон қадар дараҷаи таъминот баланд гардида, андозаи манфиатнокии индивидуалии молҳо пасттар мегардад. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як неъматҳои навбатии истеъмолшаванда, ки талаботи субъектҳои иқтисодиро қонеъ мегардонанд, нисбат ба манфиати аввала арзиши пасттар дорад. Хуллас, қиммати неъматҳо (молҳо) бо манфиатнокии интиҳоии ҳар як нусха(воҳид)-и истифодашаванда, ки талаботи начандон зарурии одамонро қонеъ мегардонад – вобаста мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҷонибдорони чӣ назарияи меҳнатии арзиш ва чӣ назарияи манфиатнокӣ, алоқамандӣ ва ягонагии “назарияи хароҷот” ва “назарияи манфиатнокии интиҳоӣ”-ро, гарчанде кӯшиш ба харҷ дода бошанд ҳам, таъмин карда натавонистанд. Ин аз он сабаб рух додааст, ки К.Маркс арзиши истеъмолии молро бидуни таҳлили амиқу ҳамаҷонибаи манфиатнокӣ, рақобат, тақозо, арза, нархҳои бозорӣ ва ғайра анҷом додааст. Тарафдорони назарияи манфиатнокӣ бошанд, баръакс – назарияи арзиши меҳнатии К.Марксро зери тозиёна гирифта, ҷузъиятҳои мол, алалхусус манфиатнокии онро вобаста ба бозор беинтиҳо ривоҷу равнақ доданд.

Ин ногуворӣ аз ҷониби асосгузори равияи кунунии назарияи қиммат (бақомандӣ) ва нарх А. Маршалл ҳаллу фасли худро нисбатан ёфтааст. А. Маршалл аз услуби кофтукови сарчашмаи ягонаи арзиш (меҳнат, манфиатнокӣ…) даст кашида, назарияи манфиатнокии интиҳоиро бо назарияи тақозо ва арза ва назарияи хароҷоти истеҳсолот (масраф) иттисол намуд. Бо ҳамин ягонагӣ ва ба ҳам вобаста будани манфиатнокӣ, тақозою арза, хароҷот ва нарх таъмин карда шуд.

Пас маълум мегардад, ки мол ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиро оиди манфиатнокию қонеъ гардонидани талабот ба неъматҳо, ташаккули хароҷот, истифодаи захираҳои маҳдудро дарбар гирифта, бо воситаи бозор хариду фурӯш карда мешавад. Ҳангоми ба даст овардани моли иқтисодӣ одамон ба ивази ҳаққ-(нарх)-и он миқдори муайяни пул медиҳанд (19, 77-84; 60,-66-70; 62,77-87).


Мол ва чанбахои асосии он

ҚаблӣНеъмат – мояи асосии истеҳсолоти молӣ
БаъдӣШаклҳои таърихии эҳё ва таҳаввули арзиш (пул)